Забони нешдор…

Таҳлили хабарӣ
Забони нешдор…
Ёддошти доктор Насибулло Умаров
Дар Қуръони Карим дарсҳои фаровоне мутаносиб бо авзоъи мухталифи ҳаёт метавон пайдо кард.
Дар оёти 18 ва 19 сураи Аҳзоб сухан аз коршикании мунофиқон дар ҷанги Аҳзоб ба миён омадааст:
﴿قَد يَعلَمُ اللَّهُ المُعَوِّقينَ مِنكُم وَالقائِلينَ لِإِخوانِهِم هَلُمَّ إِلَينا وَلا يَأتونَ البَأسَ إِلّا قَليلًا۝أَشِحَّةً عَلَيكُم فَإِذا جاءَ الخَوفُ رَأَيتَهُم يَنظُرونَ إِلَيكَ تَدورُ أَعيُنُهُم كَالَّذي يُغشى عَلَيهِ مِنَ المَوتِ فَإِذا ذَهَبَ الخَوفُ سَلَقوكُم بِأَلسِنَةٍ حِدادٍ أَشِحَّةً عَلَى الخَيرِ أُولئِكَ لَم يُؤمِنوا فَأَحبَطَ اللَّهُ أَعمالَهُم وَكانَ ذلِكَ عَلَى اللَّهِ يَسيرًا﴾ [Al-Aḥzāb: ۱۸-۱۹]
Худо медонад чӣ касоне аз шумо мардумро аз ҷанг бозмедоранд. Ва низ мешиносад касонеро, ки ба бародарони худ мегӯянд: «Ба назди мо биёед». Ва ғайри андаке ба ҷанг намеоянд.(18)
Ҳар чизеро аз шумо дареғ медоранд ва чун тарсу хафв ояд, бинӣ, ки ба ту менигаранд ва чашмонашон (аз тарси марг аз ҳадақа берун омада) давр мезанад, мисли касе, ки аз марг беҳуш шуда бошад. Ва чун ваҳшат аз миён биравад, аз ҳирси ғаниматҳо бо забони тези худ биранҷонадатон. Инҳо имон наёвардаанд. Ва Худо амалҳояшонро нобуд кардааст ва ин кор бар Худо осон будааст.(19)
Ҳоло ба баёни маънои тамоми ду оят намепардозам, фақат ба тезии забони гурӯҳи коршикани мунофиқ таваҷҷӯҳи хонандаи азизро ҷалб мекунам. Имрӯз дар набарди ошкори ҳақ ва ботил дар Осиёи Ғарбӣ ду тараф маълуми ҳар инсони озодаи олам аст; лашкари аҳримании то буни дандон мусаллаҳи ҷабҳаи ботил ва размандагони ҷонбаркафи мазлум ва муқтадири ҷабҳаи ҳақ дар ду ҷониби набард истодаанд. Аммо як теъдоди бехосияти азияткунанда дар шаҳрҳои ороми қораи кӯҳан рӯи мебелҳои нарм нишаста, забони нешдор ва заҳрогини худро дар фазои маҷозӣ бе ягон шарму ҳаё чанд даҳметр дароз карда, ба ҷабҳаи ҳақ метозанд…
Ин ҳамон озмоиши илоҳист, ки дар чунин майдонҳои таъйинкунандаи ҳаёт сафи содиқон ва дурӯғгӯёнро аз ҳам ҷудо мекунад…
Худоё, моро дар ин озмоиш расво макунӣ!…
Н.У.
27.09.2024
Қаламонлайн 
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Манобеи амниятии муқовамат: Сайидҳасан Насруллоҳ дар саломат аст
Қитъае аз Рӯдакӣ ва ёде аз устоди Донишгоҳи миллӣ

Матолиби пурбоздид