Сурудаи Саъдӣ
Саъдӣ аз шоирони маҳбуби ҷаҳон аст ва тарҷумаҳои мутааддиде аз “Гулистон” ва “Бӯстон”-и ӯ аз замони рунесонс ба баъд ба забонҳои мухталифи урупоӣ ва осиёӣ арза шуда ва низ ғазалиёт ва қасоиди ӯ ба маҳофили адаби Мағрибу Машриқ роҳ ёфтааст.
Вақте аввалин бор “Гулистон” ва “Бӯстон”-и Саъдӣ ба забони лотинӣ тарҷума шуд, яке аз кашишони масеҳӣ, пас аз мутолиаи китоб чунин тасаввур карда буд, ки ин китоб мутааллиқ ба яке аз паёмбарони Банӣ Исроил аст, ки асараш тоза пайдо шудааст. Осори Саъдӣ дар Ғарб дар маҷмӯаи кутуби муқаддас ба табъ расида ва пайваста мавриди ситоиш ва манбаи илҳоми бузургони Мағрибзамин будааст.
Ҳенри Дэвид Суру, шоир ва нависандаи бузурги омрикоӣ низ аз ситоишгарони Саъдӣ буда ва ӯро дар канори Шекспир ва Донте ва Ҳумер ва дар шумори шоироне қарор додааст, ки суханонаш пайваста тозаву ботароват аст.
Ин қазоватҳо нишони дурустест аз ин ки аҳаммияти Саъдӣ чунон ки баъзе аз муҳаққиқони муосир гумон бурдаанд, танҳо ба забони фасеҳ ва сеҳри каломи ӯ нест, балки чунон ки худи Саъдӣ ишора карда, он забони ҷовидонӣ танҳо ниқобест бар чеҳраи шоҳиди зеборӯйе, ки мақсуд ва маҳбуби ӯст.
На суратест музахраф сурудаи Саъдӣ
Чунон ки бар дари гармоба мекунад наққош
Ки бурқаъе мурассаъ ба лаълу марворид
Фурӯ гузошта бар рӯйи шоҳиди ҷаммош.
(Баргирифта аз китоби “365 рӯз бо Саъдӣ” ба қалами Ҳусайни Илоҳии Қумшаӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн