Истиқболи Осиёи Марказӣ аз вуруди кишварҳои аврупоӣ ба минтақа
Қазоқистон пешрав дар мусобиқаи истиқбол аз Ғарб
Ахбори минтақа
Қазоқистон эълом кардааст, ки омодаи интиқоли бахше аз зерсохтҳои стротежикии худ (22 фурудгоҳ ва ду бандар) ба бахши хусусӣ, таҳти мудирияти ширкатҳо ва сармоягузорони аврупоӣ аст.
Барои Ғарб, ки дар паи нуфуз ва тасаллут ба осиёи Марказӣ аст, тасаввури ҳадяи беҳтар аз инро наметавон кард.
Табақоти ҳоким бар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ талош мекунанд аз рӯёрӯии байни қудратҳои бузург дар минтақа суд баранд.
Таваҷҷуҳ ба ин минтақа ба унвони чаҳорроҳи коридорҳои тиҷорӣ ва манбаи маводди хоми стротежик, аз ҷумла ураниум ва маъданҳои филиззоти камёб ва бавижа ба далели иқтизооти жеополитикӣ афзоиш ёфта ва нухбагони маҳаллӣ бо самимияти зиёд бо Амрико, Иттиҳодияи Аврупо, Чин ва Русия хушрақсӣ мекунанд ва хоҳони афзоиши сармоягузорӣ дар иқтисоди худ ҳастанд.
Ба гуфтаи коршиносон, зоҳиран ба далели дарёфти ваъдаҳо ё бо шунидани таҳдидҳо, бархе аз ин кишварҳо (Осиёи Марказӣ) шурӯъ ба тамаркуз бар Ғарб кардаанд. Дар ин мусобиқаи истиқбол аз Ғарб, дар ҳоли ҳозир, Қазоқистон пешсаф шудааст.
Қаламонлайн