Вазири умури хориҷаи Эрон: “Тарсими дубораи марзҳо хатти қирмизи Эрон аст”

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба коридори Зангезур: “Тарсими дубораи марзҳо хатти қирмизи Эрон аст”

Ахбори байналмилал

Сайидаббос Ироқчӣ, вазири умури хориҷаи Эрон, бо таъкид бар суботи минтақаӣ ба унвони яке аз устувонаҳои амнияти миллии Эрон ёдовар шуд: “Ҳар гуна таҳдиди сарзаминӣ ё тағйири геополотикӣ дар атрофи марзҳои кишварамон, хатти қирмизи Эрон хоҳад буд.”

Вай бо интишори паёме дар шабакаи иҷтимоии Х, навишт:

“Сулҳ, амният ва суботи минтақаӣ танҳо як авлавият нест, балки яке аз устувонаҳои амнияти миллии мост ва ҳар таҳдиде алайҳи тамомияти арзии ҳамсоягони мо, ё тарсими дубораи марзҳо, чӣ дар шимол бошад, чӣ дар ҷануб, чӣ дар шарқ ва чӣ дар ғарб, комилан ғайриқобили қабул аст ва барои Эрон хатти қирмиз ба шумор меравад.”

Гуфтанист, ахиран сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова, дар изҳороте гуфта буд, ки мавзеи ин кишвар дар бораи коридори Зангезур, ки Ҷумҳури Озарбойҷонро аз тариқи Сюники Арманистон ба Нахичеван муттасил мекунад, қатъӣ аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамвора бар аҳаммияти бозмондани масирҳои мувосилотии таърихӣ таъкид карда ва вазири умури хориҷаи ин кишвар, Сайидаббоси Ироқчӣ ҳам пеш аз ин дар изҳороте таъкид кард, ки “баъзе масирҳо дар атрофи Эрон на танҳо бо манофеи миллӣ, балки бо амнияти миллии мо таоруз дорад. Вазифа дорем истодагӣ кунем.”

Дар пайи изҳороти сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия дар бораи ин коридор, дастёри вазир ва мудири кулли Авруосиёи Вазорати умури хориҷаи Эрон бо даъват аз сафири Русия ба ӯ мухолифати Эрон бо тағйири марзҳои шинохташудаи байналмилалӣ ва тағйироти геополитикро таъкид кард.

Дар ин дидор, бар эҳтиром ба ҳокимияти миллӣ, тамомияти арзӣ ва манофеи мутақобил кишварҳо дар ҳавзаи Қафқоз таъкид шуд.

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мӯҳсини Ризоӣ: “Рафтори Русия бо Эрон, дар таноқузи ошкор аст”
Даҳ гуфтор – YIII

Матолиби пурбоздид