Кӯмаки 97 миллиард тумонии мардуми Эрон ба Ғазза
Ахбори байналмилал
Rokna
Ба гузориши сойти “Рукно”, Созмони довталабони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷ И Эрон эълом кард, ки иқдоме башардӯстона бо ҳадафи ҷамъоварии кӯмакҳои нақдӣ ба мардуми мазлуми Ғазза аз тариқи эъломи шумораи ҳисобҳои Ҳилоли Аҳмар назди бонкҳои Марказӣ ва Миллӣ аз 9-октябри соли ҷорӣ оғоз шудааст ва ҳамчунон идома дорад.
Ҳамчунин аз ибтидои фарохони расмии ин иқдом то рӯзи якшанбе (19-ноябр), афзун бар 968 миллиард риёл аз сӯйи мардуми Эрон ба шумораи ҳисобҳои расмии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмар назди бонкҳои Марказӣ ва Миллӣ вориз шудааст.
Ваҳиди Салимӣ, раиси Созмони довталабони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Ҷ И Эрон, дар гуфтугӯ бо “Рукно”, ҷузъиёти ин иқдоми башардӯстонаро ташреҳ кард.
Rokna
Қаламонлайн