Додгоҳҳои тафтиши ақоид – 2

Таърих

Додгоҳҳои тафтиши ақоид – 2

Бахши дуввум

Машҳуртарин қурбониёни додгоҳҳои тафтиши ақоид

Дар мавриди теъдоди қурбониёни ин додгоҳҳо, омори мӯътабар ва дақиқе дар даст нест. Гуфта шудааст, ки дар тӯли фаъолияти маҳкамаҳои тафтиши ақоид, 340 ҳазор нафар мутаҳаммили анвоъи шиканҷаҳо гардиданд ва 32 ҳазор нафар низ зинда дар оташ сӯхтанд. (12)

Дар ин муддат, афроди машҳуре аз сӯи ин додгоҳҳо маҳкум ба марг гардиданд. Бархе аз шахсиятҳои машҳур, ки тавассути дастгоҳи тафтиши ақоид кушта шуданд, иборатанд аз:

1) Ҷон Ҳус (Jan Hus = Яе Гус): ӯ раҳбарии ҷунбиши ислоҳи динӣ дар Прог (Прага)-ро бар ӯҳда дошт. Ҷон Ҳус бар зидди моландӯзии усқуфҳои котулик ва бахшиши гуноҳон тавассути онон таблиғ мекард ва мегуфт, ки заминҳои дар дасти калисоиҳо бояд мусодира шавад. Ӯ худ фарде мазҳабӣ буд ва китобҳои диниро, ки ба забони лотин ва барои мардум номафҳум буд, ба забони чек тарҷума кард ва Попро зидди Масеҳ хонд ва бовар ба гуноҳнопазир будани Попро куфр номид.

Мақомоти калисо аз вай даъват карданд, то дар Шӯрои Кунстонс (Constance) ширкат кунад, аммо пас аз ҳузури вай, ӯро дастгир ва зинда-зинда дар оташ сӯзонданд. (13)

2) Вилём Тиндил (William Tyndale = Уильям Тиндейл): Тиндил дар иқдоме шуҷоъона иқдом ба тарҷумаи китоби муқаддас ба забони ангилисӣ намуд. Ӯ ба зудӣ дарёфт, ки Ангилистон макони амне барои фаъолиятҳои вай нест ва ба ҳамин далел ба Олмон рафт, аммо дар соли 1535 тавассути мақомоти шаҳри Онтурп (Antwerp) дастгир шуд ва як соли баъд, дар оташ сӯзонда шуд. (14)

3) Жон Дорк (Joan of Arc = Жанна д’Арк): ӯ духтаре аз табақаи поини ҷомеа ва фарзанди як кишоварзи фаронсавӣ буд. Ӯ дар қарни 15-ум раҳбарии лашкари Фаронсаро дар муқобила бо сипоҳи Ангилистон бар ӯҳда гирифт. Замоне, ки ангилисиҳо мехостанд шаҳри Урлеон (Орлеан)-ро ба тасхири хеш дароваранд, вай бо шуҷоати беназир дар муқобили онон истодагӣ намуд ва муваффақияти қобили таваҷҷӯҳе низ касб намуд.

Жон Дорк иддао кард, ки садои Микоил, фариштаи муқарраби илоҳиро шунида, ки аз ӯ хостааст, раҳбарии фаронсавиёнро дар мубориза бо сипоҳи душман яъне ангилисиҳо бар ӯҳда гирад. Ҳамин иддао сабаби он шуд, ки ангилисиҳо ӯро ҷодугар хонда ва савганд хӯрданд, ки ба ҳар шакли мумкин ӯро дастгир ва муҷозот намоянд. Онон ниҳоятан бо истифода аз ришва тавонистанд Жон Доркро гирифта ва ба муҳокима бикашонанд. Сипас Жон Дорк дар додгоҳи тафтиши ақоид ба ҷодугарӣ муттаҳам гардид ва дар муқобили дидагони мардум сӯзонда шуд. (15)

4) Ҷурдону Бруну (Giordano Bruno = Джордано Бруно): ӯ як роҳиби думиникан (монах-доминиканец) ва донишманди барҷастае буд, ки дар илми фалсафа, риёзиёт ва ситорашиносӣ дорои шӯҳрат буд. Ӯ дар осори худ, мавзӯъи ҳаракати замин ба даври хуршедро матраҳ намуд ва ба ҳамин далел дастгир гардид. Додгоҳ аз вай хост, то ин назарияро, ки бо таълимоти китоби муқаддас носозгор талаққӣ мешуд, пасгирад, аммо Бруну худдорӣ варзид. Додгоҳи тафтиши ақоид ӯро ба хотири ин “бидъатгузорӣ” маҳкум ва зинда-зинда ба оташ сӯзонд. (16)

5) Фэликс Монз (Felix Manz = Феликс Манц): ӯ, ки аз сарони боптистҳо буд, дар соли 1527 дастгир шуд ва дар об хафа гардид. (17)

6) Мойкел Сотлер (Michael Sattler = Майкл Саттлер): Ӯ низ, ки аз раҳбарони боптистҳо ба шумор меомад, дар ҳамон сол дастгир ва маҳкум ба эъдом гардид. Додгоҳ ӯро ба сахттарин шакл шиканҷа намуд. Ҳукме, ки додгоҳи тафтиши ақоид дар мавриди вай содир намуд, чунин буд:

Мойкел Сотлер ба ҷаллод супурда шавад, то ӯро ба маҳалли эъдом бибарад ва забонашро бибурад, он гоҳ ӯро ба арроба бибандад ва бо анбӯри тафтида ду бор бахшҳое аз баданашро биканад, пас аз ин ки ӯ ба берун аз дарвоза бурда шуд, панҷ бори дигар ба ҳамин шева баданаш дарида шавад…” (18)

Пас аз анҷоми ин шиканҷаҳо, ҷасади нимҷони Сотлерро ба унвони як “бидъаткор” сӯзонданд.

7) Голилеу Голиле (Galileo Galilei = Галилео Галилей): ӯ донишманди бузурги қарни 17-ум аст, ба пайравӣ аз нигоҳи куперникӣ, изҳор дошт, ки назарияи заминмеҳварӣ саҳеҳ нест ва ин замин аст, ки ба даври хуршед мегардад. Ин дидгоҳи Голиле, ки мухолиф бо таълимоти китоби муқаддас дониста мешуд, хашми мақомоти калисоро барангехт. Додгоҳи тафтиши ақоид ӯро маҷбур намуд, то барои наҷот аз муҷозот, назарияи худро пасбигирад. Голиле низ, ки барои раҳоии хеш роҳи дигареро намедид, маҷбур шуд назарияи хешро пасгирифта ва ҳамсӯ бо таълимоти калисоӣ эълом дорад: “Ин хуршед аст, ки ба даври замин мегардад.” (19)

* * *

Уфули қудрати калисо ва барчида шудани додгоҳҳо

Бо уфули қудрати калисои котулик, ба мурури замон, ин додгоҳҳо барчида шуд ва шояд битавон охирин кушторҳои ин маҳкамаҳоро ба қарни 18 бозгардонд. Зеро пас аз ин таърих, дигар калисоҳо қудрати пешинро надоштанд.

* * *

Понавишт:

(1) Бакраш Дебуро (Deborah Bachrach), Тафтиши ақоид (The Inquisition), тарҷумаи Маҳдии Ҳақиқатхоҳ, с.20.

(2) Бакраш Дебуро, пешин, с.21.

(3) Фронку Мортинлӣ (Franco Martinelli), Таърихи тафтиши ақоид, тарҷума Иброҳими Сидқиёнӣ, с.12.

(4) Фронку Мортинлӣ, Пешин; С 138 – 139

(5) Вил Дуронт, Таърихи тамаддун, 4/1044.

(6) Бакраш Дебуро, пешин, с.44.

(7) Фронку Мортинлӣ, пешин, с.95.

(8) Бакраш Дебуро, пешин, с.45–50 ва Фронку Мортинлӣ, пешин, с.93–97.

(9) Вил Дуронт, пешин, с.1051.

(10) Керри Вулф, Дар бораи мафҳуми Инҷилҳо, тарҷума Муҳаммади Қозӣ, с.161–162.

(11) Вил Дуронт, пешин, с.1048–1049.

(12) Керри Вулф, пешин, с.165.

(13) Туни Лин, Таърихи тафаккури масеҳӣ, тарҷумаи Роберт Осириён, с.230.

(14) Туни Лин, пешин, с.316–319.

(15) Вил Дуронт, пешин, с.97–104.

(16) Бакраш Дебуро, пешин, с.122–123.

(17) Туни Лин, пешин, с.309–310.

(18) Вурст Вон, Масеҳият аз лобалои мутун, тарҷумаи Ҷаводи Боғбонӣ ва Аббоси Расулзода, с.321.

(19) Вил Дуронт, пешин, ҷ.7, с.712–713.

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Чӣ замоне шак бавуҷуд меояд?
Достоне аз зиндагии Имом Содиқ

Матолиби пурбоздид