Meta аз нахуствазири Молезӣ узрхоҳӣ кард

Uncategorized

Meta аз нахуствазири Молезӣ узрхоҳӣ кард

Ахбори байналмилал

Meta аз нахуствазири Молезӣ (Малайзия) узрхоҳӣ кард ва ёддошти ӯ марбут ба таслияти шаҳодати Исмоил Ҳаниаро бозгардонд

Ширкати Meta, (ки Фейсбук низ ҷузъе аз он аст), аз нахуствазири Молезӣ узрхоҳӣ кард ва ёддошти ӯ дар Инстогром ва Фейсбукро, ки дар он, шаҳодати Исмоил Ҳаниа таслият гуфта шуда буд, бозгардонд.

Ба гузориши Алҷазира, Анвар Иброҳим ҳафтаи гузашта ба шиддат аз пок кардани ёддошти худ дар Инстогром ба муносибати шаҳодати Исмоил Ҳаниа дар Теҳрон аз Meta интиқод карда буд. Ҳоло Meta ба далели ҳазфи онҳо узрхоҳӣ кардааст.

Яке аз сухангӯёни Meta ба хабаргузории Reuters гуфт: “Мо ба далели хатое, ки дар он, паёмҳои сафҳаи Фейсбук ва Инстогроми нахуствазир ҳазф шуд, узрхоҳӣ мекунем.”

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чаро Шайх Ҳасина бо вуҷуди пешрафти иқтисодӣ, бо хашму ғазаби мардум рӯ ба рӯ шуд?
Дарси ибрат

Матолиби пурбоздид