Чӣ гуна бар ноумедиҳо пирӯз шавем?

Роҳҳои ғалаба бар ноумедӣ

Дар ислом, умеду орзу ҷойгоҳи баланде дорад.

Баъзеҳо хеле зуд аз раҳмати Худо ноумед шуда ва даст аз талош бармедоранд.

Ҳаргиз аз талош барои расидан ба аҳдофамон маъюсу ноумед нашавем; чун касе, ки ба Худо ва раҳматаш эътиқод дошта бошад, ноумед намешавад:

وَلا تَيْأَسُوا مِنْ رَوْحِ اللَّهِ إِنَّهُ لا يَيْئَسُ مِنْ رَوْحِ اللَّهِ إِلا الْقَوْمُ الْكَافِرُونَ

“Аз раҳмати Худо ноумед мабошед, зеро ҷуз гурӯҳи кофирон касе аз раҳмати Худо ноумед намешавад.” (Сураи Юсуф, ояти 87)

Худованд барои ғалаба бар ноумедӣ роҳҳое пешниҳод додааст:

— сабр ва истодагӣ:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اسْتَعِينُوا بِالصَّبْرِ وَالصَّلاةِ إِنَّ اللَّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ

“Эй касоне, ки имон овардаед! Аз сабр ва намоз ёрӣ биҷӯед, зеро Худо бо собирон аст.” (Сураи Бақара, ояти 153)

— такя ба Худо:

وَمَنْ يَتَوَكَّلْ عَلَى اللَّهِ فَهُوَ حَسْبُهُ

“Ҳар кас ба Худо такя ва эътимод кунад, вай бас аст!..” (Сураи Талоқ, ояти 3)

— ёдоварии неъмат‏ҳое, ки доред:

يَا أَيُّهَا النَّاسُ اذْكُرُوا نِعْمَةَ اللَّهِ عَلَيْكُمْ هَلْ مِنْ خَالِقٍ غَيْرُ اللَّهِ يَرْزُقُكُمْ مِنَ السَّمَاءِ وَالأرْضِ لا إِلَهَ إِلا هُوَ فَأَنَّى تُؤْفَكُونَ

“Эй мардум! Неъмати Худоро бар худ ёд кунед! Оё ғайр аз Худо офаридгорест, ки шуморо аз осмону замин рӯзӣ диҳад?! Худое ҷуз ӯ нест. Пас, чӣ гуна (аз вай) инҳироф меёбед?!” (Сураи Фотир, ояти 3)

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Маънои муҳаббат ва дӯст доштан
Порае аз васиятномаи Ибни Сино

Матолиби пурбоздид