Адолати иҷтимоӣ

Адолати иҷтимоӣ

Дуруст ҳамон тавр, ки ҳар унсур ё моддае дар ҷаҳони ҳастӣ дорои ҳудуди муайян буда ва қарор гирифтанаш дар он ҳудуд ба маънои адолат ва хуруҷаш аз он ба маънои зулм аст, ҳамин тавр аст дар ҷомеаи башарӣ, ки Худои Ҳаким барои ҳар фарде аз афроди ҷомеа ҳудуд ва ҳуқуқеро муайян намудааст. Агар ҳар инсоне дар доираи ҳудуди худ ҳаракат кунад ва ҳуқуқаш барояш дода шавад, ин адолат аст, вале агар инсон аз ҳудудаш таҷовуз кунад ё ҳуқуқаш аз ў салб шавад, ин зулм ва ситам хоҳад буд.

Комилан ҳамон гуна, ки адолат дар низоми ҳастӣ зомини хайри ҷаҳони ҳастӣ ва истиқрори вай аст ва зулм дар он сабабгари нобудии ҳастӣ ва вайронии он мебошад, ҳамин тавр адолати иҷтимоӣ низ зомини бақо ва саодати ҷомеа ва зулми иҷтимоӣ омили ба ҳам рехтани он ва шақоваташ аст.

Дар ин маврид Имом Алӣ (алайҳис-салом) ба Зиёд ибни Абиҳ – онгоҳ, ки ўро ба унвони ҷонишини Абдуллоҳ ибни Аббос дар минтақаи Форс ба кор гузошт – дар зимни як сухани тўлоние, ки дар заминаи наҳй аз афзоиши хироҷ ва молиёт аст, мефармояд:

Адолатро пеша кун ва аз хушунат ва сахтгирии беҷо ва ситамгарӣ бипарҳез, чаро ки хушунат ва сахтгирӣ сабаби фирори мардум аз минтақа мешавад ва зулму ситам даъват ба муборизаи мусаллаҳона мекунад.

Дар ин ҷо лозим аст ба як ҳақиқати муҳимме ишора намоем ва он ин ки офаридгори башар офаридгори ҳастист ва ҷомеаи башарӣ чизе ҷуз порае аз ин ҳастӣ, ки адолат дар он ҳоким аст, нест. Пас оё мумкин аст, ки Худои мутаол адолатро дар ҷамии зарраҳои ҷаҳони ҳастӣ ҷорӣ созад, вале барои ҷомеаи башарӣ розӣ бошад, ки зулму ситам дар он сайтара намояд?

Ба ин эътибор, ки офаридгори ҷаҳони ҳастӣ якест, пас лозим аст низоме, ки бар ҳастӣ ҳоким аст низ яке бошад. Қуръони карим ба ин ҳақиқат ишора кардааст:

Он Худое, ки ҳафт осмони баландро ба табақоти муназзаме офарид. Дар назми офариниши Худои раҳмон ҳеҷ беназмӣ ва нуқсоне нахоҳӣ ёфт. Борҳо ба дидаи ақл дар низоми мустаҳками офариниш бингар, оё дар он ҳеҷ сустӣ ва халале хоҳӣ дид? Боз ду бора ба чашми басират диққат кун, ин ҷост, ки дидаи хирад забун ва хаста ба сўи ту боз хоҳад гардид.

Дар мавриди инсон иродаи Худои мутаол ба ин тааллуқ гирифтааст, ки ўро гиромӣ дошта ва бар дигар махлуқот бартарӣ диҳад ва он ба ин маъно, ки барояш майдон фароҳам гузоштааст то инсон худро ба ихтиёр ва иродаи худ комил созад. Яъне адолатро ба сурати ҷабр бар ў таҳмил накардааст ҳамон гуна, ки бар хуршеду кураи замин бор кардааст. Ҳаракати ҳамоҳанг ва одилонаи хуршеду замин ба дасти худашон нест, балки чунин офарида шудаанд. Вале инсон чунин нест. Худои мутаол роҳи адолатро барои инсон нишон дода ва ўро тарғиб ба пўйидани он намудааст ва ҳамчунин роҳи зулмро барои вай баён намуда ва аз воқеъ шудан дар он ўро барҳазар доштааст.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Нақши ҷаҳонбинӣ дар зиндагии инсон
Аврупо: Наметавонем ба Украина замонати амниятӣ бидиҳем

Матолиби пурбоздид