Guardian: Пизишкиён чашм ба беҳбуди робита бо Омрико дорад

Таҳлили хабарӣ

Guardian: Пизишкиён чашм ба беҳбуди робита бо Омрико дорад

Таҳлиле дар Guardian

Рӯзномаи англисии Guardian дар гузорише, коҳиши таниш ва беҳбуди робита бо Омрикоро муҳимтарин гузинаи сиёсати хориҷии танҳо номзади мавриди ҳимояти ислоҳталабони Эрон донистааст.

Дар ин матлаб омадааст:

Масъуди Пизишкиён умедвор аст, ки шаҳрвандони беалоқа ба раъй доданро ба худ ҷалб кунад ва музокирот дар бораи тавофуқи ҳастаии кишвар (Барҷом)-ро эҳё кунад.

Танҳо номзади ислоҳталбон дар интихоботи риёсати ҷумҳурии Эрон гуфт, ки хоҳони беҳбуди равобит бо Иёлоти Муттаҳида аст ва рақибони муҳофизакори худро муттаҳам кард, ки барои эҳёи Барҷом талоши кофӣ ба харҷ надодаанд.

Пизишкиён, ки Ҷаводи Зариф, вазири собиқи умури хориҷаро ба унвони мушовири сиёсати хориҷии худ муаррифӣ кардааст, ҳамчунин таъкид кард, ки дар сурати расидан ба мақоми риёсати ҷумҳурӣ, дар равобити Теҳрон ва Маскав бознигарӣ кунад, чун ба гуфтаи ӯ, қудратҳои шарқӣ набояд фикр кунанд, ки онҳо танҳо гузинаи Эрон ҳастанд.

Ба назар мерасад, ҳадаф аз ҳузури Зариф ба унвони мушовири Пизишкиён дар як мизигирди телевизионӣ, намоде аз ин воқеият бошад, ки дар сурати пирӯзии Пизишкиён дар интихобот, рӯйкарди Эрон ба сиёсати хориҷӣ, аз ҷумла ниёз ба дастёбӣ ба тавофуқ дар мавриди барномаи ҳастаиаш (Барҷом), чӣ қадр метавонад тағйир кунад. Ғарб ба таври фазояндае нигарон аст, ки раҳбарони Эрон ба самти тавлиди силоҳи ҳастаӣ бираванд.

Номзадҳои рақиби Пизишкиён – ки ҳамагӣ аз муҳофизакорон ҳастанд – ӯро “давраи севвуми риёсати ҷумҳурии Ҳасани Руҳонӣ” донистаанд.

Нигаронии муҳофизакорон аз ин аст, ки ислоҳталабон мумкин аст муваффақ шаванд Пизишкиёнро ба марҳилаи дуввуми интихобот бикашонанд. Ин нигаронӣ гумоназаниҳоеро ба вуҷуд оварда, ки ҳадди ақал 2 нафар аз 5 номзади муҳофизакор барои тақсим нашудани бештари ороашон, аз идомаи рақобат инсироф бидиҳанд.

Зариф, ки рӯзи сешанбе дар канори Пизишкиён дар гирдиҳамоии интихоботӣ дар Исфаҳон суханронӣ мекард, гуфт, ки эҳёи тавофуқи ҳастаӣ (Барҷом) дар моҳҳои нахусти риёсати ҷумҳурии Ҷо Бойден дар соли 2021 мумкин буд, аммо бо терури Мӯҳсини Фахризода, донишманди ҳастаии эронӣ тавассути Исроил ва қонуни порлумони Эрон барои мулзам кардани давлат ба шикастани маҳдудиятҳои ғанисозии ураниум, монеъ аз он шуд.

Вай ҳамчунин муддаъӣ шуд Тромп аз тавофуқи ҳастаӣ хориҷ шудааст, зеро танҳо кишваре, ки аз тавофуқи ҳастаӣ суд мебарад, Эрон аст ва афзуд: “Дар 2 соли аввали тавофуқ, Эрон бо коҳиши таҳримҳо аз таварруми такрақамӣ бархӯрдор буд.”

Пизишкиён низ таъкид карда, ки лозим аст Эрон дарҳои худро ба рӯйи сармоягузории хориҷӣ боз кунад, то ба ин кишвар барои расидан ба ҳадафи рушди 8 дарсадӣ кӯмак кунад. Ӯ рӯзи душанбе дар як мунозираи телевизионии 4-соата дар бораи иқтисод гуфт, ки Чин дар Эрон сармоягузорӣ намекунад, зеро Эрон дар феҳристи сиёҳи “гурӯҳи вежаи иқдоми молӣ” (FATF) қарор гирифтааст; Пизишкиён талош кард мушкилоти иқтисодӣ дар дохилро бо инзивои сиёсии ин кишвар муртабит кунад.

Пизишкиён ҳамчунин видеои таблиғотии 27-дақиқаӣ мунташир карда, ки дар он дар ҳоли гапу гуфт бо гурӯҳе аз ҷавонон аст, ки бисёре аз онҳо мегуфтанд, майл ба муҳоҷират аз кишвар доранд; ва дар ин видеои таблиғотӣ талош мекард онҳоро мутақоъид ба мондан дар кишвар кунад.

Назарсанҷии қобили эътимоде мунташир нашудааст, аммо гумон меравад, ки ду рақиби аслии муҳофизакори Пизишкиён, Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси феълии маҷлис, ва Саъиди Ҷалилӣ, музокиракунандаи аршади собиқи ҳастаӣ бошанд.

Қаламонлайн

https://qalamonline.net/

Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ансоруллоҳи Яман: “Омрико мехоҳад Арабистонро вориди даргирӣ бо Яман кунад”
Омрико як эрониро ба унвони фармондеҳи гурӯҳи зарбатӣ дар минтақаи Ховари Миёна мансуб кард

Матолиби пурбоздид