Зиёни миллат аз беиттиҳодист
Қитъае зебо аз Пайрави Иқбол
Туро фарзанди инсон офариданд,
Саропо хайру эҳсон офариданд.
На хуҷандӣ, на кӯлобӣ, на ғармӣ,
Туро фарди мусалмон офариданд.
…
Туро дар хайру некӣ бин самар ҳеҷ,
Ба ҷуз аз фитнаву шӯру зарар ҳеҷ.
Мусалмонро намедонӣ, ки набвад,
Ба ғайр аз миллати ислом дигар ҳеҷ.
…
Зиёни миллат аз беиттиҳодист,
Ки ҷои ҳасрат аст, на ҷойи шодист,
Намедонанд ин нокастаборон,
Маҳалбозӣ зи авҷи бесаводист.
Пайрави Иқбол
Қаламонлайн
Паёмҳо, хабарҳо ва таҳлилҳои моро дар Телегром пайгирӣ кунед: