Бар дилбари девона бигӯед биёяд…
Даҳ шоҳбайт аз устод Шаҳриёр
Кас дил намедиҳад ба ҳабибе, ки бевафост,
Аввал ҳабиби ман ба Худо бевафо набуд…
* * *
Бар дилбари девона бигӯед биёяд,
Девона чу девона бубинад хушаш ояд.
* * *
Умри моро мӯҳлати имрӯзу фардои ту нест,
Мо, ки як имрӯз меҳмони туем фардо чаро?
* * *
Бо шайх аз шароб ҳикоят макун, ки шайх,
То хуни халқ ҳаст, нанӯшад шаробро.
* * *
Солҳо шуд рафта дамсозам зи даст, аммо ҳанӯз,
Дар дарунам зинда ҳасту зиндагонӣ мекунад.
* * *
Дар диёре, ки дар ӯ нест касе ёри касе,
Кош, ё раб, ки наяфтад ба касе кори касе.
* * *
Дил ба ҳиҷрони ту умрест шикебост, вале
Бори пирӣ шиканад пушти шикебоиро…
* * *
Мемираму зи васли ту ҳарфе намезанам,
Ҳарфи висолро ки сияҳрӯ намезанад…
* * *
Бегона шумурданд, маро дар ватани хеш,
То беватану аз ҳама бегона бимирам…
* * *
Ин шакархоби ҷавонист, ки чун бод гузашт,
Вой аз ин умр, ки афсонаву руъё бошад…
* * *
Устод Муҳаммадҳусайни Шаҳриёр
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн