Ахлоқи мӯҳсинӣ
Муаррифии китоб
Китоби “Ахлоқи муҳсинӣ”-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ аз зумраи беҳтарин китобҳои ахлоқист, то имрӯз маҳбубияти худро аз даст надодааст.
Китоб баробари ҳовии муҳимтарин матолиби ахлоқӣ-тарбиявӣ будан, фарогири ҳикоёти дилписанд, ашъори латифи шуарои гуногундавр ва зубдаи панду андарзҳои бузургон буда, намунаи насри зебои асри XV мебошад.
Ин асар дар байни осоре, ки дар ин замина ба қалам омадаанд, ба монанди “Насиҳат-ул-мулук”-и Абӯҳомиди Ғаззолӣ, “Сияр-ул-мулук”-и Низомулмулки Тӯсӣ, “Ахлоқи носирӣ”-и Насируддини Тӯсӣ ва ғайра, аз мақоми хосса бархурдор аст.
Китоби мазкур дар мавзуоти шукр, сабр, олиҳимматӣ, сидқ, садоқат, шуҷоат, вафо ба аҳд, дурандешӣ, риояти ҳуқуқ, амонату диёнат, адолату авф баҳс менамояд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн