Гурӯҳи Вагнери Русия: “Бахмути Украинаро тарк мекунем”
Ахбори байналмилал
Евгений Пригожин, раиси нерӯҳои низомии гурӯҳи “Вагнер”-и Русия, рӯзи ҷумъа, 5-майи 2023, дар як эъломияи ногаҳонӣ гуфт, нерӯҳояш шаҳри Бахмути Украинаро, ки аз тобистони гузашта дар талош барои тасарруфи он будаанд, тарк хоҳанд кард.
Пригожин гуфт, ки онҳо ба далели талафоти сангин ва камбуди муҳиммот, дар рӯзи 10-май, аз шаҳри Бахмут ақибнишинӣ хоҳанд кард ва ба мушорикати худ дар тӯлонитарин ва хунинтарин набард поён медиҳанд. Ӯ аз вазири дифои Русия хост, то нерӯҳои артишро ба ҷойи гурӯҳаш вориди ҷабҳаи набард кунанд.
Пригожин пештар борҳо дар мавриди камбуди маводди ғизоӣ ва силоҳ барои ҷангидан дар ҷабҳаи сангини Бахмут, ба сарони артиши Русия ҳушдор дода буд.
Вай изҳор дошт: “Ман ба намояндагӣ аз ҷангҷӯёни “Вагнер” эълом мекунам, ки дар 10-майи 2023 муваззафем мавозеъ дар шаҳраки Бахмутро ба воҳидҳои Вазорати дифоъ вогузор кунем ва боқимондаҳои “Вагнер”-ро ба урдугоҳҳо бозгардонем, то захмҳоямонро дармон кунем. Ман воҳидҳои “Вагнер”-ро аз Бахмут берун мекашам, зеро дар ғиёби муҳиммот, онҳо маҳкум ба нобудии бемаънӣ ҳастанд”.
“Вагнер” талоши тӯлонӣ ва пурҳазинаи Русия барои тасарруфи Бахмутро раҳбарӣ мекунад. Пригожин се ҳафта пеш гуфта буд, ки афродаш беш аз 80 дарсади шаҳрро контрол мекунанд. Аммо мудофеони украинӣ муқовимат карданд, то кор барои Русия сахт шавад.
Пригожин (рӯзи ҷумъа, 5-майи 2023) дар видеое зоҳир шуд, ки дар он тавассути даҳҳо ҷасад иҳота шуда буд. Вай дар ин видео таъкид мекунад, ки аҷсод марбут ба ҷангҷӯёни “Вагнер” ҳастанд. Вай дар ин видео бар сари Сергей Шойгу, вазири дифоъ ва Валерий Герасимов, раиси ситоди кулли артиш, фарёд мезанад ва дашномашон медиҳад. Ӯ гуфт, ки онҳо дар талафоти “Вагнер” муқассир буданд, зеро сарбозонашро аз муҳиммот маҳрум карда буданд.
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн