Даҳ нуктаи ангезишӣ аз Бройон Трейси
Ҷумлаҳои ангезишӣ
- Боарзиштарин дороии мо, тавоноии касби даромад аст, на он пуле, ки ба даст меоварем. Тавоноӣ аз даст намеравад, аммо пулу сарват мумкин аст, борҳо аз даст биравад.
- Муваффақият монанди нардбон аст ва маҳоратҳои мо – пояҳои онро месозад, агар пояҳо комил набошад, мо наметавоем аз нардбон боло биравем.
- Потенсиали инсон он қадар зиёд аст, ки метавон сад зиндагии ҳамзамон дошта бошад. Мо метавонем ҳар чизеро биомӯзем ва дар ҳар коре мутахассис шавем.
- Омӯзиш калиди муваффақият аст, вале чун сахт ва вақтгир аст ва бештарин инсонҳо танбаланд, касе барои ёдгирӣ аҳамият қоил нест.
- Имрӯза на танҳо бояд ҳушмандона кор кард, балки бояд ҳушмандона ва сахт кор кард то ба сарват ва муваффақият ноил шуд.
- Аҳамияти калимот дар зинагӣ бисёр муҳим аст. Калимоти хуб, тафаккуроти беҳтареро эҷод мекунанд.
- Афроди муваффақ бар роҳи ҳалҳо тамаркуз мекунанд, аммо афроди мутавассит ба фарде, ки мушкилро эҷод кардааст, фикр мекунанд.
- Кайфияти (чигунагии) зиндагӣ ва ҳадафи аслии мо, бастагӣ ба эҳсосамон аз худ (каромати нафс) дорад.
- Ҳадаф доштан бо ҳадаф гузоштан мутафовит аст. Навиштани аҳдоф аз аҳамияти фавқулодае бархурдор аст. Афроде, ки аҳдофи мактуб (ҳадафҳои навишташуда) доранд, даҳ баробари дигарон муваффақтаранд.
- Барандагон касоне ҳастанд, ки дар дарозмуддат фикр мекунанд, афроди мутавассит кутоҳмуддат ва сатҳӣ меандешанд.
Бройон Трейси
Қаламонлайн