Foreign Policy: Омрико дар фикри хуруҷ аз Сурия аст
Ахбори байналмилал
Нашрияи омрикоии Foreign Policy ба нақл аз манобее дар Кохи сафед ва вазоратхонаҳои дифоъ ва умури хориҷаи ин кишвар навишт, Вошингтун дигар алоқае ба мондан дар Сурия надорад.
Гуфтанист, Омрико аз соли 2014 ба баҳонаи мубориза бо ДОЪИШ ҳузури ғайриқонунӣ дар Сурия дорад.
Ин нашрия дар идома навишт, Вошингтун мӯътақид аст, ки ҳузураш дар Сурия дигар зарурӣ нест ва ба шакли фишурда дар ҳоли баррасии замон ва наҳваи ақибнишинӣ аз ин кишвар аст.
Гуфтанист, бо оғози амалиёти “Тӯфон ал-Ақсо” дар Ғазза алайҳи режими ишғолгари Қудс, мавозеъи нерӯҳои Омрико дар Ироқ ва Сурия борҳо тавассути муқовамати Ироқ мавриди ҳамла воқеъ шудааст.
Муқовамати исломии Ироқ дар ҳимоят аз мардуми Ғазза ва муқовамати Фаластин ва низ барои муқобила бо ишғолгарии Омрико дар минтақа, дирӯз низ пойгоҳи низомиёни Омрико дар майдони гозии “Кунику” дар Дейраззур дар шарқи Сурияро ҳадафи ҳамлаи шадиди мушакӣ қарор доданд.
Foreign Policy
Қаламонлайн