Reuters: Ҳукми боздошти Натонёҳу ва Галлант содир шуд

Reuters: Ҳукми боздошти Натонёҳу ва Галлант содир шуд

Ахбори байналмилал

Манобеи расонаӣ эълом карданд, ки Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ ҳукми боздошти нахуствазири режими саҳюнистӣ ва вазири ҷанги барканорашудаи ӯро содир кард.

Ба гузориши Reuters, Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ (панҷшанбе) дархости таҷдиди назари Исроил дар хусуси боздошти Натонёҳу ва Галлантро рад кард ва ҳукми боздошти ин ду мақоми режими саҳюнистиро содир кард.

Додгоҳи кайфарии байналмилалӣ бо радди дархости таҷдиди назари режими саҳюнистӣ, эълом кард, ки далоили мантиқие вуҷуд дорад, ки нишон медиҳад, Натонёҳу ва Галлант бар ҳамалот алайҳи ғайри низомиён назорат доштаанд. Ҷиноёти Натонёҳу ва Галлант, шомили истифодаи онҳо аз гуруснагӣ ба унвони силоҳ аст.

Додгоҳ эълом кард, ки ҷиноёти ҷангии мунтасаб ба Натонёҳу ва Галлант шомили қатл, озор ва шиканҷа ва аъмоли ғайри инсонӣ аст ва нахуствазири режими саҳюнистӣ ва вазири ҷанги ӯ, ки ба тозагӣ барканор шуда, масъулияти ҷинояти ҷангӣ дар навори Ғазза ва Каронаи Бохтариро бар ӯҳда доранд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ҳамлаи Ҳизбуллоҳ ба мақарри фармондеҳии типи “Гулонӣ”
Пирӯзии мӯъмин

Матолиби пурбоздид