Инсон ва озодихоҳӣ-II

Инсон ва озодихоҳӣ-II
Бахши дуввум
Назарияи Бертран Рассел
Баҳси мо роҷеъ ба озодхоҳӣ буд. Муддаои банда ин буд, ки инсон то модоме, ки худопараст набошад, баъид аст озодихоҳи воқеӣ гардад ва дар роҳи озодӣ ҳозир бошад ҳатто ҷонашро нисор кунад. Ин баъид аст. Зеро бар асоси тафсиру тавҷеҳе, ки материалистҳо ва моддигароён аз арзишҳои амалӣ мекунанд, бисёр баъид аст, ки одам озодихоҳи воқеӣ шавад.
Дар ин қисмат аз ёддошт, нигоҳе хоҳем андохт ба назарияи оқои Бертран Рассел дар ин замина. Албатта, қабл аз тарҳи назарияи Рассел, шоиста аст ёдовар шавам, ки озодихоҳӣ як арзиш аст ва ба истилоҳ, аз ақли амалӣ аст, аз “боядҳо” аст, ки инсон хоҳони он аст, дуруст мисли ин ки одам хоҳони адолат ва гурезон аз зулм аст. Усулан, аҳкоми ақл ё назарӣ аст ва ё амалӣ. Назарӣ яъне дарки чизҳое, ки “ҳаст”. Аммо амалӣ, дарки чизҳое, ки “бояд бикунем”. Озодихоҳӣ аз аҳкоми ақли амалӣ аст, яъне чизҳое, ки “бояд” бикунем.
Хуб, дар қисматҳои баъдӣ, назари Иммануил Кант ва ҳамчунин назари ҳукамои исломиро – ки дар воқеъ ҳамон назари Қуръон аст – баён хоҳам кард. Феълан, назари Бертран Рассел:
* * *
Бертран Рассел (1872-1970), файласуфи моддигарост. Ӯ, бар хилофи соири ҳамтоёнаш, дар ибрози андеша бисёр содиқ аст, китобе дорад ба номи “Ҷаҳоне, ки ман мешиносам”. Рассел дар ин китоб фаслеро ба ахлоқ яъне ҳамон ақли амалӣ ва “боядҳо” ихтисос дода.
Рассел мегӯяд: башар як мавҷудест, ки ҷабран манфиатхоҳ офарида шуда, ҷуз дар пайи суди худаш нест, ҳарфи дингароён ва ё Афлотун ва ё ҳатто Кант, ҳамааш ҳарфи холӣ аст, бовар накунед. Башар ҷуз фоида ва суди худаш чизи дигареро намехоҳад.
Мегӯяд: аз тарафи дигар, мо дар ҷомеа ба як силсила равобити некӯ ниёз дорем, ки номи онҳоро ахлоқ гузоштаем. Мегӯем: ҳуқуқи якдигарро риоят кунем, нисбат ба якдигар эҳтиром бигузорем, вазифаҳои иҷтимоии худамонро анҷом бидиҳем. Ахлоқ ҳаминҳост.
Мегӯяд: диндорон ва ё амсоли Кант мехоҳанд инро бар як асоси ғайри моддӣ қарор бидиҳанд. Рассел мегӯяд: на, балки манофеъи инсон дар риояти ҳамин умур аст. Башар ба дунболи манофеъ ва хушии худаш аст ва риояти ин умур, ба манфиати ӯст. Мегӯяд: иштибоҳ мекунӣ, ки хаёл мекунӣ агар ҳаққи дигареро поймол кунӣ, ба худат суд расондаӣ. Ин иштибоҳ аст. Мегӯяд: бояд ақл ва ҳуши башарро зиёд кард ва ба ӯ дурбинӣ дод. Одаме, ки хаёл мекунад, судаш дар поймол кардани ҳуқуқи мардум аст, ба иллати наздикбинии ӯст, пеши пояшро мебинад ва дурро намебинад.
Рассел мисол мезанад, мегӯяд: ман мумкин аст ибтидо фикр кунам, ки агар биравам гови ҳамсояро бидуздам, суди бештаре хоҳам дошт, вале вақте ба ман бифаҳмонанд, ки агар ту гови ҳамсояро бидуздӣ, ҳамсоя ҳам гови туро медуздад ва он ҳамсояи дигар ҳам шояд харатро бидуздад ва ту ба ҷойи ин ки як суд бибарӣ, сад зиён мебарӣ, равшан аст, ки дар ин сурат гови ҳамсояро намебарам, то гови маро набаранд ва ин хеле табиӣ аст.
Пас, хулоса мегирад, ки фақат бояд ба башар тезҳушӣ дод ва ба ӯ фаҳмонд, ки он чи “ахлоқ” номида мешавад, ҳамон чизҳое аст, ки суди ҳамагонро дарбар дорад.
Нақди назари Рассел:
Тибқи назари Рассел, меҳвари ахлоқ манфиатхоҳӣ аст. Яъне ман бояд рост бигӯям, чун суди ман ва манфиати ман дар рост гуфтан аст, агар дурӯғ бигӯям, афроди дигар низ ба ман дурӯғ мегӯянд. Ман бояд амин бошам, агар амонат ба харҷ надиҳам, ҳеч кас амонат ба харҷ намедиҳад ва ин сад дар сад ба зарари ман аст, пас нафъи ман дар амин будан аст.
Назарияи Рассел дар воқеъ инкори ахлоқ ба унвони як арзиш аст, чун ахлоқро манфиатхоҳӣ медонад. Ахлоқи пешниҳодии вай фоқиди қадосат аст. Сониян, ин ахлоқи пешниҳодӣ, фақат дар ҷойе нофеъ аст, ки қудратҳо баробар бошанд, мисли ҳамон мисоли ду то ҳамсоя: ман гови ҳамсояро намедуздам, чун ҳамсоя меояд гови маро медуздад. Вақте, ки ду нерӯи баробар дар муқобили якдигар қарор бигиранд, инро хуб мулоҳиза мекунанд. Аммо дар ҷойе, ки як нерӯ фавқулъода қавӣ аст ва як нерӯ заъиф ва ин нерӯи қавӣ медонад, ки он нерӯи заъиф то сад соли дигар ҳам наметавонад манофеъи ӯро бигирад, ахлоқ барои ӯ чунин иқтизое надорад. Бинобар ин, агар масалан Путин дар муқобили Бойден қарор бигирад, ахлоқ ҳукм мекунад, ки ҳам Бойден ахлоқӣ бошад, чун рақиби гарданкулуфте мисли худаш дорад ва ҳам Путин ахлоқӣ бошад, вале ҳар дуи инҳо дар муқобили миллатҳои заъиф ҳеч вақт ахлоқ иқтизо намекунад, ки ахлоқӣ бошанд, чун медонанд, ки миллатҳои заъиф то сад соли дигар ҳам қудрат надоранд манофеъи онҳоро бигиранд, балки аз аввал намегузоранд инҳо қудрат пайдо кунанд ва бинобар ин итминони хотири комил пайдо мекунанд; ва дар ин сурат ин ахлоқҳои бар асоси манфиат мисли ахлоқи Рассел ба чӣ кор меояд?! Аслан ахлоқ барои ин аст, ки ҷилави қудратмандро дар камоли қудрат бигирад. Он ки бештар қудрат дорад, ба ӯ бештар афву гузашту ғайраро талқин кунад, вагарна ахлоқе, ки бар асоси манофеъ бошад, фақат бар фарзи баробарии қудратҳо корсоз аст. Ман вақте, ки дар баробари рақибе, ки лоақал ба андозаи худам қудрату зӯр дорад қарор бигирам, ҳеч вақт қасди куштани ӯро намекунам, чун ӯ ҳам мумкин аст қасди куштани маро бикунад.
Дар бахши баъдӣ, иншоаллоҳ дар хусуси назари Иммануил Кант дар бораи ахлоқи амалӣ сӯҳбат хоҳам кард, ки то ҳадде дуруст аст, иншоаллоҳ!
Сайидюнуси Истаравшанӣ
Қаламонлайн
Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Мадинаи фозила ва мадинаи ҷоҳила
“Илми динӣ, ҷаҳони ҳастиро беҳтар тавзеҳ медиҳад” – III

Матолиби пурбоздид