Душман ғофил буд
Ёддошти Хайриддин Абдулло
Душман ғофил аз он буд, ки эронӣ будан чист ва Эрон кист
Мехоҳам дар як навиштаи кӯтоҳ назари худро ҳамчун як фарзанди ориётабори эронманиш, дар бораи таҷовузу ҷанги кишварҳои ғосиб, қотил ва инсониятситез — саҳюнисти Исроил ва Амрико — баён намоям.
Чуноне ба ҳама маълум аст, Амрико ва Исроил даҳсолаҳост барои ғасби сарвату бойигарии кишварҳо ва ба даст овардани нуфуз, кишварҳое чун Ироқ, Сурия, Афғонистон ва Украинаро зери ливои мубориза бо яроқи ҳастаӣ, демократия, озодии мардум ва мазҳаб (шиа ва суннӣ) ба хоку хун кашида, несту нобуд сохтанд.
Онҳо бо сиёсати таҷовузкоронаи худ ба аксари кишварҳои мусулмоннишин фишор оварда, онҳоро ба мустамлика табдил доданд. Аммо дар ин миён танҳо як кишвар боқӣ монд — Эрон, ки беш аз чиҳил сол аст таҳти таҳриму фишор ва муҳосира қарор дорад. Онҳо тамоми роҳҳоро бастанд, ҳамсояҳоро душман карданд, робитаҳо бурида шуд — то ки Эрон зери пои Амрикову Исроилу ғарб сар фуруд оварад. Аммо чунин нашуд!
Эрон ҳаргиз сар нафаровард. На ба зулм, на ба таҳқир ва на ба душмании онҳо таслим нашуд ва нахоҳад шуд.
Душман аз ин мавқеъ нороҳат гашт. Бе ҳеҷ огоҳӣ ба хоки Эрон — сарзамини ориётаборон, қиблаи порсиён, дили Эрони бузурги фарҳанг — ҳамлаи мушакӣ анҷом дод ва қасди нобуд кардани давлат, миллат ва фарҳанг кард.
Аммо Исроилу Амрико ба хато роҳ доданд — онҳо гумон карданд Эрон низ мисли кишварҳои араб аст: номусашон заиф, иттифоқашон гусаста, ки бо ҳар баҳонаи мазҳабӣ ё сиёсӣ худро ба дасти худ нобуд мекунанд ва дороияшонро тақдими ғосибон менамоянд.
Аммо тири душман ба нишона нарасид. Онҳо фаромӯш карданд, ки эронӣ кист ва эронӣ будан чист.
Дар дохили кишвар — хоҳ мухолифу хоҳ мувофиқ бо низоми исломӣ — новобаста аз дин, мазҳаб ва нажод, ҳама дар баробари душмани бадхоҳ — Амрикову Исроил — истоданд ва муқовимат нишон доданд. Ин муттаҳидшавӣ барои душман ғайриинтизор буд.
Ҳамаи порсигӯён ва кишварҳои порсизабон, чи мардум ва чи давлат, аз Эрон ҳимоят карданд, таҷовузи Исроилу Амрикоро маҳкум намуданд ва ин амали саҳюнистиро лаънат гуфтанд.
Вақте ки Эрон дар посух мушакҳои худ ба маконҳои низомии Исроил равона сохт ва онҳоро ба хок яксон намуд, яҳудон ба нолаву зораву фиғон даромаданд. Тарс ба дили онҳо роҳ ёфт.
Аз ин пас бояд бидонанд: Эрон сарзамини шерон аст, миллати покнажоде, ки дар дониш, фарҳанг, тамаддун ва таърих ҳамто надорад. Фарҳанги Эрон чун боме аст бар сари ҷаҳон. Марзу буми он рамзи фарҳанги умумибашарист.
Имрӯз Эрон бо беш аз 90 миллион аҳолӣ муттаҳид аст, бо раҳбаре доно ва устувор чун кӯҳ, ки сиёсатмадорони маккор дар муқобилаш нотавонанд.
Мардум ва давлат, хонадону сарзамин, ҳама омодаанд барои омадани Имом Маҳдӣ — бо умед, на бо интизорӣ, балки бо амал.
Рӯзгоре фаро расид, ки мо — ориётаборони порсигӯ — барои зинда мондани фарҳанг, забон, тамаддун, дин ва озодӣ бояд бо ҳам бошем.
Новобаста аз фарқияти дин, мазҳаб, минтақа ё забон — барои ҳифзи якдигар бояд як тан бошем. Дар ҳеҷ ҳолат набояд аз якдигар ҷудо шавем ва монанди сипар пушти якдигар истода ҳимоя кунем.
Хайриддин Абдулло
Қаламонлайн