Бовараш бисёр сахт аст

Таҳлили хабарӣ
Бовараш бисёр сахт аст
Ёддошти Сайидюнуси Истравшанӣ
Ҳодисае, ки бо наҷавони 15-сола дар Тоҷикистон яъне Хисрав Одинаев рӯй дода, ки дар он, падаре писари худро бо озору шиканҷа ба ҳалокат расондааст, бо вуҷуди ин ки навори ин фоҷеа дар расонаҳо мунташир ва ин “падар” дастгир шудааст, бо ин ҳама аммо бовараш бисёр сахт аст.
Яъне одам бовараш намешавад, ки як падар, писари худро бо ин шакл ва ба ин сурат мавриди озору шиканҷа қарор бидиҳад ва тоза, онро дар шабакаи маҷозӣ муниашир кунад ва ин навҷавон бар асари шиканҷаҳо бимирад!
Хуб, ин бовараш сахт аст! Бисёр сахт аст! Чӣ касе бовар мекунад?! Зеро одатан, як одам агар фарз кунем, басиришт аст, ситамгар аст, бадсигол ва басират аст, хуб, бадии ӯ ба ҷигаргӯшаи худ, ки нест, метавонад барои як бегона бошад. Шумо ҳайвонотро ҳатто ҳашаротро дидаед?! Ин забонбастаҳо ҳаргиз ҳозир нестанд, осебе ба фарзандашон бирасад.
Касе, ки даст ба ин ҷиноят зада, дигар инсон нест, шоиста нест номи инсон рӯйи ӯ гузошта шавад ва балки ҳатто ҳайвон ҳам нест, пастар аз он аст! Ин ҷафо ба ҳайвон аст агар якчунин мавҷудеро ҳайвон биномем. Ҳайвонот ҳаргиз ба ҷигаргӯшаи худ инчунин рафторе намекунанд.
Банда фикр мекунам, яке аз сабабҳои чунин гардидан ва аз ҷиргаи ИНСОНИЯТ берун шудан, халаъе аст, ки дар ҷомеаи мо дар натиҷаи аз байн рафтани арзишҳои инсонӣ эҷод шудааст. Халаъе, ки мо худамон эҷод кардаем, хусусан ҳукумати Тоҷикистон зарфи ду се даҳаи ахир эҷод кардааст. Вақте арзишҳои волои инсонӣ – аз меҳр, шафқат, аз худ гузаштагӣ, дигардӯстӣ ва ғайра – дар ҷомеае ба шиддат саркӯб ва онҳо “соддагӣ” талаққӣ мешаванд ва ба ҷойи онҳо, хислатҳое чун манфиатталабӣ, маслиҳатхоҳӣ, ҳама чизро барои худ хостан ва омӯзаи “ҳадаф василаро тавҷеҳ мекунад” ва ин ки барои манофеъи шахсӣ ва ҳатто манофеъӣ кишвариат ҳозир шав ҳама чизро қурбон кун, вақте якчунин омӯзаҳое дар ҷомеа реша медавонад, он вақт ба вуҷуд омадани дупое ба номи Парвиз Одинаев баъид нест.
Ҳанӯз дер нашуда ҳукумат даст аз сиёсати МАЪНАВИЯТКУШӢ ба номи мубориза бо хурофот, даст бардорад. Ба руҳоният иҷоза бидиҳад, кори худро озодона дар ҷомеа анҷом диҳанд. Вагарна ҷомеа табдил мешавад ба як ҷангал!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Эрон аз Амрико хасорат мехоҳад
Сафари Ироқчӣ ба Душанбе

Матолиби пурбоздид