Занон дар биҳишт

Занон дар биҳишт

Паёмбари гиромии Ислом (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Зане дар биҳишт дохил мешавад, ки меҳрубон бошад ва чун хашмгин шавад ва ё шавҳараш бар ў хашм гирад, бигўяд: ин дасти ман аст, ки инак дар дасти ту қарор медиҳам (ва дар ихтиёри ту ҳастам) ва онро аз дастат намекашам то он ки аз ман розӣ шавӣ».

Ва низ фармуданд:

Зане, ки имон ба Худо дорад, чанд чизро бояд риоят кунад:

  1. Шахсеро ба хона роҳ надиҳад, ки шавҳараш аз омадани ў нороҳат аст.
  2. Бе розояти шавҳар аз хона хориҷ нашавад.
  3. Касеро ба ҷуз шавҳараш итоат нанамояд.
  4. Аз шавҳар дурӣ накунад.
  5. Шавҳарро назанад.
  6. Агар шавҳар зулм кунад, боз ҳам зан бояд ба сўи ў рафта ўро аз худ розӣ намояд, пас агар шавҳар аз ў розӣ шуд, Худо ҳам аз ў розӣ шуда ва узру ҳуҷҷати ўро мепазирад ва гуноҳе бар ў наменависад ва агар шавҳар (боз ҳам) аз ў розӣ нашуд, он зан дар назди Худо маъзур хоҳад буд.

 

Вуруди занон ба биҳишт

Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуданд:

«Агар зане намозҳои панҷгонаро ба ҷо оварад ва рўзаи моҳи рамазонро бигирад ва иффати худро ҳифз кунад ва шавҳарашро итоат намояд, аз ҳар даре, ки бихоҳад вориди биҳишт мешавад».

Зани биҳиштӣ

«Дар хабар аст, ки агар зане аз аҳолии биҳишт бар аҳли замин рух бинамояд, тамоми дунёро равшан ва муаттар мекунад».

Алӣ (а) аз Расули Акрам (саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нақл карда ки фармуданд:

«Дар биҳишт маҳалле барои ҷамъ шудани ҳурулъайн (занони биҳиштӣ ғайр аз ҷинси инсон) мебошад, ки бо садои бисёр зебое, ки монанди он шунида нашуда, овозхонӣ мекунанд ва мегўянд: мо ҷовидонаем ва аз байн намеравем, хушбархурду розӣ ҳастем ва ҳаргиз хашму ғазаб надорем, хушо ба ҳоли он, ки мо барои ў ва ў барои мо бошад».

Ҳамчунин аз он ҳазрат нақл намуд, ки:

«Дар биҳишт бозоре ҳаст, ки дар он фақат занҳову мардҳоро мефурўшанд ва чун касе иштиёқ ба шакли хоссе дошта бошад, ворид мешавад ва сурати дилхоҳи худро таҳия менамояд».

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Ансоруллоҳи Яман: “Ҳадаф қарори додани киштиҳои исроилӣ дар баҳри Сурх идома хоҳад дошт”
Ҳусӣ: Таърихи Амрико ва Англис пур аз қатли ом ва куштор аст

Матолиби пурбоздид