Дидори раисони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бо намояндаи Иттиҳодияи Аврупо

Ахбори минтақа

Дидори раисони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна бо намояндаи Иттиҳодияи Аврупо

Дар ҳошияи нишасти тавсиаи ҳамкории Осиёи Миёна бо Иттиҳодияи Аврупо

Раиси шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар Остона, дар ҳошияи нишасти “Tавсиаи ҳамкории Осиёи Миёна бо Иттиҳодияи Аврупо”, бо Эмомалӣ Раҳмон дидор ва гуфтугӯ намуд.

Намояндаи Аврупо дар ин дидор ба Раҳмон гуфт, Иттиҳодияи Аврупо барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон ҳамкорӣ мекунад.

Изҳороти намояндаи Аврупо дар ҳоле баён шудааст, ки пештар раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфта буд, ҳазорон террорист дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон ҳузури фаъол доранд.

Ин дидор, дар рӯзи панҷшанбе, 27-октябр дар шаҳри Остона, ки мизбони нишасти Осиёи Миёна ва Иттиҳодияи Аврупо аст анҷом шуд.

Дар ин нишаст, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, намояндаи раиси ҷумҳури Туркманистон ва раиси Шӯрои Аврупо ширкат намуданд, ки ҳадафи ин нишаст, тавсиаи ҳамкории Иттиҳодияи Аврупо бо кишварҳои Осиёи Миёна будааст.

Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Баргузории ҷашнвораи филм дар Душанбе
Дабири кулли НАТО: Амрико бояд ба ҳимоят аз Украина идома диҳад!

Матолиби пурбоздид