Истилои сарзамини мо ва паёмадҳои он

Таърих

Истилои сарзамини мо ва паёмадҳои он

Сайфуллоҳ Муллоҷон (доктори улуми торих)

Бахши аввал

Истило ё иттиҳоди ихтиёрӣ? Империяи Русия чӣ гуна ба Осиёи Миёна омад ва пайомади он чӣ буд?

Ин матлаб идомаи силсиламақолаҳо бахшида ба 100-солагии таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (1924) ва таҳлили мунсифонаи таърихи ин давра мебошад. Мақолаи навбатӣ дар бораи чӣ гуна ва барои чӣ ба минтақаи Осиёи Марказӣ омадани империяи Русия ва пайомадҳои он мебошад, ки манзури хонандагон мегардад.

Вазъи Русия ва сабабҳои лашкаркашӣ ба Осиёи Миёна

Асрҳои XVIII-XIX-и милодӣ минтақаҳо ва кишварҳои Шарқ ва ҷаҳони ислом яке паси дигар ба ишғоли кишварҳои қудратёфтаи Аврупо даромаданд. Ҳинду Чин ба доираҳои нуфузи Британия ва Фаронса шомил гардиданд. Кишварҳои арабӣ низ тадриҷан ба яке аз кишварҳои аврупоӣ вобаста шуданд. Эрон дар ҳолати нимистеъморӣ қарор дошту як кишвари заиф гардид. Имперотурии як замон қавишавкати Усмонӣ бар асари ҷангҳои бешумор бо Русияву мамолики ғарбӣ дар ибтидои қарни ХХ кишвари осебпазиру дар ҳоли фурӯпошӣ буд. Осиёи Миёна, ки охирин бор дар таркиби имперотурии Нодиршоҳ якҷо бо Эрону Ҳинд ба ҳам омаду қуввате дошт, чандпораву бечора гардид. Асри XIX Осиёи Миёна яке аз нооромтарин минтақаҳои ҷаҳон буда, мардуми он давраи душвортарини таърихи худро паси сар мекарданд.

Ҳамин вақт дар Русия низ таҳаввулоти аҷибе рух дод. Дар Ҷанги Қрим (1853-1856) ин кишвар муҳорибаро бо рақиби сесадсолааш Имперотурии Усмонӣ бохт ва вазъи дохилии он ноором гардид. Эътироз дар ҷомеаи Русия зиёд шуд ва император Александр барои раҳоии кишвар ночор ба гузарондани ислоҳот шуд. Соли 1861 қонуни раиятдорӣ (крепостное право) дар Русия лағв гардид ва ин кишвар ба марҳилаи сармоядорӣ ворид шуду кишоварзоне, ки як табақаи пойбанд буданд, озодӣ ба даст оварданд, ба шаҳрҳо сарозер гаштанд. Корхонаҳои зиёд бунёд ёфту ниёзи онҳо ба ашёи хом, аз ҷумла пахта афзун гардид.

Аммо дар ҳамин вақт кишвари асосии содиркунандаи пахта – ИМА ба давраи душвортарини таърихи худ – ҷанги шаҳрвандӣ (1861-1865) ворид шуд ва барои чанд сол паёпай истеҳсолу содироти пахтаро қатъ кард. Британияи Кабир бо фиристодани сафоратҳои бешумору ворид кардани ҷосусони худ дар Осиёи Марказӣ дунболи тасхири минтақа буд. Пас аз ҷанги якуми худ бо Афғонистон (1838-1842) Британия азми худро ҷазм кард, то кишварҳои ҳошияи Ҳинду Чинро низ зери нуфузи худ гирад.

Ҳамин тавр, се сабаби умдаи ҳамлаи Русия ба Осиёи Миёна фароҳам омад:

  1. Бо як амалиёти муваффақона дар хориҷ аз марзҳои худ Русия хост беобрӯии шикасти Ҷанги Қримро ҷуброн кунад;
  2. Ниёзи кишвараш ба пахтаро дар минтақаи тавлиди пахта бароварда созад;
  3. Нагузорад, ки Британия бо тасхири Осиёи Миёна ба марзҳои он наздик шавад.

Яъне, ниёзҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Русияро ба Осиёи Миёна кашонд. Дар ҳеч кадом аз ангезаҳои лашкаркашии русҳо ба Осиёи Миёна ҳарфе аз наҷоти мардум, беҳсозии вазъи зиндагии сокинон ва ё ба корвони тамаддуни ҷаҳонӣ ҳамроҳ кардани ин сарзамин дида намешавад. Пас, дар ҳисобу китоб ва натиҷагирӣ бояд ин воқеият мадди назар бошад.

Шамшери ҳиндӣ дар баробари тупхонаи русӣ

Ҷанг бо се кишвари Осиёи Миёна – хониҳои Хӯқанду Хива ва иморати Бухоро, барои Русия, ки бо қудратҳои ҷаҳонӣ дасту панҷа нарм мекард, кори душворе набуд. Зеро ин кишварҳо аз раванди ҷаҳонии сармоядорӣ ва рушди саноату иқтидори низомӣ ақиб монда, пайваста миёни ҳам ҷанг доштанд. Ин ҷангҳоро руҳониёни дунҳиммату бемояи ин кишварҳо “ҷанги муқаддас” ва “ҷиҳоду ғазовот” мехонданд. Ҳатто пешгоми ҳаркати ба истилоҳ маорифпарвариву таҷаддуди Осиёи Миёна Аҳмади Дониш вақте аз амир Насруллоҳ сухан ба миён меоварад, ҷангҳои ӯ алайҳи Эрони мусулмонро меситояду мегӯяд, “димор аз рӯзгори шиа” баровард.

Хонҳои Хӯқанду Хива ва амири Бухоро артиши парешону тороҷгари худро бо “шамшери буррандаи ҳиндӣ” (таъбири Саъдии Шерозӣ) муҷаҳҳаз мекарданд. Воқеияти Осиёи Миёнаи онрӯз ин буд, ки на ҳукумати дуруст дошт, на артиши ба рӯз, на руҳонияти солеҳ ва на равшанфикре, ки аъмоли ситамгаронаву зидди манофеи раиятро маҳкум кунад (Навиштаҳои Аҳмади Дониш, китоби Логофет бо номи “Кишвари беҳуқуқон”, хотироти амири Афғонистон Абдураҳмонхон ва осори Айнӣ далели гуфтаҳои моянд).

Амалиёти низомӣ ва дипломатии русҳо алайҳи давлатҳои минтақа барои тасхири Осиёи Миёна соли 1864 бо ишғоли Чимканд оғоз гардида, соли 1895 бо имзои муоҳада байни Русия ва Британия ба анҷом расид. Дар рафти амалиёти низомӣ ҳазорон нафар кушта шуда, мардуми зиёде бехонумон гардид. Ҷараёни истилои Осиёи Миёна бо ғорату чаповул ва ҷафову ситами фаровон нисбат ба мардум ҳамроҳ буд. Намунаи ҳамоқати дигари ҳокимони Осиёи Миёна ин буд, ки вақте русҳо дар фикри тасхири Тошканд буданд, амири Бухоро ба ҷойи иттиҳод бастан бо Хуқанду Хива ва истод шудан дар баробари рақиби асосӣ, дар фикри ғофилгирона ҳуҷум кардан ба яке аз ин кишварҳо буд!

Дар ҷараёни тасарруфи шаҳрҳои Тошканд, Хуҷанд ва Самарқанд аз ҷониби лашкари Русия ҳазорон нафар аз аҳолии маҳаллӣ талаф шуд. Гузоришгарони рус назири Терентев ин воқеиятро баён кардаанд. Русҳо дар ҷараёни ҷанг бартарии комил дошта, дар муддати 20 сол (1864-1884) тамоми минтақаро тасарруф карданд. Бо хонадонҳои ҳукуматгари беурзаву фосиди Осиёи Миёна қарордодҳои сулҳ ба имзо расид, ки дар тамоми он манфиатҳои Русия дар меҳвари музокирот буда, дар шартномаҳо низ сабт ёфтанд. Русия ва Британия вақте бар асоси муоҳада марзи худ рӯди Омӯро муқаррар карданд, миёни тоҷикон ду самти рӯд деворе бунёд шуд, ки ин ҳолат боиси канда шудани робитаҳои тоҷикони ду сӯйи Омӯ гашт. Зери ҳукумати ду хоҷаи бегона бо ду низоми мутафовит зистани тоҷикон (дар давоми беш аз сад сол) дар ҷаҳонбинии онҳо таъсири амиқ гузошта, авоқиби он то ҳол бартараф нашудааст.

Як нукта мавриди зикр аст: дар давраҳои заволу инҳитоҳи таърихамон мушоҳида кардаем, ки мардуми аз ситаму ҷафои ҳокимони худкома хаста, ҳукуматҳои хешро раҳо карданду мунтазири натиҷаи пайкори нобарор истоданд, то об дар куҷо қарор гирад! Яъне, мо худ муқассир будем ва иҷозат додем, ки чанд шикамбораву бекора бар мо ҳукумат кард ва кишварро муфт аз даст дод ва мулки мо тасарруф гашту мо ғорату чаповул шудем.

Идома дорад…

Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Русия дар 8 моҳ 120 бор ҳадафи ҳамлаи паҳбодӣ қарор гирифтааст
Даргузашти Низомиддин Насриддин пас аз бозгардондан ба Тоҷикистон

Матолиби пурбоздид