Дарди одам чист ва давои он кадом аст? – 2

Таърих

Дарди одам чист ва давои он кадом аст? – 2

Ғаззолӣ кист?

(Ошноӣ бо китоби “Эҳёу улумид-дин”)

Бахши дуввум

Пеш аз ҳама шоиста аст андаке аз худи Имом Ғаззолӣ (р) бигӯям.

Номи комили вай Абӯҳомид Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Муҳаммади Ғаззолии Тӯcӣ аст. Вай дар соли 450 ҳиҷрии қамарӣ (1058 мелодӣ) дар Тӯс аз бахшҳои Хуросон зода шуд. Ғаззолӣ нахуст назди Аҳмади Родиконӣ дар Тӯс илм омӯхт ва сипас раҳсипори Ҷурҷон шуд ва муддате дар назди Абулқосими Исмоилии Ҷурҷонӣ, ки аз доъиёни исмоилия буд илмомӯзӣ кард. Сипас боз ба Тӯс баргашт. Моҷарои аҷибе ҳангоми бозгаштан ба Тӯс бо ӯ рух додааст. (E. Glaasen, Der Mittlere Weg, Wiesbaden, 1981)

Дар шарҳи ҳоли ӯ омадааст, ки аз Ҷурҷон, ки бармегашт, ёддоштҳои худро дар як буқча дохили васоилаш гузошта буд. Дар байни роҳ, роҳзанон ба корвони онҳо ҳамла мекунанд ва вақте суроғи он буқча рафтанд, Ғаззолӣ хеле изтироб аз худ нишон дод ва бо ишора ба он буқча гуфт, ҳар чи мехоҳед бибаред, аммо ҳамин якеро набаред. Роҳзанҳо хаёл мекунанд, ки ҳатман дар дохили он як колои бисёр нафисе ҳаст, бинобар ин бештар ҳарис мешаванд, ки онро бигиранд ва бибаранд. Аммо вақте буқчаро боз мекунанд, мебинанд ба ҷуз коғазҳо чизи дигаре нест. Раиси роҳзанҳо рӯ ба Ғаззолӣ мегӯяд: инҳо чист, ки ин қадр бароят муҳим будааст? Инҳо, ки ба ҷуз коғаз чизе нест. Имом Ғаззолии ҷавон мегӯяд: инҳо маҳсули заҳматҳое аст, ки ман дар тӯли чанд сол кашидаам ва ман як донишҷӯ ҳастам ва дарс мехонам ва ҳар чи ёд гирифтаам, ҳамаро дар ин ҷо забт кардаам ва агар шумо инро бибаред, тамоми заҳматҳои чандсолаи ман ҳадар рафтааст. Раиси дуздон буқчаро ба ӯ медиҳад, вале мегӯяд: ман як ҳарф ҳам мехоҳам ба ту бизанам ва он ин аст: “Илме, ки ҷояш дар буқча бошад ва бо бурдани дузд, аз ту гирифта шавад, илм нест.” Ҳарфи ин дузд як таҳаввули азиме дар Ғаззолӣ эҷод мекунад, ки то охири умраш аз он ёдовар мешуд. Ғаззолӣ гуфтааст: “Ҳамин ҳарфи дузд дар ман хеле асар бахшид.” (Достони Ростон, таълифи Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Сипас Ғаззолӣ 23-сола буд, ки аз Тӯс раҳсипори Нишопур шуд, то аз маҳзари олими баландовоза, Имомулҳарамайн Абулмаъолии Ҷувайнӣ баҳравар шавад. Ғаззолӣ пас аз яке ду соли шогирдӣ дар маҳзари Имомулҳарамайн, дар шумори беҳтарин шогирдони вай ҷой гирифт. Вақте Имомулҳарамайн чашм аз дунё пӯшид, Ғаззолӣ дар ҳадде аз дониши динии рӯзгори худ расида буд, ки дигар ниёзе ба устод надошт ва аз ин рӯ бар маснади устодӣ нишаст. (Аз муқаддимаи Ҳусайн Хадивҷам бар китоби “Кимиёи саодат”)

Ғаззолӣ сипас ба ҳалқаи донишмандони дарбори вазири номдори Маликшоҳи Салҷуқӣ, Хоҷа Низомулмулк пайваст. Низомулмулк Ғаззолиро ба унвони яке аз асотиди асаргузори фиқҳи шофеъӣ, ба муддати 4 сол дар мадрасаи Низомия дар Бағдод – бузургтарин донишгоҳи давронаш мансуб кард.

Дар 34-солагӣ чунон авҷ гирифт, ки бар курсии тадрисаш дар Низомия, 300 тан аз афозили вақт аз дарси ӯ истифода мекарданд ва дар андак замоне, илова бар он мақоми илмии бузург, дар умури сиёсӣ низ нуфузи фавқулъодае касб намуд. (Хадамоти мутақобили Эрон ва Ислом, Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Имом Муҳаммади Ғаззолӣ дар соли 488 ҳиҷрии қамарӣ ба сабаби бӯҳрони руҳӣ ва фикрии шадид, тадрисро раҳо кард ва Бағдодро ба қасди ҳаҷ тарк намуд. Аз он пас узлат ва гӯшагириро бар он ҳама иззати зоҳирӣ тарҷеҳ дод ва қадам ба доираи зуҳд ва инқитоъ аз дунё гузошт. Вай пас аз бозгашт аз ҳаҷ дар Байтулмуқаддас маскан гузид ва дар ҳамин айём маъруфтарин китоби худ “Эҳёу улумид-дин”-ро ба риштаи таҳрир даровард, ки камтар китобе дар миёни мусалмонон ба андозаи ин китоб асар гузоштааст. (Манбаъи пешин)

Аз китобҳои дигари эшон метавон “Кимиёи саодат”, “Насиҳатул-мулук”, “Меъёрул-илм” ва “Ёқутут-таъвил фӣ тафсирит-танзил” ва ғайраро ном бурд. Теъдоди таълифоти Ғаззолӣ беш аз 60 унвон мебошад. Саранҷом ин ориф ва ҳакими бузург дар соли 505 ҳиҷрии қамарӣ дар 55-солагӣ дар зодгоҳаш вафот ёфт ва дар ҳамон ҷо мадфун гашт. (Манбаъи пешин)

Идома дорад…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

* * *

Манобеи таҳқиқ:

1) Der Mittlere Weg, E. Glaasen;

2) Достони Ростон, Муртазо Мутаҳҳарӣ;

3) Муқаддимаи Ҳусайн Хадивҷам бар китоби “Кимиёи саодат”;

4) Хадамоти мутақобили Эрон ва Ислом, Муртазо Мутаҳҳарӣ.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Истеъмори дохилӣ
Куршабпарак будан чӣ гуна аст?

Матолиби пурбоздид