Business Insider: Ансоруллоҳи Яман баҳри Сурхро ба ботлоқи Омрико бадал кардаанд

Таҳлили хабарӣ

Business Insider: Ансоруллоҳи Яман баҳри Сурхро ба ботлоқи Омрико бадал кардаанд

Байналмилал

Пойгоҳи омрикоии Business Insider бо ишора ба нотавонии Иёлоти Муттаҳидаи Омрико дар рафъи таҳдиди Ансоруллоҳи Яман, навишт:

“Ҳусиҳо собит кардаанд, ки душмане маккор ва нерӯманд ҳастанд. 5 моҳ пас аз ҳамалоти ҳавоии Эътилоф ба раҳбари Иёлоти Муттаҳида барои “барҳам задан ва тазъиф”-и тавоноиҳои онҳо, Ансоруллоҳи Яман ҳамчунон ба ҳамалоти худ идома медиҳанд.

Онҳо ба таври маъмул гурӯҳи зарбати таҳти раҳбарии Иёлоти Муттаҳидаро маҷбур мекунанд, то мушакҳо, қоиқҳои бомбгузоришуда ва паҳподҳои онҳоро, ки хутути киштиронӣ дар баҳри Сурх ва халиҷи Аданро ба як долони хатарнок – ва маргбор – табдил кардааст, раҳгирӣ кунад.

Ҳусиҳо дар ҳафтаи гузашта чандин киштиро мавриди ҳамла қарор додаанд ва мақомоти омрикоӣ мегӯянд, баъид аст, ки ин ҳамалот ба ин зудӣ поён ёбад ва ин нигарониҳоро барангехтааст, ки Иёлоти Муттаҳида дар бунбасти пурҳазина ва нопойдоре гир кардааст.

Ҳусиҳо тавонистаанд Вошингтунро ба як даргирии тӯлонимуддат, пурҳазина ва коҳишдиҳандаи манобеъ бикашонанд ва ҳазинаҳои ҳамлу нақлро ба маротиб болотар бибаранд. Иёлоти Муттаҳида бояд ҳазинаҳои молии фазоянда ва фарсудагии киштиҳои ҷангии худро мутаҳаммил шавад.

Ҳусиҳо аз тариқи кампини худ на танҳо нақши худро ба унвони як дороии бузург дар шабакаи ниёбатии Эрон собит кардаанд, балки нишон додаанд, ки тавоноии таҳдиди муҷаддади киштиҳои тиҷорӣ дар ояндаро низ доранд.

Нерӯҳои баҳрии Иёлоти Муттаҳида аз тирамоҳи соли гузашта миқдори қобили таваҷҷӯҳе аз манобеъи худро барои набард бо Ҳусиҳо сарф кардаанд.

Мақомоти нерӯи баҳрӣ дар ҳафтаҳои ахир фош кардаанд, ки гурӯҳи зарбати “Дуайта Д. Эйзенҳоуэр”, ки муташаккил аз як нови ҳавопаймобар ва чандин киштии ҷангии дигар аст, дар тӯли истиқрори худ беш аз 500 муҳиммот шиллик кардааст ва ҳавопаймоҳои он даҳҳо ҳазор соат парвоз кардаанд.

Карлос Дел Торо, вазири нерӯи баҳрии Иёлоти Муттаҳида дар миёнаҳои апрел фош кард, ки муҳиммоти масрафшуда ба танҳоӣ наздик ба 1 миллиард доллар аст, агарчи ин рақам қатъан тайи ду моҳ пас аз он афзоиш ёфтааст. Ин рақам, ба худии худ, бар харҷи молии фазояндаи ҳузури нерӯи баҳрии Омрико дар минтақа таъкид мекунад ва соири ҳазинаҳое, ки ба идомаи амалиёт кӯмак мекунадро шомил намешавад.

Ба унвони мисол, Иёлоти Муттаҳида барои аз байн бурдани таслеҳоти Ҳусиҳо ба мушакҳои гаронқимати SM-2, ки қимати ҳар фарванди он 2.1 миллион доллар аст, муттакӣ аст, аммо коршиносон мегӯянд, Пентогун метавонад ҳазинаҳои мушакии фазояндаро то солҳо ҳифз кунад. Онҳо мегӯянд, он чи бештар барои Иёлоти Муттаҳида нигаронкунанда аст, ҳифзи киштиҳои ҷангӣ аст, ки ин муҳиммот аз онҳо партоб мешавад.

Эйприл Хейнс, мудири Иттилооти миллии Омрико, моҳи гузашта ҳушдор дод, ки Ҳусиҳо эҳтимолан барои муддате тӯлонӣ фаъол хоҳанд монд. Аносири гурӯҳи зарбатии Эйзенҳоуэр қаблан як бор баҳри Сурхро барои таслеҳ ва таҷҳизи муҷаддад тарк кардаанд ва Пентогун ахиран истиқрори чандмоҳаи худро барои бори дуввум тамдид кардааст.

Йозеф Вутел, женероли бознишаста, ки дар даҳаи 2010 ба унвони фармондеҳи CENTCOM хидмат мекард, ба Business Insider гуфт: “То замоне, ки иродаи анҷоми ин корро дошта бошем, метавонем ин корро ҳифз кунем. Мо ба андозаи кофӣ бузург ҳастем ва тавоноӣ ва зарфияти кофӣ барои анҷоми ин корро дорем.”

Сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Кохи сафед гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ҳамчунон ба мубориза бо Ҳусиҳо мутаъаҳҳид аст, зеро ин “шӯришиён” ҳамчунон як “таҳдиди бисёр ҷиддӣ “ ҳастанд ва ҳамчунон барои ширкатҳои киштиронӣ мушкил эҷод мекунанд.

Ҷон Кирби дар нишасти хабарии сешанбе дар посух ба суоли Business Insider дар мавриди пойдории ин маъмурият ба хабарнигорон гуфт: “Мо ба анҷоми ҳар коре, ки метавонем, идома хоҳем дод, то мутмаин шавем, ки нерӯи баҳрии мо барои анҷоми ин кор комилан омодааст.“

Ӯ афзуд: “Мо мӯътақидем, ки ҳанӯз ин маъмурияти мо дар баҳри Сурх ҳаётӣ аст ва дар сурати таъмини манобеъ, ҳамчунон бо ҳамалоти Ҳусиҳо муқобила хоҳем кард.”

Иёлоти Муттаҳида то кунун бо қудрати оташи худ иқдомоти мутаъаддидеро барои коҳиши тавонмандии Ҳусиҳо анҷом додааст. Нерӯҳои омрикоӣ чандин давр ҳамалоти муштарак бо Бритониё анҷом додаанд ва таъсисот ва дороиҳои Ҳусиҳоро дар саросари Яман ҳадаф қарор додаанд ва мушакҳо ва паҳподҳоро қабл аз партоб мунҳадим кардаанд.

Пентогун таъкид кардааст, ки ин иқдомоти маъмул тавонистааст ба коҳиши тавоноии Ҳусиҳо кӯмак кунад. Бо ин ҳол, Эйприл Хейнс гуфт, ки ин ҳамалот барои мутаваққиф кардани Ҳусиҳо “нокофӣ” будаанд ва коршиносон мӯътақиданд, ки стратегияи низомии Иёлоти Муттаҳида то ҳадди зиёде номувафақ будааст.

Брайан Финквинкин, мушовири аршади барномаи Иёлоти Муттаҳида дар гурӯҳи байналмилалии бӯҳрон, дар ин бора ба Business Insider гуфт: ”Ман фикр мекунам, мутаассифона, давлати Бойден дар ритме қарор гирифтааст, ки ба далели ҳамалоти Ҳусиҳо ба киштиҳои тиҷорӣ, онҳо эҳсос мекунанд бояд коре анҷом диҳанд.”

Финквинкин, ки вакили собиқи Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида низ ҳаст, афзуд: “Ва ҳамон тавр, ки ағлаби авқот иттифоқ меафтад, “анҷоми коре” ба маънои посухи низомӣ аст, ҳатто агар гузинаи низомӣ барои поён додан ба онҳо муассир набошад.”

Business Insider

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳалокати ҳашт тан аз низомиёни исроилӣ дар Рафаҳ
Омӯхтани илму дониш дар ҷавонӣ

Матолиби пурбоздид