ФУТБОЛ
матне, ки дар ду дақиқа ду бор дигар кардам…
Зеботарин бозии имрӯз бахши дуввуми сабқати Эрон ва Уэлс буд. Бо ин шӯру шар бозиеро ёд надорам. Бозӣ ба охир мерасид, аммо зарбаҳои пай дар пайи эрониён бӯса бар лаби штанга мезаданду халос.
Навиштам: Исроил, Амрико, Аврупо, Арабистонҳо – ҳама дунё бар зидди Эронанд. Магар Худо ҳам ин лаҳзаҳо ба рағми Эрон аст?!
Барои матн сурат меҷустам, ки дарвозабони Уэлсро довар аз бозӣ ронд ва … ва… ва… ва …Эрон … Эрон… Эрон… дар 2 дақиқа ё бештар … 2…2… 2….2 тӯби беҷавоб зад.
Худоё, маро бубахш!
Худоё, Эрони танҳоро посбон бош!
(Фейсбук, саҳифаи шахсии Додоҷони Атовуллоев)
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Инсоният аз дидгоҳи Зигмунд Фрейд
Чаро Испониёи мусалмон фурӯпошӣ шуд?

Матолиби пурбоздид