Ҷудосозии кишварҳои Осиёи Миёна аз Русия – ҳадафи аввалияи Амрико
Ахбори минтақа
Дастёри вазири умури хориҷаи Амрико дар умури Осиёи Миёна Доналд Лу, ба Туркманистон сафар намуд.
Ин дуюмин сафари Доналд Лу ба минтақа аст, ки ин дафъа аз Туркманистон оғоз шудааст.
Ба гуфтаи коршиносон ва таҳлилгарон, ин сафар ба унвони таваҷҷуҳи вижа ба Осиёи Миёна, нишондиҳандаи ин мавзӯъ аст, ки баҳси ҷудо кардани кишварҳои ин минтақа аз Русия ва наздик кардани ин кишварҳо ба Вашингтон, мавзӯи муҳимме барои ИМА шудааст ва иродаи амрикоиҳо бар ин аст, ки ин ҳадафро зудтар ба анҷом бирасонанд.
Коршиносон мегӯянд, дар шароити ҳассоси имрӯз барои Русия ва минтақа, дуюмин сафари Доналд Лу қобили таваҷҷуҳ аст, агарчӣ аҳдофи он ҳанӯз мушаххас нест, вале қатъан ҳадаферо дар назар дорад.
Бино ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ ва англис, онҳо башиддат ба Осиёи Миёна ниёз доранд.
Нуктаи дигар ин аст, ки Доналд Лу сафари дуюми худро аз Туркманистон оғоз намудааст, ки ин то ин замон, ин кишвар дар ҳошия қарор доштааст. Ба назар мерасад, даврони ором барои ин кишвари нисбатан баста, ба поён расида ва ҳамроҳ бо кулли минтақа ба бозии бузурге кашида мешавад.
Ба назар мерасад, мавзӯи суханони Доналд Лу бо масъулини Туркманистон ин аст, ки агар мақомоти Туркманистон аз масири амрикоӣ барои “тавсиа” худдорӣ кунанд, дуруст дар он тарафи дарё, (дар Афғонистон) чандин ҳазор нируҳои шибҳинизомӣ дар омодагии комили размӣ вуҷуд доранд, ки бесаброна мунтазири фармон (-и Амрико) ҳастанд.
Бар ҳеч кас пӯшида нест, ки чанд солест, ки бархе шибҳинизомиёни созмонҳои террористии байналмилалӣ дар бархе манотиқи Афғонистон, тавассути амрикоиҳо, аз Сурия ва Ироқ мунтақил шуда ва мешаванд ва аз тарафе намояндагони раиси ҷумҳури Амрико ба кишварҳои Осиёи Миёна ҳузур ёфта ва бо масъулини ин кишварҳо сӯҳбат мекунанд ва аз роҳи таҳдиду ҳарос аз вуҷуди ин шибҳинизомиён, онҳоро ба самти худ мекашонанд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн