Медведев: Эрон силоҳе қудратмандтар аз тангаи Ҳурмуз дар ихтиёр дорад
Ахбори байналмилал
Ба гузориши RT, Димитрй Медведев, муовини Шӯрои амнияти Русия гуфт, ки тангаи Ҳурмуз барои Эрон ба силоҳе табдил шуда, ки аз силоҳи ҳастаӣ кушандатар аст ва ин кишвар силоҳе ҳатто қудратмандтар аз он дорад, ки тангаи Бобулмандиб аст.
Вай афзуд, тангаи Бобулмандиб метавонад шароите дар Ховари Миёна эҷод кунад, ки интиқоли нафт ба таври комил мутаваққиф шавад ва ҳама бояд ин мавзӯъро дар ҳар гуна даргирӣ дар минтақа, ба хотир дошта бошанд.
Қаламонлайн













