Дар роҳи ишқ

Адаб

Дар роҳи ишқ

Камоли Хуҷандӣ

Дар роҳи ишқ ҳар ки ба мо иқтидо кунад,
Бояд, ки сар бибозаду ҷонро фидо кунад.
Девонавор хонаи ҳастӣ кунад хароб,
Ҳар к-ӯ асоси ишқи ҳақиқӣ бино кунад.
Ёре гузидаем, ки дар ҳосили ҳаёт
Гар сар кунем дар сари кораш, киро кунад.
Дар ҳаққи ман рақиб агар гуфт тӯҳмате,
Соҳибназар ҳар ойина ин ифтиро кунад.
Рӯзе зи рӯйи лутф напурсӣ, ки ин ғариб
Бе мо чӣ гуна мегузаронад, чиҳо кунад?
Вақте нидое аз сари кӯят шунидаме,
Ку ҳотифе, ки бозам аз он ҷо нидо кунад?
Сисола бандагии Камол ар қабул нест,
Рафт он чӣ рафт, боз зи нав ибтидо кунад.
(Мавлоно Камоли Хуҷандӣ)
Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чизе аз хабари Ҳақ ширинтар набошад…
Бонки Ҷаҳонӣ: Иқтисоди Тоҷикистон рӯ ба коҳиш аст

Матолиби пурбоздид