Бузургтарин падидаи асри мо
Понздаҳ гуфтор – 2
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Нифоқ, бузургтарин падидаи асри мо
Боризтарин мушаххиси асри мо, зоҳиртарин падидаҳои иҷтимоии асри мо ва бузургтарин корхонаҳои замони мо чист? Бузургтарин падидаи асри мо, нифоқ аст. Нифоқ яъне ин ки башар ҷуре фикр бикунад, ҷури дигаре ҳарф бизанад. Яъне фосила миёни дилу забон. Доиман мегӯянд, фосилаи табақотӣ. Фалон кас чаро бояд меллиардер бошад, дигаре хокнишин бошад? Албатта ғалат аст. Вале фосилае аз фосилаи табақотӣ бештар, ин фосилаи миёни дилу забон аст, ки дар башари имрӯз пайдост, ин фосила миёни зоҳиру ботин аст, фосила миёни иддаъо ва амал аст, фосила миёни гуфтору кирдор аст.
Дар кадом асру замон ин миқдор мафоҳими муқаддаси башарӣ истеъмол шудааст? Дар кадом асру замон ин қадр дам аз ахлоқ ва сулҳ ва амният ва озодӣ ва мусовот ва бародарӣ ва баробарӣ ва инсоният ва ҳуқуқи башар заданд ва дар кадом аср ба андозаи замони мо ин мафоҳимро малъаба қарор доданд ва бо инҳо бозӣ карданд? Аз он сари дунё бо ҳавопаймояш ҳаракат мекунад ва бомбҳои оташзоро рӯйи сар мардуми бегуноҳ мерезад, баъд мегӯяд: тасмими Омрико дар дифоъ аз озодӣ росих аст.
Он блоки дигарро ҳам дар Чехославакия дидед. Бузургтарин падидае, ки дар асри мо ҳаст, падидаи нифоқ аст ва бузургтарин корхонае, ки дар асри мо ихтироъ шудааст, корхонаи қалби ҳақоиқ аст. Ин аст бузургтарин ниёзи башар ва модари ҳамаи ниёзҳо дар асри ҳозир. Башар дардаш ҳама аз ноҳияи дунёи берун нест, бештар аз ноҳияи худаш аст.
Як силсила масоил аст, ки дар сатҳи пойинтар аз табиати башар аст, яъне табиати ӯ бар он ҳукумат мекунад ва он дар дасти табиати башар абзор аст ва ҷуз абзор чизе нест. Илм аз ин қабил аст. Илм қудрат надорад бар табиати башар мусаллат бишавад. Табиати башар, илмро — ба ҳар дараҷа, ки бирасад — дар ихтиёри худаш мегирад, истихдом мекунад ва мисли як абзор аз он истифода менамояд. Ақл ва қонун ва фалсафа ва фикр ва санъат аз ин қабил аст.
Башар бо ин қудрати илмӣ ва фаннии худ, ки мебинем, имрӯз оҳанги сафари афлок кардааст ва ба кураи моҳ меравад, дар дарё ва саҳро ва фазо нуқтае нест, ки натавонад он ҷоро тасхир кунад. Як ҷо, ки мондааст ва он ҷоро дигар қудрат надорад. Нафс ва руҳи худаш аст. Бо ин ҳама пешрафтҳо дар марҳилаи илму фанн, дар ноҳияи одамият ва хӯйи инсонӣ ва инсоният чӣ қадр ҷилав омада? Як қадам наомада, чун кори илму фанн нест, кори имон аст.
Ин як баҳси мухтасаре аст роҷеъ ба масъалаи эҳтиёҷ ва ниёзе, ки ҷаҳони имрӯз ба имон ба таври мутлақ дорад. Боз рӯйи ин ҳам наметавонам баҳс бикунам, чун мехоҳам баҳси худамро лоақал ба таври ихтисор ҳам шуда, ба охир бирасонам.
Имон, пояи ҳамаи муқаддасот
Муқаддасоти башар чист? Адолат яке аз муқаддасоти башар аст. Озодӣ яке аз муқаддасоти башар аст. Эҳсон яке аз муқаддасоти башар аст. Амният яке аз муқаддасоти башар аст. Ростӣ, дурустӣ, амонат, яке дигар аз муқаддасоти башар аст.
Бидуни шак, тамоми инҳо дар гарави имонанд. Он чизе, ки башар надорад ин аст. Ҳоло чӣ имоне? Ин имонро аз куҷо бигирем. Имон, ки қарордодӣ нест. Имон яъне василае, ки битавонад руҳи моро бикашад ва ҷазб кунад, яъне битавонад бар сирри замири мо ҳукумат кунад.
Шарти аввалаш ин аст, ки лоақал як китоби осмонии равшане мавҷуд бошад, ки ҳадди ақал инсон итминон дошта бошад, ки ин китоб аз соҳиби худаш аст. Ба қавли оқои (Муҳаммадтақии) Шариатӣ, агар мо ваҳйи Қуръон ва нубуввати хотамро аз дунё бигирем, аслан нубуввати қобили исботе нест. Агар биност башар ба як китоби осмонӣ имон дошта бошад, яъне агар як китоби осмонӣ вуҷуд дошта бошад, ки як одам бетаъссуб битавонад рӯйи он лоақал фикр бикунад, Қуръон аст. Ҳар китоби дигареро шумо нигоҳ мекунед, мебинед аввалин шарташ маъдум аст, интисобаш ба соҳибаш аслан маълум нест. Инҷил, Таврот ва Авасто ин тавр аст. Осоре, ки ба паёмбарони ориёӣ — ба қавли доктор Шариатӣ — нисбат додаанд, ин гуна аст. Танҳо китобе дар дунё, ки ба таври қатъу яқин — аз он офтоб ва аз ин чароғ равшантар — мешавад гуфт аз ҳамон оварандааш аст, Қуръон аст.
Решаи рӯйгардонӣ аз дин дар асрҳои ахир
Масъалаи муҳимтар дар ин ҷо ин аст: мо бояд як сайре ва як мутолеаи иҷмолӣ бикунем роҷеъ ба ин ки ин сархӯрдагӣ, ки башар нисбат ба дин ба таври куллӣ дар аъсори ахир пайдо кард, ношӣ аз чист? Бидуни шак, як навъ рӯйгардонӣ дар башари се чаҳор қарни пеш то имрӯз нисбат ба дин ба таври куллӣ вуҷуд дошта ва худи дунёи ислом ҳам каму беш дучори чунин бӯҳроне ҳаст. Решаи қазия чист? Гоҳе баъзе суол мекунанд, ки шумо мегӯед, дин ба таври куллӣ фитрии башар аст, агар фитрии башар аст, пас чаро гурӯҳи зиёде аз мардум аз дин сарфи назар кардаанд? Аз амри фитрӣ, ки намешавад сарфи назар кард. Ин дуро бо ҳамдигар ҷавоб арз мекунам.
Башар дорои ғароизи мухталиф аст, дорои ниёзҳо ва эҳтиёҷоти мухталиф аст ва тамоми ин эҳтиёҷҳо ва ниёзҳо аз табиат ва фитраташ сарчашма мегирад. Агар шумо ҳамаи ин ниёзҳои фардӣ ва иҷтимоии башарро ҳамоҳанг бо якдигар ишбоъ кунед, башар дунболи тамоми умури фитрии худаш меравад. Вале гоҳе миёни ғаризаҳои мухталиф, миёни ниёзҳои мухталиф ҷанг андохта мешавад.
Фарз кунед, яке аз ниёзҳои табиии башар ниёзи ҷинсӣ аст. Яке ҳам ниёзи руҳӣ ва ботинӣ аст. Шумо агар ин ду ниёзро дар ҳадди худ ишбоъ ва ирзо кунед, ишколе пеш намеояд. Вале як вақт меойед миёни ин ду ҷанг меандозед; таваҳҳуме мекунед, мегӯед, ё ман бояд аз ғаризаи динӣ ва аз динам сарфи назар кунам, ғаризаи ҷинсиро ишбоъ кунам; зан бигирам, мутаъаҳҳил башавам. Ва ё ин ки баръакс, дунболи ғаризаи динӣ биравам, худамро олуда ба ирзои ин ғариза накунам. Ин ҷо ночор яке аз ду ғариза аз миён меравад. Ё шумо дунболи он меравед, инро мариз мекунед, ё дунболи ин меравед, онро мариз мекунед. Ҳамин тавр агар миёни ғаризаи илм ва як ғаризаи дигар ҷанг биандозед. Ё агар шумо бихоҳед миёни ғаризаи мол – ки як ғариза аст барои башар – ва яке аз ғароизи дигар ҷанг биандозед, ташвиш пайдо мешавад. Агар ғаризаи эҳтиром дар миёни иҷтимоъро бо як ғаризаи дигар, илм ё имон ё ахлоқ, ҷанг биандозед, ҳамин ҷур аст. Шикасти динҳо дар дунё зери сари касоне аст, ки миёни дин ва соири ниёзҳои башарӣ ҷанг андохтанд. Ва мо беш аз ҳар ҷойи дигар ғаромати иштибоҳи ҷаноби калисоро бояд бипардозем.
Иштибоҳоти калисо
Ин калисо буд, ки – ба қавли нависандае – ҳатто миёни ибодот ва муомилот тафкик кард; гуфт, ибодот ба як дунё бастагӣ дорад, муомилот ба дунёи дигаре; ту бояд ба он дунё биравӣ бо ибодот ё бояд ба ин дунё биравӣ бо муомилот.
Калисо дар ибтидои зуҳури илм дар давраи реннесанс, чанд иштибоҳи бузург кард. Миёни дин ва зиндагии мӯътадил ва шарофатмандонаи дунё ҷанг андохт, миёни илм ва дин ҷанг андохт, миёни дин ва ақл ҷанг андохт; гуфт: асли усули дин аз ҳавзаи ақл хориҷ аст, минтақаи мамнӯъа барои ақл аст, шумо бояд чашматон кӯр бишавад, бигӯяд: мабдаъи олам сетост, дар айни ин ки сетост, яке аст, дар айни ин ки яке аст, сетост. Мураттаб такрор кун, бигӯ. Агар мегуфтед: чӣ тавр мешавад худои сегонаро қабул кунам ё Худои ягона, мегуфт: ҳамин ҷур бигӯ ва ба ҳамин ҳам имон дошта бош; агар ақлат қабул намекунад, бигӯ: ғалат накун, фузулӣ накун!
Таъсири ислом дар тамаддуни Урупо
Иштибоҳе, ки калисо муртакиб шуд, баъдҳо ғароматашро то андозае дунёи ислом маҷбур шуд бипардозад, барои ин ки афрод ташхис надоданд, хаёл карданд ба таври куллӣ хоссияти дин ҳамин аст; надонистанд як дине ҳам дар дунё зуҳур кард, ки ин дин гузашта аз маънавияти бисёр олӣ, ки дорад, худаш як тамаддун ба вуҷуд овард, холиқи як тамаддун шуд, миллатҳои мутанаввеъи гуногунро ба якдигар пайванд дод ва бузургтарин тамаддунҳои оламро ба вуҷуд овард, тамаддуне, ки ҳаққи бисёр азиме бар тамаддуни имрӯзи Урупо дорад ва хушбахтона тадриҷан дунёи Урупо дорад иқрор ва эътироф мекунад.
Агар ҷилди 11-уми тарҷумаи форсии китоби “Таърихи тамаддун”-и Вилл Дюрантро бихонед, то андозае равшан мешавед. Гюстав Лебон то ҳудуде ин матлабро баён кардааст. Дар ҷилди дуввуми китоби “Муҳаммад (с), хотами паёмбарон”, нашрияи Ҳусайнияи Иршод, мақолае — ки баъд китоб хоҳад шуд — таҳти унвони “Корномаи ислом” ба василаи яке аз асотиди донишгоҳ навишта шудааст. Дилам мехоҳад шумо он мақоларо бихонед, бибинед ислом чӣ тамаддуни дурахшонеро ба вуҷуд овардааст ва дунёи Урупо дар ҷамиъи шуъуни зиндагии худаш чӣ қадр мадюни ислом аст!
Дар муқаддимаи ҳамин китоб, мо сухани шайх Муҳаммад Абдуро нақл кардаем, ки дунёи Урупо аз рӯзе, ки аз дини худаш сарфи назар кард, ба сӯйи саодат гом бардошт, дунёи ислом аз рӯзе, ки аз дини худаш сарфи назар кард, бадбахт шуд. Ва ин тафовути ду дин аст. Як чизе изофа кардем: ин дунёи Урупо, ки мегӯянд аз дини худаш даст бардошт, бале аз дини худаш канораҷӯӣ кард, аммо ба кадом тараф рафт? Ба сӯйи ислом.
Таърихи тамаддунҳоро ба диққат бихонед. Яке аз иллатҳои тамаддуни урупоӣ, иншиъоби протестанҳост, ки инҳоро дар миёни аҳли мазҳаби Масеҳ назири шиъаҳо дар миёни аҳли ислом медонанд, бо ин тафовут, ки инҳо 1500 сол баъд аз Масеҳ омаданд, вале ташайюъ аз замони Пайғамбар аст. Ин гурӯҳ — ки албатта ададашон ҳанӯз ба адади католикҳо намерасад, вале ҷамъияти бисёр мӯътано биҳи ҳастанд — ислоҳот асосӣ дар дини Масеҳ анҷом доданд. Дар миёни ислоҳоте, ки аз инҳо зикр кардаанд, дар дараҷаи аввал се чиз аст:
1) Бардоштани фосилаи миёни инсон ва Худо ва ба таъбири Сайид Ҷамолуддини Асадободӣ ва дигарон, арзиш додан ба шахсияти инсонӣ. Гуфтанд: “Поп восита аст” яъне чӣ?! Худо ба ҳамаи мардум наздик аст, Худоро бидуни воситаи кашиш, балки ҳеч бандае парастиш кунед. Худо ба тамоми бандагон наздик аст, дарди дили ҳар бандаеро мешунавад. Эй инсон! дар тамос гирифтан бо Худо, эҳтиёҷ ба восита надорӣ;
2) Барои ақл дар ҳарими дин ҳақ қоил шуданд; гуфтанд: он масоиле аз масоили динӣ ва усули динӣ, ки зидди ақл аст, тардкарданӣ аст, бояд дураш афканд;
3) Мавзӯи амал ва таваҷҷӯҳ ба маъош ва саъю кор, он ҳам ба ҳадди аъло, ба таъбири Қуръон. ҷиҳод ва сахткӯшӣ ва ин ки беҳбуди маъош ҳам ибодат аст.
Ин се асл ҳар се мустақим аз ислом гирифта шуд. Баъд аз ҷангҳои салибӣ ва тамоси шарқу ғарб, баъд аз он ки бо арзишҳои исломӣ ошно шуданд, ин се аслро аз ислом гирифтанд ва ба номи ислоҳот дар дини Масеҳ ворид карданд, гӯ ин ки ҳанӯз инҳоро — махсусан он бахши аввалро — ба таври комил натавонистаанд риоят кунанд.
Гоҳе дар китобҳои таърихи тамаддун мехонем, ки яке аз иллатҳои тамаддуни урупоӣ пайдоиши мазҳаби протестан аст. Мазҳаби протестан мавлуди бархӯрди масеҳият бо ислом ва иқтибоси усули аввалии ислом аст. Як иллати асосӣ ва умдаи тамаддуни урупоӣ пайдоиши мазҳаби протестан аст. Яъне ин ислом аст, ки мустақиман дар сарнавишти тамаддуни урупоӣ таъсир доштааст. Ҳоло баъд чӣ дасисаҳое аз тарафи худи онҳо ба кор рафт, мустақим ё ғайримустақим, ки афкори палиди худашонро ба мо доданд, ҷояшонро бо мо иваз карданд, он ҷойе, ки мо будем, онҳо омаданд, ҷойе, ки онҳо буданд, яъне афкори худашонро ба мо доданд ва афкори моро барои худашон гирифтанд, он бимонад. Хушбахтона ашхоси боинсофе дар миёни урупоиҳо ҳастанд.
Идома дорад…
Қаламонлайн