Вақте як ҷинояткор яҳудӣ аст, мешавад бемори равонӣ, на терурист, зеро терурист “бояд” мусалмон бошад
Ёддошти Сайидюнуси Истаравшанӣ дар мавриди ҷинояте, ки дар фурудгоҳи Шереметевои Маскав рух дод
Наворе, ки нишон медиҳад, як ҷинояткор тифли худсолеро дар фурудгоҳи “Шереметево” дар Маскав ба замин парт мекунад, ин навор алорағми иддаоъои дӯстон аз ҷумла акои Темур Варқӣ, “фейк” нест, як ҳақиқати талхе аст, ки иттифоқ афтода.
Аҷиб он ки ин ҷинояткор, ки як яҳудии шаҳрванди Белорусия аст, мегӯянд, ин “бечора” фақат як бемори равонӣ асту бас.
Ин табриа (сафедкунӣ) дуруст мисли табриаи Андерс Брейвик ва тавҷеҳи рафтори ваҳшиёнаи ӯ дар Нурвеж дар чанд сол пеш аст, ки одамони бегуноҳ, ки бештарашон кудак буданд ба рагбор баста буд.
Бинобар ин, ҳар чизро бояд ба воқеияташ хонд, на ин ки тавҷеҳ кард.
Аммо ин ки он кӯдак афғонистонӣ будааст, на эронӣ, бале ин дуруст аст, ман алъон дар расонаҳо дидам.
***
Манзури ҷаноби Истаравшанӣ ин аст, ки агар як мусалмон ҷиноятеро муртакиб шавад, ӯро террорист мехонанд, аммо агар як яҳудӣ ва ғайримусалмон ҷинояти сахтеро ҳам муртакиб шавад, ба ӯ намегӯянд, террорист, балки мегӯянд ин бечора бемори равонӣ аст…
Қаламонлайн