Дар чунин зулмат чароғ афрӯхтӣ
Чаро Мавлоно беҳамтост?!
Мавлоно, воқеан бузург ва беҳамтост, инро на ба ин ҷиҳат, ки ҳаммиҳани мо ва форсизабон аст қоилам, на, ҳаргиз! Балки ӯ воқеан беҳамтост, беназир аст, бе ҳеч иддаъо арз мекунам, ки банда бо афкор ва орои ғолиби андешмандон ва фалосифаи шарқӣ ва ғарбӣ ошноям, аммо бовар кунед, Мавлоно чизе дигар аст. Шумо на дар миёни андешмандони қадим – аз Суқрот бигир то соири фалосифаи қуруни вусто – ва низ дар миёни андешмандони пасин ва муосир ва то ба имрӯз, бе ҳеч иғроқ мегӯям, ки шумо касеро мисли Мавлоно дар андешаҳо ва дар оро пайдо намекунед.
Он чи ин бузургвори “колхозободӣ” мегӯяд, ҳамеша тоза ва нав аст, яъне масалан алъон агар чизе аз ӯ бихонед, ҳарчанд онро пештар хонда бошед, вале алъон онро тоза ва нав меёбед, гуфтораш билоташбеҳ мисли оятҳои қуръонӣ аст, ки ҳар он ва ҳар лаҳза нав ва тоза менумояд.
Як замон яъне қаблан, вақте орои Абдулкарим Суруш дар бораи Мавлоноро мехондам мабнӣ бар ин ки мегуфт, Мавлоно агар боби паёмбарӣ баста набуд, бешак як паёмбар буд, ин ҳарфашро ҳамли бар иғроқ мекардам ва росташ чандон мавриди писандам набуд ҳамон тавре ки афкори Суруш барои бисёреҳо мавриди писанд нест, вале алъон фикр мекунам Суруш беҷиҳат намегуфтааст, рост мегуфтааст.
Албатта ин ки мегӯям, ба ҷиҳати ин ки як шоир аст, нест, дар ҳунари шеър хелеҳо аз ӯ ҷилавтаранд, Фирдавсӣ аз ӯ ҷилавтар аст, Ҳофиз аз ӯ ҷилав аст, Саъдӣ ва ҳатто баъзе аз шуъарои муосири худамон дар санъати шеър аз ӯ ҷилавтаранд, балки ба ҷиҳати афкор ва оро ва андешаҳои ноби ӯ мегӯям, ки албатта ин афкорро дар қолаби назм расонда. Мавлоно воқеан беҳамтост.
Гоҳе, вақте андешаҳои фалосифаи муосирро, ки иддаъо мешавад барои нахустин бор дар олами фикр иброз гашта мехонед, мебинед Мавлоно ҳамин афкорро бо баёне зеботар дар каломи худ иброз дошта.
Хулоса, Мавлоно воқеан беназир аст. Имрӯз шарҳи чанд дуое аз ӯро корида будам, ки бисёр зебост. Инҳоро бори дигар бароятон мекорам:
Гуфт: ё Раб! Мангар андар феълашон,
Дасташон гир, эй шаҳи некӯнишон!
Хуш саломатшон ба соҳил бозбар,
Эй расида дасти ту дар баҳру бар!
Эй кариму эй раҳими сармадӣ,
Даргузор аз бадсиголон ин бадӣ.
Эй бидода ройгон сад чашму гӯш,
Бе зи ришват бахш карда ақлу ҳуш.
Пеш аз истеҳқоқ бахшида ато,
Дида аз мо ҷумла куфрону хато.
Эй азим! Аз мо гуноҳони азим
Ту тавонӣ афв кардан дар ҳарим.
Мо зи озу ҳирс худро сӯхтем
В-ин дуоро ҳам зи ту омӯхтем.
Ҳурмати он ки дуо омӯхтӣ,
Дар чунин зулмат чароғ афрӯхтӣ.
(Манбаъ: Фейсбук, сафҳаи шахсии Сайидюнуси Истаравшанӣ)
Қаламонлайн