Баргузории конфронси “Сохтани пул (кӯпрук) миёни мазоҳиби исломӣ” дар Арабистони Саудӣ
Ахбори ҷаҳони ислом
Iqna
Конфронси байналмилалии “Сохтани пул миёни мазоҳиби исломӣ” аз сӯйи Иттиҳодияи ҷаҳони ислом рӯзҳои якшанбе ва душанбе (17 ва 18 март) бо ҳузури андешамандон ва уламо аз мазоҳиби мухталифи кишварҳои исломӣ аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Макка баргузор шуд.
Ба гузориши хабаргузории Iqna, ин конфронс бо ҳадафи тақвияти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни мазоҳиби мухталифи исломӣ, бо муҳтавои гуфтугӯҳои ҳадафманд барои тақвияти равобит дар хидмати аҳдофи муштарак, бавежа бо таваҷҷӯҳ ба мавзӯъоти умдае, ки ниёзманди ваҳдати назар аст баргузор шуд.
Ин конфронс ҳамчунин бар роҳҳои муқобила бо гуфтумонҳо, шиорҳо ва амалкардҳои ифротгароии мазҳабӣ, ки ба дунболи доман задан ба даргириҳо ва ихтилофоти мазҳабӣ аст ва ба арзишҳои бародарии исломӣ хадша ворид карда ва ба симои ислом ва муслмин латма мезанад, тамаркуз кардааст.
Фаъолиятҳои ин конфронс ҳамчунин шомили ҷаласае вежа буд, ки тайи он уламои аршад перомуни фоҷеаи Ғазза ва ҳамбастагии комил бо он суханронӣ карданд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ва виҷдони башариро масъули ин бӯҳрон донистанд ва бар эҷоди кишвари мустақилли Фаластин ба пойтахтии Қудси шариф таъкид карданд.
Интиқод аз коркарди манфии расонаҳо дар ташдиди ихтилофоти мазҳабӣ
Шайх Муҳаммад ибни Абдулкарим Алъисӣ, раиси ҳайати уламои мусалмон, бо интиқод аз коркарди манфии расонаҳо дар ташдиди ихтилофот, хостори таъаҳҳуди рисолати огоҳибахши расонаҳои ҷаҳони ислом шуд.
Вай дар ифтитоҳияи ин конфронс тайи суханоне гуфт: “Муҷриёни ин конфронс дар садад ҳастанд, то санади эҷоди пули ҳамбастагӣ миёни мазоҳиби исломиро, ки нишонаҳои нуронӣ ва далелҳои иршодии муҳимме дорад ва пуле аз ҳамкориро байни мазоҳиби исломӣ эҷод мекунад, содир кунанд, то беҳтарин равиш барои муқобилаи уммати мусалмон бо чолишҳо бошад.”
Вай бо баёни ин ки шиорҳои фирқагароёна танҳо мӯҷиби даргирӣ ва ташдиди низоъҳои мазҳабӣ мешавад, нисбат ба коркарди манфии расонаҳо дар ташдиди ихтилофот интиқод кард ва дар муқобил хостори таъаҳҳуди рисолати огоҳибахши расонаҳои ҷаҳон ислом шуд.
Дар идома, суханронон нутқҳои худро эрод карданд, ки ба тартиб иборат буданд аз: Оятуллоҳ Аҳмади Муталлиғӣ, узви Маҷлиси хубрагони раҳбарӣ аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муҳаммад Мухтор Ҷумъа, вазири авқофи Миср, шайх Мифтоҳулахёр Абдулғанӣ, раиси кулли Ҷамъияти наҳзатулуламои Индонезия, шайх Фазлурраҳмон, раиси Ҷамъияти уламои исломии Покистон, Алӣ ибни Абдурраҳмон Арбош, раиси умури динии Туркия, Сайидҷаводи Хӯуӣ, раиси Дорулилми Имом Хӯӣ аз Ироқ, шайх Муҳаммад ибни шайх Иброҳим Ниёс, раиси Иттиҳодияи исломии Офриқо ва шайх Вон Муҳаммад ибни Абдулазиз, раиси Ҷамъияти уламои Малайзия.
Iqna
Қаламонлайн
Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед: