Ансоруллоҳ: Ақибнишинӣ дар кор нест
Омодаи посухи сареъ ба таҷовузи “Исроил” ҳастем
Ахбори байналмилал
Almayadeen
Дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман бо интишори баёнияе ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба марокизи ғайринизомӣ ва хадамотӣ ва зерсохтии ин кишвар дар Санъо ва Ҳадидаро маҳкум кард.
Ба гузориши Алмаёдин, Ансоруллоҳ бо баёни ин ки ин ҳамалот нишонгари мизони ҷинояткории режими саҳюнистӣ аст, тасреҳ кард: “Ҳамалоти хасмона монеъ аз ин нахоҳад шуд, ки мо ба ҳимоят аз Ғазза ва миллат ва муқовамати Фаластин идома надиҳем.”
Дафтари Ансоруллоҳ зимни таслият ба хонаводаи шуҳадое, ки дар масири Қудс ва ҷиҳоди мавъуд ба шаҳодат расиданд, хотирнишон кард: “Нерӯҳои мусаллаҳи мо омодаи посухи сареъ ба ин таҷовуз ва эҷоди таниш дар муқобили таниш ҳастанд ва дар ин замина ҳеч ақибнишинӣ дар кор нест.”
Дар ҳамин ҳол, Вазорати беҳдошти Яман эълом кард, ки дар ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Яман, 40 тан захмӣ ва 6 нафар низ ба шаҳодат расидаанд.
Almayadeen
Қаламонлайн