Бист санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Русия ба имзо мерасад
Ахбори минтақа
Михаил Мишустин нахуствазири Русия қарор аст ба Тоҷикистон сафари расмӣ дошта бошад ва дар ҳошияи сафари дурӯзаи нахуствазири Русия ба Тоҷикистон пешбинӣ мешавад, ҳудуди 20 санади ҷадиди ҳамкорӣ байни ду кишвар имзо шавад.
Дар чорчӯби нӯҳумини Конфронси ҳамкории байниминтақавӣ, ки бо ҳадафи густариши ҳамкориҳои амалии Тоҷикистон ва Русия барпо мешавад, ҷаласоти умумӣ бо мавзӯи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи ҳамкории саноатӣ, энержӣ, муҳити зист, ҳамлу нақл ва ҳамкориҳои илмӣ, омӯзишӣ ва башардӯстона сурат мегирад.
Дар дувумини рӯзи конфронс дидорҳои ҳузурӣ ва ҳамчунин нишасти Шӯрои тиҷории Тоҷикистон ва Русия бо мушорикати ҳудуди 500 намоянда аз маҳофили тиҷории Русия, баргузор хоҳад шуд.
Дар дувумин рӯзи конфронс, ширкати Федералии ҳимоят аз касбу корҳои кӯчак ва мутавассити Русия ба ҳамроҳии Созмони умумии машоғили кӯчак ва мутавассит, барои ширкатҳои кӯчак ва мутавассит дар шаҳри Душанбе бистаре барои барқарории тамос ва иртибот фароҳам мекунад.
Дар ин фазо ширкатҳои тоҷикистонии фаъол дар заминаи металлургия, муҳандисӣ, саноати нассоҷӣ ва ғизоӣ, кишоварзӣ ва домпарварӣ, пизишкӣ ва хадамоти фанноварии иттилоот ва маҳсулот ширкат мекунанд.
Михаил Мишустин, нахуствазири Русия аз 2 то 3 марти соли 2023 ба Тоҷикистон сафари расмӣ хоҳад дошт.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн