Даҳ гуфтор – YIII
Муртазо Мутаҳҳарӣ
Бахши ҳаштум
Қаламрави доираи эҳтисоб
Ҷорҷ Зайдон мегӯяд, доираи эҳтисоб дар қадим ҳамон кореро мекарда, ки имрӯз шаҳрдориҳо мекунанд. Ман арз мекунам, албатта бисёре аз корҳое, ки имрӯз шаҳрдорӣ мекунад, дар он рӯз доираи эҳтисоб анҷом медодааст. Масалан, дар китобҳое, ки роҷеъ ба вазифаи мӯҳтасиб навишта шуда навиштаанд, ки мӯҳтасиб бояд муроқиб бошад, ки лабаниётфурӯш рӯйи шир ва мостро бипӯшад, ки магас ва ҳашарот рӯйи онҳо нанишинад ва касифу олуда нашавад, ё он порчае, ки қассоб ё лабаниётӣ ё кабобӣ дами дасташ дорад, ҳадди ақал рӯзе як бор бо собун шуста шавад. Лабаниётӣ муваззаф аст шабонарӯзӣ як бор зарфе, ки шир ё мости худро дар он зарф мерезад ва мефурӯшад бишӯяд. Агар ҳисори шаҳр хароб мешуд, вазифаи доираи ҳисба буд, ки онро бисозад. Агар шаҳр аз лиҳози об дар мазиқа қарор мегирифт, вазифаи доираи ҳисба буд, ки оби кофӣ таҳия кунад. Ва аз ин қабил умур, ки маъмулан дар замони мо ин корҳоро шаҳрдориҳо анҷом медиҳанд.
Вале вазифаи доираи ҳисба мунҳасир ба ин корҳо набуд, бисёре аз корҳоро, ки имрӯз вазифаи шаҳрбонӣ шумурда мешавад, он рӯз мӯҳтасибин анҷом медоданд. Масалан, онҳо буданд, ки бо рӯзахорӣ ва майхорагӣ ва тазоҳур ва таҷоҳур ба фисқ мубориза мекарданд. Бисёре аз корҳо ва вазоифи он рӯзи мӯҳтасибин, имрӯз ба куллӣ ба замин мондааст ва ҳеч кас анҷом намедиҳад мисли назорат бар масоҷид ва манобир, ки масалан воиз ҳадиси дурӯғӣ нахонад, мардумро ба бидъате даъват накунад, ё худороӣ дар минбар накунад ва нахоҳад аз занон дилрубоӣ кунад. Ин корҳо чун вазифаи созмони руҳоният аст ва мустақиман рабте ба корҳои ҳукумат ва давлат надорад, ба куллӣ матрук ва замин мондааст.
Ғараз ин аст, ки он тавре, ки Ҷорҷ Зайдон мегӯяд, ки доираи эҳтисоб ҳамон корҳое, ки шаҳрдориҳои имрӯз анҷом медиҳанд анҷом медода дуруст нест, доираи эҳтисоб чун асос ва решааш ҳамон асли муқаддаси амр ба маъруф ва наҳй аз мункар буда, ихтисос ба амалиёти шаҳрдорӣ надоштааст.
Амр ба маъруф, хориҷ аз доираи эҳтисоб
Нуктае, ки ин ҷо ҳаст ин аст, ки дар айни ин ки доираи эҳтисоб як доираи расмии вобаста ба хилофат ва ҳукумат буда ва вазоифи худро анҷом медодааст, на ин аст, ки соири мардум дигар барои худ вазифа ва таклифе қоил набудаанд. Қаблан арз кардам ва аз каломи фуқаҳо нақл кардам, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар маротибе дорад ва танҳо он ҷо, ки пойи эъмоли зӯру ҳабсу задан ва ҳатто куштан аст, аз вазифаи умум хориҷ аст ва вазифаи ҳокими исломӣ аст ва аммо соири маротиб аз тазаккур додан ва мавъиза кардан ва дар мавқеъе эъроз ва қатъи робита кардан ва амсоли инҳо, вазифаи фард-фарди мусалмонон аст ва дар қадим ҳам ҳар фарде вазифаи ҳатмии худ медониста, ки ба андозаи қудрат ва тавоноии худ дар ислоҳоти умури мусалмонон ширкат кунад.
Қадосат ва эҳтироми эҳтисоб
Нуктаи дигар ин ки доираи васеъи эҳтисоб, ки имрӯз ҷонишин надорад, чун мабно ва пояи динӣ ва рангу сибғаи мазҳабӣ дошта ва мардум вазифаи шаръии худ медонистаанд, ки онро кӯмак кунанд ва тақвият намоянд, қаҳран дар интихоби афрод ва ашхос риояти тақво ва вараъ мешуда ва мардум эҳтироми динӣ барои онҳо қоил будаанд.
Сиаи назариёти ислоҳии мусалмонон дар гузашта
Нуктаи дигар ин ки мутолеаи таърихи ҳисба ва эҳтисоб маълум мекунад, ки дар собиқ шуоъи диди мусалмонон имтидоди бештаре дошта ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункарро маҳдуд накарда буданд ба чаҳорто масъалаи ибодот, балки ин аслро амалан зомини ҳамаи ислоҳоти ахлоқӣ ва иҷтимоии худ медонистаанд.
Тавсия ва таъкиди ислом
Инсон вақте, ки руҷӯъ мекунад ба тавсияҳо ва баёнҳое, ки дар осори муқаддаси динӣ роҷеъ ба амр ба маъруф ва наҳй аз мункар расида ва он ҳама фавоид ва осоре, ки барои ин асли муқаддас зикр шуда, масалан мебинад дар Қуръони Карим мефармояд:
وَالْمُؤْمِنُونَ وَالْمُؤْمِنَاتُ بَعْضُهُمْ أَوْلِيَاءُ بَعْضٍ يَأْمُرُونَ بِالْمَعْرُوفِ وَيَنْهَوْنَ عَنِ الْمُنْكَرِ وَيُقِيمُونَ الصَّلَاةَ وَيُؤْتُونَ الزَّكَاةَ وَيُطِيعُونَ اللَّهَ وَرَسُولَهُ أُولَئِكَ سَيَرْحَمُهُمُ اللَّهُ إِنَّ اللَّهَ عَزِيزٌ حَكِيمٌ
(Сураи Тавба, ояти 71) Яъне мардони мӯъмин ва занони мӯъмина дӯстони якдигаранд ва байни онҳо робита ва силаи маваддат ва авотифи муҳаббатомез ҳукмфармост, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мекунанд, намозро бапо медоранд, закотро адо менамоянд, Худо ва Пайғамбарро итоат мекунанд. Инҳо ҳастанд, ки албатта раҳмати илоҳӣ шомили ҳолашон мешавад. Худованд ғолиб ва ҳаким аст.
Дар ин ояти карима қисматҳое ба таври иллату маълул ва сабабу мусаббаб мутараттиб бар якдигар зикр шудааст: лозимаи имони ҳақиқӣ ва воқеӣ — на имони тақлидӣ ва талқинӣ — робитаи видод ва алоқа ба сарнавишти якдигар аст. Ва лозимаи ин муҳаббат ва алоқа, амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст. Лозимаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, қиёми бандагон аст ба вазифаи ибодат ва хузӯъ нисбат ба парвардигор яъне намоз ва қиём ба вазифаи кӯмак ва дастгирӣ аз фуқаро яъне закот ва билохира лозимаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар итоати Худо ва Расул ва зинда шудани ҳама дастурҳои динӣ аст. Лозимаи ҳама инҳо ин аст, ки раҳматҳои бепоёни Худованди қодири ғолиб, ки корҳои худро бар суннати ҳакимона иҷро мекунад, шомили ҳол мегардад.
Дар ҳадис аст, ки Имом Боқир (а) дар бораи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мефармояд:
بها تقام الفرائض، وتأمن المذاهب وتحلّ المکاسب، وتردّ المظالم، وتعمر الأرض، و ینتصف من الأعداء، ویستقیم الأمر
(Фурӯи Кофӣ, ҷ.5, с.56) Яъне ба василаи ин асл, соири дастурҳо зинда мешавад; роҳҳо амн мегардад, касбҳо ҳалол мешавад, мазолим ба соҳибони аслӣ баргардонда мешавад, замин обод мегардад, аз душманон интиқом гирифта мешавад, корҳо рӯ ба роҳ мешавад.
Вақте инсон аз тарафе ба ин дастурҳо ва роҳнамоиҳо руҷӯъ мекунад ва аз тарафе ҳам мебинад дар як давраҳое каму беш мусалмонон амал карда ва истифода кардаанд ва аз тарафи дигар вазъи ҳозири худамонро мебинад, бениҳоят дучори таассуф мешавад.
Ман намегӯям, ки он чи дар гузашта ба номи доираи ҳисба буда як чизи бе айбу нақсе буда ва манзури шореъи исломро комилан таъмин мекарда. Ман гузаштаро бо имрӯз муқоиса мекунам ва мебинам, ки чӣ қадр мо ақиб рафтаем.
Имрӯз, гузашта аз ин ки чунин қудрате ба ҳеч шакле барои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар вуҷуд надорад, асосан он чи бештар ҷойи таассуф аст ин аст, ки ин фикрҳо ба куллӣ аз димоғи мусалмонон хориҷ шуда; он чизҳоеро, ки он рӯз ҷузъи вазифаи ҳисба медонистаанд ва ба номи ҳисбаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, умури иҷтимоии худро ислоҳ мекарданд, асосан ҷузъи умури динӣ шумурда намешавад ва агар аҳёнан касе дар фикри амр ба маъруф ва наҳй аз мункар биафтад, фикр намекунад, ки он ислоҳот ҳам ҷузъи ин вазифа ва таклиф аст, яъне маъруф ва мункар он маънои васеъи худро аз даст дода ва маҳдуд шудаанд ба як силсила масоили ибодӣ, ки бадбахтона он ҳам амалӣ намешавад.
Агар дар мантиқи ислом амр ба маъруф ва наҳй аз мункар он андоза тавсиъа намедошт, ба мо намегуфтанд, ки:
بها تقام الفرائض، وتأمن المذاهب وتحلّ المکاسب، وتردّ المظالم، وتعمر الأرض، و ینتصف من الأعداء، ویستقیم الأمر
Зеро ин фикри кӯчак ва маҳдуд, ки феълан дар мағзи моҳо ба номи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар вуҷуд дорад, ҳар андоза ҳам, ки либоси амал бипӯшад, мумкин нест ин ҳама осори нек ба бор оварад.
Иллати бетафовутии мардум дар ислоҳот
Ва чун фикри амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар назари мардум маҳдуд шуда ва мардум аз ҷанбаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар таваҷҷӯҳе ба ислоҳоти умури зиндагии иҷтимоии худ надоранд, натиҷа ин шуда, ки агар аҳёнан шаҳрдорӣ масалан як қадами ислоҳӣ дар мавриди арзоқ ва хорбор бихоҳад бардорад ва ё як қадам дар мавриди назофати шаҳр бихоҳад бардорад, бихоҳанд ҷилави гаронфурӯширо бигиранд ва ё ин ки бихоҳанд муқаррароти хубе барои убуру мурур автомобилҳо муайян кунанд, мардум эҳсос намекунанд, ки пойи як амри мазҳабӣ дар миён аст, зеро ҳис намекунанд, ки ин ҳам аз ҷанбаи динӣ як вазифа аст ва ҳол он ки ба қавли соҳиби “Ҷавоҳир”: “Ба ҳар васила ва ҳар тариқ ҳаст, бояд коре кард, ки маъруф тақвият ва мункар решакан шавад.” Иллати ин ки мардум феълан дар ин корҳо кӯтоҳӣ мекунанд ин аст, ки ин умурро аз доираи маъруф ва мункар хориҷ кардаанд.
Вазъи амр ба маъруф дар давраҳои ахир
Инҳо, ки арз кардам, ишораи мухтасаре буд ба таърихи дури амр ба маъруф ва наҳй аз мункар. Ҳоло хуб аст ишорае ҳам бишавад ба таърихи наздик ин асл, яъне тақрибан дар як қарн ва дар ним қарн пеш, инҳоро дигар дар китобе ба таври тафсил нанавиштаанд, чизҳое аст, ки каму беш ҳамаи мо аз пирамардон ва падарони худ шунидаоем.
Бояд арз кунам, ҳамон тавр, ки вақте инсон ба суфоришҳо ва тавсияҳои пешвоёни динӣ муроҷиа мекунад ва ё ба таърихи дури ин асл муроҷиа мекунад, мутаассир ва мутаассиф мешавад, ки чаро ин асл имрӯз амалӣ нест, вақте ҳам, ки дар бораи манзараҳои ҳавлнок ва ваҳшиёнае, ки дар ин охирҳо ба номи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар пайдо мешуда фикр мекунад, Худоро шукр мекунад, ки чӣ хуб шуд, ки ин амр ба маъруфҳо ва наҳй аз мункарҳо аз байн рафт ва эй кош агар боқимондаҳое ҳам дорад, аз байн биравад! Мазоҳире дар ин охирҳо ба номи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар зиндагии иҷтимоии мо пайдо шуда, ки бояд гуфт, агар маънои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар ин аст, хуб аст матрук бимонад.
Асли фаромӯшшуда
Оқои Оятӣ аз асли амр ба маъруф, ба номи асли фаромӯшшуда ёд карданд. Рост аст, асли фаромӯшшуда ҳам ҳаст, аммо бояд дид, чаро фаромӯш шуда? Ман мӯътақидам, ки дар ин маврид ҳам мисли ҳамаи маворид, мо бояд қабл аз таваҷҷӯҳ ба иллатҳои хориҷии қазия, сухани маъруф мансуб ба амирулмӯъминин (а)-ро фаромӯш накунем, ки фармуд:
دواؤک فیک، وداؤک منک
Давои дарди ту, дар худи туст ва маншаъи дард ҳам дар худи туст.
Ин худи мо будем, ки ин аслро ба сурате даровардем, ки мардумро безор кардем ва ин аслро фаромӯшондем.
Амр ба маъруф ва наҳй аз мункар дар ислом, аз назари иҷроӣ шароите дорад. Аввалин шарташ ҳусни ният ва ихлос аст. Мо фақат дар мавриди мункароте, ки аланӣ аст ва ба онҳо таҷоҳур мешавад, ҳаққи таъарруз дорем. Дигар ҳаққи таҷассус ва мудохала дар умуре, ки марбут ба зиндагии хусусии мардум аст надорем. Вале дар гузаштаи наздик як идда мардуми моҷароҷӯ ва шарури биттабъ, ки мехостанд моҷароҷӯӣ кунанд ва ҳисоби хӯрдаҳои худро бо дигарон соф кунанд, ин асли муқаддасро дастовез қарор медоданд, аҳёнан барои он ки битавонанд мақосиди худро амалӣ кунанд, чанд сабоҳе дар гӯшаи мадраса зиндагӣ мекарданд ва барои худ абое ва ридое ва аммома ва наълайне ва ришу ҳайкале месохтанд ва баъд ба ҷони мардум меафтоданд. Чӣ ҷурмҳо ва ҷиноятҳо, ки ба ин ном нашуд! Ва чӣ мункароти шанеъ, ки ба номи наҳй аз мункар воқеъ нашуд! Достонҳо дар ин замина ҳам шунидаем ва медонем.
Мегӯянд, дар замони риёсати марҳум Оқо Наҷафии Исфаҳонӣ як рӯз иддае, ки номи талаба рӯйи худ гузошта буданд, вале талабаи воқеӣ набуданд (туллоби воқеӣ ҳамеша аз ин гуна аъмол ва моҷароҳо худро дур нигаҳ медоштанд), дар ҳоле, ки нафас мезаданд ва як доираи шикаста ва як думбуки шикаста дар даст доштанд, омаданд ба манзили марҳум Оқо Наҷафӣ. Эшон пурсиданд, чӣ хабар аст? Аз куҷо меойед? Инҳо чист дар дасти шумо? Гуфтанд, дар мадраса будем, ки ба мо иттилоъ доданд, дар чандин хонаи он тарафи мадраса маҷлиси арӯсӣ аст ва дар он ҷо доира ва думбук мезананд. Аз пушти боми мадраса аз рӯйи бомҳои хонаҳо аз ин пушти бом ба он пушти бом рафтем, то ба он хона расидем. Дохили он хона шудем ва мардумро задем ва доира ва думбуки онҳоро шикастем.
Яке аз онҳо ҷилав омад ва гуфт: ман худам рафтам ҷилав ва силии муҳкаме ба гӯши арӯс задам.
Марҳуми Оқо Наҷафӣ гуфт: ҳақиқатан наҳй аз мункар ҳам ҳамин аст, ки шумо кардед? Чандин мункар ба номи наҳй аз мункар муртакиб шудед: аввалан маҷлиси арӯсӣ буда, сониян, шумо ҳаққи таҷассус надоштаед, солисан шумо чӣ ҳақ доштаед аз пушти бомҳои мардум биравед? Робеъан кӣ ба шумо иҷоза дода, ки биравед заду хӯрд кунед?
Назоири ин достон дар гузашта зиёд будааст. Хушбахтона ҳоло нест, вале ҳоло ҳам бояд бидонем бисёре наҳй аз мункарҳо рӯйи қонуни амр ба маъруф ва наҳй аз мункар нест, балки худи онҳо мункароте аст, ки бояд ҷилави онҳо гирифта шавад.
Асли “панд ё банд“
Қисмати дигаре, ки хостам дар ҳошия гуфта бошам ин аст, ки дар миёни мо, дар иҷрои амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, он чизе, ки бештар мавриди таваҷҷӯҳ буда ду васила буда. Алъон ҳам мебинем, мардум дар иҷрои ин асл таваҷҷӯҳашон фақат ба ҳамин ду чиз аст. Он ду чиз, яке гуфтан аст ва дигаре эъмоли зӯр, яъне аввал бигӯем, баъд ҳам агар аз гуфтан натиҷа нагирифтем, эъмоли зӯр бикунем. Ва ба таъбири дигар, ки таъбири Саъдӣ аст, мо ба “панд” мӯътақид ҳастем ва “банд”; аввал панд медиҳем ва агар асар накунад ва қудрат дошта бошем, ба задану бастан мутавассил мешавем. Ин дуторо хуб шинохтаем ва ба ин дуто ошноӣ дорем.
Албатта шак нест, ки гуфтан ва панд додан, василае аст аз васоил. Эъмоли зӯр ҳам ба саҳми худ дар мавориде василаи дигаре аст аз васоил. Вале оё василаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар мунҳасир аст ба ҳамин ду? Василаи дигар ва роҳи дигаре нест?
Роҳи ихлос ва амал
Дар ахбор ворид шуда, ки амр ба маъруф ва наҳй аз мункар се марҳила ва се мақом дорад: марҳилаи қалб, марҳилаи забон, марҳилаи яд ва амал. Мо маъмулан аз марҳилаи қалб ба ҷойи он ки ихлос ва ҳусни ният ва алоқа ба сарнавишти мусалмононро дарк кунем, ҷӯшу хурӯш ва асабониятҳои беҷо мефаҳмем ва аз марҳилаи забон ба ҷойи он ки баёнҳои равшанкунанда ва мантиқӣ бифаҳмем, ки Қуръон мефармояд:
ادْعُ إِلَى سَبِيلِ رَبِّكَ بِالْحِكْمَةِ وَالْمَوْعِظَةِ الْحَسَنَةِ
(Сураи Наҳл, ояти 125) (Бихон ба сӯйи роҳи парвардигорат бо ҳикмат (далоили ақлӣ ва қобили пазириш) ва панди некӯ), мавъизаҳо ва пандҳои таҳаккумомез мефаҳмем ва аз марҳилаи яд ва амал ҳам, ба ҷойи ин ки таблиғи амалӣ ва ҳусни амал ва ҳамчунин тадобири амалӣ бифаҳмем, танҳо ин матлабро фаҳмидаем, ки бояд эъмоли зӯр кард.
Рӯйи ҳам рафта мо барои гуфтан ва навиштан ва хитоба ва мақола зиёда аз ҳадд эъҷоз қоил ҳастем, хаёл мекунем бо гуфтан ва забон, кор дуруст мешавад, дар сурате, ки:
Саъдиё, гарчи сухандону масолеҳгўйӣ,
Ба амал кор барояд, ба сухандонӣ нест.
Дар ҳадис аст:
کونوا دعاة للناس بغیر ألسنتکم
(Усули Кофӣ, ҷ.2, с.78, боби вараъ) Мардумро ба дини ҳақ ва салоҳ даъват кунед, аммо бо абзоре ғайр аз абзори забон яъне бо абзори амал. Дар ҳадиси дигаре аст, ки маъмулан мавриди истиноди фуқаҳо дар боби амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аст, ки:
ما جعل الله بسط اللسان وکفّ الید وإنما جعلهما یبسطان معا ویکفّان معا
(Фурӯъи Кофӣ, ҷ.3, с.55 ва ба ҷойи “иннамо“ “ва локин“ овардааст) Яъне чунин нест, ки Худо иҷоза дода бошад, ки танҳо забон боз бошад, вале даст баста бошад, балки агар боз аст, ҳар ду бояд боз бошад ва агар мехоҳад баста бошад, ҳар ду баста бошад, яъне агар амал дар кор набошад, хуб аст забон ҳам баста бошад. Дар ин ҷо истинботи яке аз бузургтарин фуқаҳои исломиро аз ин ҳадис ва амсоли ин ҳадис барои шумо аз китоби худаш нақл мекунам.
Шайх Абӯҷаъфари Тӯcӣ маъруф ба Шайхуттоифа дар китоби “Ниҳоя”, ки аз мутуни мӯътабари фиқҳиии мост мефармояд:
والأمر بالمعروف یکون بالید واللسان، فأما بالید فهو أن یفعل المعروف ویجتنب المنکر علی وجه یتأسّی به الناس
Яъне амр ба маъруф, ҳам ба василаи даст мешавад ва ҳам ба василаи забон. Аммо ба василаи даст, маънояш ин аст, ки худаш шахсан омили кори хайр бошад ва амалан аз мункарот иҷтиноб кунад, то мардум худ ба худ ба ӯ таассӣ (пайравӣ) ҷӯянд.
وأما باللسان فهو أن یدعو الناس الی المعروف ویعدهم علی فعله المدح والثواب و یزجرهم ویحذرهم في الاخلال به من العقاب
Яъне аммо ба василаи забон, ба ин наҳв аст, ки мардумро даъват кунад ва навид бидиҳад, ки дар дунё мавриди ситоиш ва дар охират машмули подоши илоҳӣ воқеъ мешаванд ва онҳоро аз кайфарҳои бад битарсонад.
Баъд мефармояд:
وقد یکون الأمر بالمعروف بالید بأن یحمل الناس علی ذلک بالتادیب والردع وقتل النفوس والإضرار بها من الجراحات إلا أن هذا الضرب لا یجب فعله إلا بإذن سلطان الوقت المنصوب للرئاسة
(Ниҳоя, с.299 ва 300 ва ба ҷойи ”ал-изрорӣ биҳо“ “ва зарбин“ овардааст) Яъне як қисм аз амр ба маъруфи ядӣ ва амалӣ ин аст, ки тарафро таъдиб кунад ва гоҳ мунҷар ба қатли нафс ва ҷароҳат мешавад, вале агар мусталзими задан ва қатли нафс бошад, бидуни дастури ҳукумати шаръӣ ҷоиз нест.
Соҳиби “Ҷавоҳирул-калом” баъд аз нақли ин иборатҳо ё қисмате аз ин иборатҳо аз Шайхи Тӯcӣ, ин тавр ба гуфтаи худ идома медиҳад:
نعم، من أعظم أفراد الأمر بالمعروف والنهي عن المنکر وأعلاها وأتقنها وأشدها تأثیرا خصوصا بالنسبة الی رؤساء الدین هوأن یلبس رداء المعروف واجبه ومندوبه وینزع رداء المنکر محرمه ومکروهه، ویستکمل نفسه بالأخلاق الکریمة، وینزهها عن الأخلاق الذمیمة
Яъне, оре, аз бузургтарини амр ба маъруф ва наҳй аз мункарҳо ва болотарини онҳо ва пойдортарини онҳо ва муассиртарини онҳо хусусан нисбат ба пешвоёни динӣ (ки мардум ба онҳо ва амали онҳо менигаранд) ин аст, ки амалан ҷомаи кори нек бипӯшад ва дар корҳои хайр, чӣ воҷиб ва чӣ мустаҳаб амалан пешқадам бошад, ҷомаи зишткориро аз андоми худ дур кунад, нафси хешро ба ахлоқи олӣ такмил кунад ва ахлоқи зиштро аз худ дур нигаҳ дорад.
Баъд мефармояд:
فإن ذلک منه سبب تامّ لفعل الناس المعروف ونزعهم المنکر، خصوصا إذا أکمل ذلک بالمواعظ الحسنة المرغبة والمرهبة، فإن لکل مقام مقالا، ولکل داء دواء، وطبّ النفوس والعقول أشد من طبّ الأبدان
Яъне амр ба маъруф ва наҳй аз мункар аз тариқи ҳусни амал, сабаби муассир ва комиле аст ва мумкин нест бе асар бимонад, хусусан агар ба панду андарзҳои хуби забонӣ замима шавад, ки ҳар мақоме суханеро эҷоб мекунад ва ҳар дарде давое дорад. Беҳдошт ва муолиҷаи руҳи мардум мушкилтар ва пурпечу хамтар аст аз муолиҷаи бадани онҳо.
Дар охир, сухани худро ба ин ҷумла хатм мекунад:
نسأل الله التوفیق لهذه المراتب
Яъне аз Худо масъалат менамоем, ки моро барои расидан ба ин дараҷот муваффақ бидорад!
Алӣ (а) мефармояд:
من نصب نفسه للناس إماما فلیبدأ بتعلیم نفسه قبل تعلیم غیره ولیکن تادیبه بسیرته قبل تأدیبه بلسانه، ومعلم نفسه ومودّبها
(“Наҳҷулбалоға”, ҳикмати 73)
Яъне он кас, ки мехоҳад пешвои мардум бошад ва мардумро ба дунболи худ ба роҳе даъват кунад, пеш аз он ки мехоҳад ба дигарон ёд бидиҳад, худро мухотаб кунад ва ба худаш таълим ва талқин намояд. Пеш аз он ки мехоҳад мардумро бо забони худ тарбият кунад, бо амал ва равиши ахлоқии хуб ва ахлоқи саҳеҳ, худро тарбият кунад. Он кас, ки худашро таълим ва талқин мекунад ва худашро тарбият ва таъдиб мекунад, барои эҳтиром ва такрим шоистатар аст аз он ки муаллим ва мураббии дигарон аст.
Идома дорад…
Қаламонлайн