Ваъдаи худро вафо накард…
Дидӣ, ки ёр ваъдаи худро вафо накард,
Моро ба хеш хонду ба хилват раҳо накард.
Бисёр лоба кардаму зориву бехудӣ,
Он нохудойтарс дари баста во накард.
Гар буд дар миёна ҳадисе, чаро нагуфт?
В-ар дошт шиквае зи ман он дам, чаро накард?
Рафтам бад-он умед, ки ҳоҷат кунад раво,
Аз дар равона кардаму ҳоҷат раво накард.
Моро чу мӯйи хеш парешон фурӯ гузошт
В-аз рӯйи лутф чашми иноят ба мо накард.
Оҳам шунид, лек нафармуд раҳмате,
Набзам бидид, дарди диламро даво накард.
Гуфтам, ки рӯйи дил ба сӯйи дигаре кунам,
Ҳусни вафову аҳди қадимаш раҳо накард.
Не не, шикояте натавон кард, эй Камол!
Султони вақт агар назаре бар гадо накард.
(Мавлоно Камоли Хуҷандӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн