Баҳои биҳишт дар баёни Паёмбари Акрам(с)
Маърифат
Паёмбари азимушшаъни ислом ҳазрати Муҳаммати Мустафо (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар ривояте фармудаанд:
اضمنوا لي ستًّا من أنفسكم أضمن لكم الجنة: اصدقوا إذا حدثتم، وأوفوا إذا وعدتم، وأدُّوا إذا ائتمنتم، واحفظوا فروجكم، وغضُّوا أبصاركم، وكفُّوا أيديكم
“Агар шаш чизро барои ман замонат кунед, ман биҳиштро бароятон замонат мекунам:
1) Ҳар гоҳ сухан гуфтед, рост гӯед;
2) Ҳар гоҳ ваъда додед, вафо намоед;
3) Ҳар гоҳ касе ба шумо амонате супурд, онро адо кунед, яъне амонатро ба соҳибаш баргардонед;
4) Авратҳои худро нигаҳ доред. (Яъне бо касе равобити ҷинсии ғайримашрӯъ анҷом надиҳед);
5) Чашмони худро аз номаҳрам бибандед;
6) Дастони худро боздоред. (Яъне даст наёзед ба ашёе, ки дастёзӣ ба онҳо муҷоз нест, масалан даст ба ҳаром мазанед, ё он ки касеро, ки заданаш муҷоз нест мазанед ва ғайра…)
(Ривояти Аҳмад, Ҳоким ва Ибни Ҳаббон аз Уббода ибни Сомит)
Қаламонлайн