Foreign Policy: Зарродхонаи азими Яман дарди сари ҷадиди Ғарб
Ғарб вориди бозии сахте бо яманиҳо шудааст
Ахбори байналмилал
Foreign Policy
Як нашрияи омрикоӣ, зарродхонаи азими таслеҳотии Яманро “дарди сари ҷиддии Эътилофи дарёии Омрико зидди Яман” донист ва эътироф кард, ки Эътилофи Омрико бо камбуди муҳиммоти низомии худ вориди бозии сахте бо Яман шудааст.
Нашрияи омрикоии Foreign Policy дар гузорише ба заъфи нерӯи дарёии артиши Омрико ва муттаҳидонаш дар дифоъи амнияти киштиҳои озими бандарҳои ишғолӣ дар баробари иқтидори низомии нерӯи мусаллаҳи Яман эътироф кард.
Ин нашрия бо ишора ба ҳазинаи ҳангуфти низомии Эътилофи дарёии омрикоӣ-ангилисӣ ва муттаҳидони урупоияш ба он чи ки “амнияти киштиронӣ дар баҳри Сурх” хонд, навишт, ки “нерӯҳои дарёии Омрико ва муттаҳидонаш дар баҳри Сурх пас аз сипарӣ шудани моҳҳо аз амалиёти дарёии густарда зидди Санъо на танҳо дар баробари Санъо решакан шудаанд, балки ин авзоъи ноором ва ҳазинаҳои ҷангии ҳангуфт шароитро беш аз пеш душвор кардааст.”
Ин нашрия бо таъна ба нерӯи дарёии артиши Омрико ба унвони ягона артиши дарёии пешгом дар ҷаҳон, ба нокомии Омрико дар баробари нерӯҳои яманӣ дар баҳри Сурх тохт.
Foreign Policy бо интиқод аз амалкарди заъифи нерӯи дарёии Омрико дар баробари ҳамалоти Санъо, сарони низомии Пентогунро ба чолиш кашид ва афзуд: “Дар чунин шароите, вуҷуди инчунин нерӯи дарёӣ, ки ба тавонмандии дарёии урдугоҳи Ғарб ифтихор мекунад, чӣ гуна мумкин аст, ки дар набардҳои оянда бо рақиби суннатӣ ва калидии худ ҳамчун Чин ба муқобила бархезад?”
Ин нашрияи омрикоӣ дар идома ба нақл аз як коршиноси низомӣ дар умури роҳбурдӣ дар “Андешкадаи мутолеоти роҳбурдӣ ва амнияти дарёҳо” истинод кард ва афзуд: “Ҳусиҳо собит карданд, ки аз тавонмандии шигифтоваре бархӯрдор ҳастанд ва онон дорои сатҳи кунишгарии фаъол ва дар айни ҳол, дорои зарродхонаи бузурге ҳастанд, ки бидуни муболиға, қодир аст, ки Эътилофи дарёии Ғарбро бо дарди сар мувоҷеҳ созад.”
Ин нашрия талоши Эътилофи байналмилалии Ғарб дар он чи ки “таъмини амнияти дарёнавардӣ дар баҳри Сурх” хонд-ро бенатиҷа донист ва афзоиши 100 дарсадии нархи биманомаҳо аз сӯйи ширкатҳои хориҷӣ барои пӯшиши бимаи киштиҳои убурӣ аз баҳри Сурхро гувоҳе бар идомаи нооромӣ дар бозорҳои молӣ дар пайи нокомии Эътилофи низомии Ғарб дар мувоҷеҳа ба Санъо ёд кард.
Foreign Policy эътироф кард, ки ҳамалоти Санъо сирфан ба киштиҳое ихтисос дорад, ки иртибот ба Исроил ё кишварҳои мутаҷовиз ба Яман аз ҷумла Омрико ва ё соири кишварҳое аст, ки аз назари яманиҳо даст ба ҳимоят аз Телавив мезананд.
Ин нашрия эътироф кард, ки бо вуҷуди он ки Омрико ва Ангилис талоши зиёде барои тазъифи қудрати низомии Ҳусиҳо дар ҳадаф қарор додани киштиҳои бории озими бандарҳои ишғолӣ кардаанд, аммо ин талош ба бозӣ бо баҳои ҳангуфт анҷомида аст ва натиҷаи чандоне барои онон надоштааст.
Ин гузориш бо ишора ба қудрати шигифтовари артиши Яман дар ҳавзаи мушакҳои зидди киштӣ, ки бо ҳамалоти мудовими худ қудрати ягони дарёии Омрикоро ба фарсоиш савқ дода, ба гуфтаи яке аз дастёрони Кунгра дар бораи коҳиши муҳиммоти низомии Вошингтун ишора кард ва афзуд: “Ба сароҳат мегӯям, ки то замоне, ки сутунҳои шӯълаҳои оташ ҳадаф қарор гирифтани киштиҳо дар баҳри Сурх дар ҷараён аст, мо дар вазъияти буғранҷтаре қарор дорем.”
Маҷаллаи Foreign Policy фош кард, ки нерӯи дарёии Омрико ва ширкатҳои санойеъи низомии ин кишвар монанди Raytheon ба дунболи ҷойгузинии силоҳҳои камҳазинатаре барои муқобила бо таслеҳоти яманиҳо ҳастанд.
Foreign Policy
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: