Дар ҷустуҷӯи маҳбуби ҳақиқӣ
“Дар ниҳод ва ғаризаи башар, маъшуқ ва маҳбубе комилтар ва олитар ҳаст; маҳбубе, ки камоли лоятаноҳӣ аст. Ба дунболи ҳар маҳбубе, ки меравад, дар ҳақиқат нишоне аз маҳбуби аслӣ ва воқеии худ дар ӯ мебинад ва ба гумони маҳбуби аслӣ ба суроғи ӯ меравад, аммо пас аз висол чун хосияти он маҳбуби аслиро дар ӯ намебинад ва эҳсос мекунад, ки ин мавҷуд қодир нест халаи вуҷудии ӯро пур кунад, ба суроғи маҳбуби дигар меравад ва ҳамин тавр… Магар он ки рӯзе, ки ба маҳбуби аслӣ ва ҳақиқии худ ноил гардад, он вақт ба камоли воқеии худ, ки иттисол ба камоли лоятаноҳист, хоҳад расид ва дар беҳҷату саодати комил ғарқ мегардад ва барои ҳамеша ором мегирад ва дигар хастагӣ ва афсурдагӣ ва касолат дар ӯ роҳ намеёбад:
أَلَا بِذِكْرِ اللَّهِ تَطْمَئِنُّ الْقُلُوبُ
“Оре, бо ёди Худо дилҳо оромиш гирад.” (Раъд/28)”
(Муртазо Мутаҳҳарӣ; Бист гуфтор)
Қаламонлайн