Гурӯҳи Вагнер: “Аз Маскав кӯмак нарасад, ақибнишинӣ мекунем”

Гурӯҳи Вагнер: “Аз Маскав кӯмак нарасад, ақибнишинӣ мекунем”

Ахбори байналмилал

Ҳудуди 10 моҳ аз талоши низомиёни рус барои тасарруфи шаҳри кучак ва вайрон аммо роҳбурдии Бахмут дар шарқи Укройн мегузарад. Киев мегӯяд, бо чангу дандон аз ин шаҳр, ки Русия онро пиллае барои ҳамла ба шаҳрҳои дигар медонад, дар баробари гурӯҳи Вагнер ва низ артиши Русия дифоъ хоҳад кард.

Ба гузориши Euronews, бо сипарӣ шудани моҳҳо аз замони оғози даргирӣ дар шаҳри роҳбурдии Бахмут ва бурузи нишонаҳое аз вуҷуди ихтилоф байни нерӯҳои артиши Русия ва нерӯҳои гурӯҳи Вагнер, фармондеҳи ин гурӯҳ таҳдид кардааст, ки агар Маскав фавран муҳиммоти лозимро ба онҳо ирсол накунад, авзоъ ба ҳамин шакл пеш нахоҳад рафт.

Ин дар ҳолест, ки дар он сӯйи майдони набард, сухангӯи артиши Укройн эълом кардааст, ки артиши ин кишвар тавонистааст ҳамчунон контроли яке аз масирҳои аслии тадорукот ба шаҳри Бахмутро ҳифз кунад.

Сергей Череватый, сухангӯи нерӯҳои укройнӣ дар шарқи ин кишвар, дар мусоҳибае эълом кард, ки нерӯҳои ин кишвар 58 ҳамлаи Русияро тайи шабонарӯзи гузашта дар имтидоди ҷануби минтақаи Донетск дафъ кардаанд.

Ҳамчунин Евгений Пригожин, фармондеҳи гурӯҳи Вагнери Русия, дар мавриди иддаои Кремлин мабнӣ бар пешбурди умур дар Укройн мутобиқ бо барномарезиҳои аз пеш анҷомшуда гуфт: “Русия дар остона як фоҷеа қарор дорад.”

Вай бо муттаҳам кардани фармондеҳони аршади низомии Русия ба фиребкорӣ дар мавриди ҷанг гуфт: “Бояд аз фиреб додани мардум ва гуфтани ин ки ҳама чиз хуб аст, даст бардорем.”

Вай дар ин мусоҳиба номаеро хонд, ки рӯзи ҷумъа барои Сергей Шойгу, вазири дифоъи Русия фиристода буд ва дар он улиматум дод, ки агар Вазорати дифоъи Русия фавран муҳиммоти мавриди ниёзро таъмин накунад, ҷанҷӯёни худро аз Бахмут берун хоҳад кашид.

Пригожин ба таҳқири раҳбарони низомии Русия идома дод ва гуфт, ки дастовардҳои низомии артиши Русия дар Укройн хандадор аст. Вай гуфт: “Мо (аз замони оғози ҷанг) чӣ кардем? Артиши Русия – дуввумин артиш дар ҷаҳон – ро ба чӣ чизе табдил кардаем? Кӣ медонад… Мо чӣ артише ҳастем, ки наметавонем аз паси Укройни кучак барбиёем?”

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ардуғон: “Саркардаи ДОИШ дар Сурияро куштем!”
Нируи ҳавоии СПАД ташкил хоҳад шуд

Матолиби пурбоздид