Бойден: “Шонси тамдиди оташбас дар Ғазза болост”
“Аз байн бурдани Ҳамос душвор аст”
Ҷо Бойден, раисиҷумҳури Омрико, дар изҳороте, ки дар ҷамъи хабарнигорон баён кард, гуфт, ки эҳтимоли тамдиди вақфаи чаҳоррӯза дар ҷанги Исроил алайҳи Ғазза вуҷуд дорад.
Ба гузориши хабаргузории Reuters, раисиҷумҳури Омрико, дар посух ба ин суол, ки ҷанги Ғазза то чӣ замоне идома пайдо хоҳад кард, бар ҳимояти худ аз Исроил таъкид ва тасреҳ кард: “Фикр мекунам, шонс барои амалӣ шудани тамдиди оташбас вуҷуд дорад. Интизор ва умеди ман ин аст, ки ҷаҳони араб ва кишварҳои минтақа ҳам ба ҳамаи тарафҳо фишор биёваранд, то ҳар чи сареътар ба ҷанг поён диҳем.”
Вай муддаӣ шуд, ки Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро ташвиқ карда, то талафоти ғайринизомиён камтар шавад. Интизор меравад теъдоди бештаре аз асирони саҳюнист ва зиндониёни фаластинӣ то рӯзи душанбе ва дар ҷараёни таваққуфи даргирӣ, озод шаванд.
То кунун ҳудуди 15 ҳазор фаластинӣ, ки бештари онҳо зану кӯдак ҳастанд, дар бомбборонҳои артиши режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расидаанд. Бар асоси шароити оташбас, ки аз авоили рӯзи ҷумъа иҷроӣ шуд, 50 асири саҳюнист дар Ғазза дар изои 150 зану кӯдаки фаластинӣ аз миёни ҳазорон зиндонӣ, ки дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ҳастанд, тайи чаҳор рӯз озод хоҳанд шуд.
Рӯзи ҷумъа 39 фаластинӣ дар каронаи Бохтарии ишғолӣ дар изои озодии 24 асир аз ҷумла 13 исроилӣ тавассути Ҳамос озод шуданд. Пас аз озодии аввалин асирони саҳюнист, ки дар ихтиёри Ҳамос буданд, Бойден гуфт: “Ин тоза шурӯъи кор аст, аммо то кунун ба хубӣ пеш рафтааст. Телавив эълом кардааст, ки дар сурати озодсозии асирони бештар (10 нафар дар рӯз) омода тамдиди оташбас аст.”
Ҳамос гуфта, ки асиронеро, ки дар ихтиёр дорад, танҳо бо ҳазорон фаластинӣ, ки дар шароити сахт дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ба сар мебаранд, мубодала хоҳанд шуд. Бисёре аз ин зиндониёни фаластинӣ бидуни ҳеч иттиҳоме нигаҳдорӣ мешаванд.
Ҳудуди 200 мошини ҳовии кӯмакҳои башардӯстона низ ба унвони бахше аз оташбас рӯзи ҷумъа вориди минтақаи муҳосарашудаи Ғазза шуда ва аввалин маҳмулаҳои имдодӣ аз замони оғози ҷанг, ба шимоли Ғазза дар рӯзи шанбе расид.