Middle East Eye ба Тромп: Таърихи Эронро бихон!

Ахбори байналмилал

Сардабири нашрияи англисии Middle East Eye бо ҳушдор ба раиси ҷумҳури Омрико дар бораи ҳар гуна танишофаринӣ алайҳи Эрон навиштааст: Тромп пеш аз он ки даст ба коре бизанад, ки мумкин аст гаронтарин иштибоҳи сиёсати хориҷиаш шавад, бояд дарсҳои таърихиро ҷиддӣ бигирад.

Дэвид Ҳерст (David Hearst), рӯзноманигори барҷастаи англисӣ дар мақолае бо ишора ба ташдиди танишҳои Омрико алайҳи Эрон навишта, ки “Дунолд Тромп, раиси ҷумҳури Омрико пеш аз иртикоби он чи мумкин аст пурҳазинатарин иштибоҳи сиёсати хориҷии давраи раёсати ҷумҳуриаш бошад, бояд таърихро бихонад”.

Сардабири Middle East Eye менависад, ки Тромп дар дохили кишвар бо мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯст; аз тирандозиҳои маъмурони Идораи муҳоҷират дар Миннесота гирифта то афзоиши таварруми ношӣ аз таърифаҳояш, аммо дар арсаи байналмилалӣ ҳамчунон худро дар авҷи қудрат мебинад.

Ба бовари нависанда, Тромп НАТО-ро таҳти фишор қарор дод, то бар сари масъалаи Гренландия ба тавофуқе бирасад, Урупоро водор кард, саҳми бештаре аз ҳазинаҳои дифоии худ бипардозад, Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэларо боздошт кард ва бо Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири Исроил дар ҷанги Ғазза ҳамдаст шуд.

Ҳерст навишта, ҳоло Тромп даст ба таҳдиди Эрон зада ва бовар дорад метавонад бо Эрон ҳамон кореро бикунад, ки бо Венесуэла кард, аммо дар ин тасаввур, ӯ ба таври асосӣ дар иштибоҳ аст; ҳарчанд худаш амиқан ба он бовар дорад.

Сардабири Middle East Eye навишта Стив Уиткоф, фиристодаи вежаи Тромп ва Ҷаред Кушнер, домоди раиси ҷумҳури Омрико, ба яке аз қудратҳои минтақа гуфтаанд, ки Тромп чӣ барномае барои Эрон дорад: ҳамлаи ҳавоии сареъ ва маҳдуд барои ҳадаф қарор додани сарон, бидуни сарнагунии комили режим. Сипас тавофуқе, ки дар он Эрон барномаи ғанисозии ураниумро комилан таътил кунад, нафти худро фақат ба Омрико бифурӯшад ва дар иваз, “Боинг” иҷозаи бозгашт ба бозори Эронро пайдо кунад.

Тибқи ин гузориш, Тромп мӯътақид аст, акнун замони муносиби ҳамла аст. Ӯ фикр мекунад, Ҷумҳурии Исломии Эрон ба далели эътирозоти ахир ва пас аз ҳамалоти ҳавоии соли гузашта, ба шиддат тазъиф шуда; таъсисоти аслии ғанисозӣ зери кӯҳҳо мадфун мондаанд ва Эрон натавониста захоири худро бозсозӣ кунад.

Дар идомаи ин матлаб омадааст: аммо манобеи иттилоотии Тромп ду мушкили бузург доранд; онҳо арзёбиҳои худи Омрико ва иттилооти Исроил ҳастанд. Исроил ба дунболи тағйири режим аст, на фақат ҳамлаи маҳдуд. Натонёҳу солҳост Ҳамос ва Ҳизбуллоҳро “новҳои ҳавопаймобари Эрон” меномад; иддаое, ки бо сатҳи ҳимояти пойдори ин гурӯҳҳо дар Фаластин ва ҷануби Лубнон таноқуз дорад.

Ҳерст навишта, ки Тромп ва Натонёҳу, аз муваффақиятҳои низомии ахирашон маст шудаанд ва бовар доранд ҳеч маҳдудияте надоранд, аммо Эрон, Венесуэла нест.

Ин нависанда бо баршумурдани тавоноиҳои низомии Эрон навишта, ки ҳамла ба Эрон на танҳо як моҷароҷӯии низомии дигар нест, балки метавонад ҷараққаи сеюмин ҷанги халиҷи Форсро бизанад; ҷанге, ки ҳазинаҳояш барои Омрико, минтақа ва ҷаҳон ба маротиб сангинтар аз тасаввури Тромп хоҳад буд.

Ӯ, бо мурури ҳаводиси таърихӣ аз кудатои 1953 то Инқилоби Исломӣ дар 1979, истидлол мекунад, ки Эрон ҳаргиз султаи хориҷӣ бар манобеи нафтии худро нахоҳад пазируфт ва кишваре, ки бо ин таърих ва умқи стротежик, дар баробари таҳримҳо, терурҳо ва як ҷанги ҳаштсола муқовимат карда, акнун низ таслим нахоҳад шуд.

Сардабир Middle East Eye дар поён навиштааст: таърих пур аст аз қудратҳое, ки фикр мекарданд бо як зарбаи сареъ метавонанд миллатеро ба зону дароваранд; ва ҳар бор шикаст хӯрданд. Тромп пеш аз он ки даст ба коре бизанад, ки мумкин аст гаронтарин иштибоҳи сиёсати хориҷиаш шавад, бояд ин дарсҳои таърихиро ҷиддӣ бигирад.

Middle East Eye

Қаламонлайн

qalamonline.net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

Муқаддамфар: Амрико дар мавзӯи музокирот кӯтоҳ омад
Чаро Эрон исрор дорад музокирот дар Истанбул баргузор нашавад

Матолиби пурбоздид