Дасти коргар
Мактаби инсоният
Вақте Расули Худо (с) аз ғазваи Табук баргаштанд, Саъди Ансорӣ ба истиқболи он ҳазрат рафт ва Набии Акрам (с) бо ӯ мусофиҳа кард ва чун даст дар дасти Саъд гузошт, фармуд:
Ин дуруштӣ чист, ки дар дастҳои туст?
Арз кард:
Ё Расулаллоҳ! Бо белу куланг кор мекунам ва барои хонаводаам рӯзӣ фароҳам менамоям.
Расули Худо (с) дасти Саъдро бӯсид ва фармуд:
Ин дастест, ки ҳарорати оташи дӯзах ба он нарасад.
Қаламонлайн