Иштибоҳи таърихие, ки ислоҳ мехоҳад

Таҳлили хабарӣ

Иштибоҳи таърихие, ки ислоҳ мехоҳад

Ёддошти Бахтиёр Ҳамдамов

Дар даврони Шӯравӣ, чеҳрае хос аз миллати тоҷик дар зеҳни ҷомеа тасбит шуд; миллати шоир, сароянда ва мисли ин. Гӯё нақши тамаддунии моро амдан танҳо ба арсаи адабиёт, шеър, мусиқӣ ва суханварӣ маҳдуд сохта буданд. Ин тасвир чунон густарда таблиғ ва бозтавлид шуд, ки ба тадриҷ худи мо низ хештанро фақат аз ҳамин зовия медидем.

Шеъру тарона хондем, ба латофати каломи худ болидем ва оҳиста-оҳиста бахши дигари ҳувияти таърихии хешро ба фаромӯшӣ супурдем; бахше, ки дар радифи шеър ва адаб азамат дошт.

Дар миёни мардум ҳатто танзи талхе дар бораи ин мавзӯъ шакл гирифта буд. Нақл мекунанд, ки рӯзе академик Бобоҷон Ғафуров аз устод Садриддин Айнӣ пурсид:

— Устод, чаро дар ҷумҳурии мо хонаҳои фарҳанг месозанд, аммо дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя корхона ва маҷмааҳои саноатӣ?

Айнӣ бо ҳамон танзи ҳакимонааш посух дод:

— Чун дар марказ (Маскав) чунин тасаввуре ба вуҷуд омадааст, ки мо миллати дӯстдори сухан ва ҳамсоягони мо миллати коранд.

Аммо дар паси ин танз, ҳақиқате амиқ ва таърихӣ нуҳуфта буд. Мо воқеан таҳти таъсири ин тасвири илқошуда қарор гирифтем ва ба тадриҷ фаромӯш кардем, ки ниёкони мо на танҳо шоирони бузург, балки донишмандоне камназир буданд, ки пояҳои бисёре аз улуми ҷаҳонро бунёд гузоштанд.

Дар мактабу донишгоҳҳо ба мо мегуфтанд Умари Хайём шоири рубоиёти ҷовидона аст, аммо камтар касе медонист, ки ӯ яке аз дақиқтарин тақвимҳои таърихи башарро тарроҳӣ карда буд. Шумори андаке огоҳ буданд, ки Хайём нависандаи рисолаи «Фи бароҳини масоил алҷабр в –ал-муқобала» аст; асаре, ки дар он муодилаҳои дараҷаи сеюмро табақабандӣ карда, ба ҳалли онҳо пардохтааст. Ҳамчунин ӯ асари муҳими «Шарҳи мушкилоти мусодироти Уқлидус»-ро ба нигориш даровард.

Мо шефтаи мероси адабии Ибни Сино будем, аммо камтар дар бораи ин ҳақиқат сухан гуфта шуд, ки ӯ бунёнгузори тибби муосир ба шумор меравад ва осораш қарнҳо дар муътабартарин донишгоҳҳои Аврупо тадрис мешуд. Теъдоди осори таълифшудаи Ибни Сино ба 456 унвон мерасид. Имрӯз ҳудуди 162 асар аз ин мутафаккири бузург дар китобхонаҳои давлатӣ ва хусусии ҷаҳон нигаҳдорӣ мешавад, ки 23 асари он ба забони тоҷикӣ нигошта шудааст. Акнун пурсиш инҷост, ки чӣ теъдоде аз осори ӯ ба забони модариаш тарҷума ё мунташир шудааст?

Абӯрайҳони Берунӣ муаллифи беш аз 160 рисолаи илмӣ буд. Бисёре аз осори ӯ, аз ҷумла: «Китоб-ут-тафҳим лил авоили саноат-ут-танҷим»- фарогири масоили нуҷум, табиатшиносӣ, ҳисобу ҳандаса, ҳайат ва ҷуғрофияву назарияи тақвим, «Мо лил-Ҳинд» – роҷеъ ба мушоҳидаҳои сафари ў ба Ҳиндустон, «Китоби таҳдид ниҳоят-ул-амокин фӣ тасҳеҳи масофат-ил-масокин» – марбут ба соҳаи геодезию ҷуғрофӣ, «Осор-ул-боқия» асари таърихӣ-мардумшиносӣ, “Китоб-ус-сайдана фи-т-тиб”, «Қонуни Масъудӣ», ва мисли ин аз ҷониби Институти шарқшиносии ба номи Абӯрайҳони Берунии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Шуравии Ӯзбекистон дар солҳои 1966–1987 ба нашр расидаанд. Аммо агар иштибоҳ накунам, дар кишвари мо танҳо намунае аз навиштаҳои ӯ ба унвони “Осор-ул-боқия” солҳои 80 уми асри гузашта ба дасти хонанда расид.

Муҳаммад ибни Мӯсо Хоразмӣ донишманди бузурге буд, ки ҷаҳон ӯро ба ҳақ «падари ҷабр» (алгебра) меномад. Ӯ барои нахустин бор алгебраро ба дониши мустақил табдил кард, равишҳои ҳалли муодилаҳои хаттӣ ва дараҷаи дуюмро тадвин намуд ва шакли лотинии номи ӯ — Algoritmi — вожаи «алгоритм»-ро ба ҷаҳон бахшид. Имрӯз тамоми ҷаҳони рақамӣ, ҳуши маснӯъӣ ва фанновариҳои навин амалан бар мероси илмии ӯ устувор аст.

Ал Форобӣ файласуф ва донишноманависе буд, ки таъсире азим бар андешаи шарқӣ ва аврупоӣ гузошт. Осори ӯ бунёнҳои фикрии улуми қуруни вусторо шакл дод ва бар мутафаккироне чун Ибни Сино ва Ибни Рушд таъсири амиқ бар ҷой гузошт.

Фарғонӣ, ситорашинос ва ҷуғрофидони барҷастаи қарни нуҳуми милодӣ, курашакл будани заминро ба сурати илмӣ исбот кард ва устурлобро қарнҳо пеш аз Ренессанси Аврупо тавсеа дод.

Хоҷа Насириддини Тӯсӣ низ риёзидон, файласуф ва мунаҷҷими бузурге буд, ки бо таълифи асарҳои мондагор ва таъсиси расадхонаи Мароға саҳми бузурге дар пешрафти мусалласот (бахше аз риёзиёт) ва улуми дақиқ дошт.

Ва ин танҳо бахше аз мероси азими фикрии тамаддуни мост…

Имрӯз замони он фаро расидааст, ки адолати таърихӣ барқарор шавад. Насли ҷадид бояд бидонад ниёконаш чӣ касоне буданд ва чӣ нақше дар шаклгирии илм ва тамаддуни ҷаҳонӣ доштанд. Фарзандони мо бояд дарк кунанд, ки миллати тоҷик на танҳо шоирони бузург, балки риёзидонон, пизишкон, мунаҷҷимон, файласуфон ва мутафаккирони нобиға ба ҷаҳон арза кардааст, ки андешаҳои онҳо қарнҳо ҷилавтар ва фаротар аз замони худ рафтааст.

Имрӯз барои ноил шудан ба ин ҳадаф, яъне муаррифии саҳми арзишманди миллати тоҷик дар тамаддуни башарӣ, ниёзманди як барномарезии фарогири давлатӣ ва иҷтимоӣ ҳастем. Бояд осори донишмандони бузург ба забони тоҷикӣ мунташир ва дар ҳоли зарурат тарҷума шаванд, донишомӯзон аз даврони мактаб ва курсиҳои донишгоҳӣ бо мероси илмии ин нобиғаҳои миллат ошно гарданд, мутолиаи осорашон дар барномаҳои донишгоҳӣ гунҷонда шавад ва бо иқдоми АМИТ ва дигар маказҳои пажуҳишӣ конфронсҳои байналмилалии илмӣ бо ҳузури пажӯҳишгарони барҷастаи ҷаҳон ба гунаи бештаре, ки ҳаст ва дар сатҳи баланд баргузор гардад.

Ҳамчунин зарур аст ёду номи ин бузургон ҷовидона шавад; донишгоҳҳо, марказҳои таҳқиқотӣ ва озмоишгоҳҳо ба номи онон номгузорӣ гардад, барояшон тандис (муҷассама) сохта шавад ва осорхонаву китобхонаҳои илмӣ таъсис ёбанд.

Мисли ин, ки чанде қабл бо эҳтимоми Пешвои миллат, Президенти кишвари мо, ки ин масъалаҳои калидӣ ҳамеша дар мадди назари эшон қарор дорад, доир ба таъсиси “Конуни тамаддуни ориёӣ”, “Маркази байналмилалии Наврӯз” ва “Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб” тасмимҳои ҷиддӣ гирифта шуданд. Дар ҷаласаи навбатии Ҳукумат низ дастур шуд, ки дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ сифати таълими алифбои ниёгон дар муассисаҳои соҳаи маориф бо тариқи беҳтаре роҳандозӣ шаванд. Ин дастурҳо имкон медиҳад, ки таълифоти бузургони мутафаннини мо бори дигар мавриди пажуҳиш ва таҳқиқи ҷиддӣ қарор бигарад ва наслҳои оянда осори эшонро бо хатти асл мутолиа кунанд.

Пас ниҳодҳои масъули илмию тадқиқотиро низ зарур аст, ки аз ин шева кор бигиранд ва дар Пайравӣ аз иқдомҳои Пешвои миллат дар эҳёи осори арзишманди ниёгони тамаддунофари мо, саҳми бориз гузоранд.

Миллате, ки донишмандони худро фаромӯш кунад, дер ё зуд истиқлоли фикрӣ ва ҳокимияти маънавии хешро аз даст хоҳад дод.

Ба вижа имрӯз, ки бархе нерӯҳои сиёсӣ дар минтақа бо исрори фазоянда талош мекунанд таърихро бознависӣ карда, мероси мондагори мутафаккирони бузурги моро ба номи худ сабт кунанд.

Гоҳҳо ин раванд чунон ошкор ва густохона дунбол мешавад, ки дигар сухан танҳо аз як ихтилофи илмӣ нест, балки набарде барои ҳофизаи тамаддунии миллатҳост.

Шояд битавон таърихро барои муддате таҳриф кард, аммо пинҳон сохтани ҳақиқати миллате, ки ба ҷаҳон илм, хирад ва нури маърифат бахшидааст, ҳаргиз мумкин нахоҳад буд.

(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Бахтиёр Ҳамдамов)

Қаламонлайн 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

New York Times: Ривояти Тромп аз ҷанги Эрон бо воқеият ҳамхонӣ надорад
Чаро Тоҷикистон бояд расонаҳои форсинавис дошта бошад?

Матолиби пурбоздид