“Исроил” дар садади мусаллаҳсозии Украина
Медведев – муовини Шӯрои амнияти миллии Русия ба Исроил ҳушдор додааст, ҳар гуна иқдоми ин режим дар робита бо мусаллаҳсозии Украина, алайҳи Русия, сабаби баҳам хӯрдани муносибатҳои ду кишвари Русия ва Исроил хоҳад шуд.
Лозим ба ёдоварист, ки Медведев ин ҳушдорро дар пайи он матраҳ кард, ки Начман Шай, вазири умури саҳюнистҳо дар хориҷ аз сарзаминҳои ишғолӣ, эълом карда буд, ки замони он расидааст, ки ин режим сиёсатҳояшро дар бораи ҷанги Украина иваз кунад ва аз Тел-Авив хост ҳар гуна мамнуияти ирсоли таслиҳот ба Украинаро лағв кунад.
Медведев низ дар посухи ин тасмим, гуфтааст: Ба назар мерасад, ки режими саҳюнистӣ омодаи ирсоли силоҳ барои Киев шудааст ва ин иқдом, тасмими бисёр бемулоҳиза аст ва равобити ду кишварро хароб мекунад.
Пойгоҳи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн