Мавзегирии Кабирӣ дар баробари Русия

Ахбори минтақа

Мавзегирии Кабирӣ дар баробари Русия

Муҳиддин Кабирӣ дар Нишасти мухолифини Русия дар Варшава мавзеи худ дар баробари Русия ва даргирии ин кишвра бо Украинаро рӯшан намуд.

Соате пеш, дар шаҳраки Яблоннаи канори Варшава нишасти мухолифини рус шурӯъ шуд. Мухолифини чанд кишвари собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар он ба ҳайси меҳмон даъват шудаанд.

Яке аз нукоти муҳимме, ки ҷаноби Муҳиддин Кабирӣ ба он ишора намудаанд, ин аст, ки аз назари эшон даргирии Русия ва Украина шонсе барои сарнагун кардани ҳукуматҳои диктотурии минтақаро фароҳам сохтааст. Дар ин ҳамин маврид, аз ҷумла мегӯяд: “Мо бояд ба дарки ин бирасем, ки як шонси хубе барои сарнагун кардани режимҳои диктотурӣ дар кишварҳоямон ба даст овардаем. Ва бояд гуфт ин шонс бо мардонагиву ҷасорати укроиниҳо ба мо расид, ки шараф ба Укроин бод!”

Машруҳи ин суханронӣ ба нақл аз сомонаи Паём.net ба шарҳи зайл аст:

***

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, ки дар нишасти мухолифини рус дар Варшава яке аз аввалинҳо шуда ба минбар даъват шуд суханрониашро бо “Бисмиллоҳ“ шурӯъ кард ва аз Укроин ташаккур намуд, ки ин шонсро барои мухолифини кишварҳои Шӯравӣ оварда, то канори ҳам ҷамъ шаванд.

Раҳбари мухолифини тоҷик гуфт “Ман на ташкилкунандагон ва на ширкаткунандагонро табрик намекунам. Ҳарҷанд ҳаст чизҳое, ки барояшон мешавад табрик кард. Масалан барои қадами аввали ҷиддӣ, барои  кӯшиши бархостан аз роҳаткурсӣ ва кореро анҷом додан. Барои кӯшиши зинда сохтани умеди мардумони на танҳо Русия, балки ҳамаи кишварҳои собиқи Шӯравӣ”.

Ӯ гуфт ба ҷои суханҳои табрикӣ даъват ба андеша ва дарки “печидагии роҳ ва ҷиддияти хатаре, ки аз режимҳои диктатории қаламрави собиқ Шӯравӣ” мекунад.

“Дар ҳамин ҳол мо бояд ба дарки ин бирасем, ки як шонси хубе барои сарнагун кардани режимҳои диктотурӣ дар кишварҳоямон ба даст овардаем. Ва бояд гуфт ин шонс бо мардонагиву ҷасорати укроиниҳо ба мо расид, ки шараф ба Укроин бод!”

“Байни Душанбе ва Варшававу Киеву Маскав чанд ҳазор километр аст, аммо мо тоҷикон ба ин дарк расидаем, ки роҳи мубориза ва пирӯзии мо аз инҷо шурӯъ мешавад, аз Киеву Маскав мегузарад ва ба Душанбе мерасад. Шояд то расидан ба Душанбе аз кадом пойтахти дигари кишварҳои осиёимиёнагӣ ҳам убур кунад, мисли Остона ё Ашқобод. Ё баръакс аз Душанбе шурӯъ шаваду тавассут Остона ё Ашқобод ба Маскав бирасад”, — гуфт Кабирӣ.

Ба гуфтаи раҳбари ПМТ дар теория ҳар кадом аз мардумони кишварҳои собиқ Шӯравӣ метавонанд “бар диктотурҳои худ пирӯз шаванд ва барои озодиашон дар алоҳидагӣ мубориза баранд. Ва инро бародарони укроинӣ, гурҷӣ ва армании мо собит карданд. Аммо аз тарафи дигар таҷрибаи ин халқҳо нишон медиҳад, ки озоду мустақил будан дар танҳоӣ дар минтақаи мо бисёр хатарнок аст. То замоне, ки дар минтақа  кишварҳои бо хостаҳои импротурӣ вуҷуд доранд ва атрофи онҳо режимҳои дастнишондаву мустамликаву диктотурӣ мавҷуданд, озодӣ ва истиқлоли мо дар хатари ҳамешагӣ қарор дорад”.

Кабирӣ гуфт “мо намояндагони мардумони ОМ ба ин хотир инҷоем, ки комилан мутмаин шудем баъди Укроин ҳамин тақдир мо кишварҳои дигари минтқаро мунтазир аст. Инро ҳатто диктотурҳои минтақавии мо ҳам дарк кардаанд ва мо инро аз баромадҳову андешарониҳои онҳо эҳсос мекунем. Бисёриҳо заъфи хоҷагонашонро эҳсос кардаанд ва барои ивази онҳо ба хоҷагони нав заминагузорӣ мекунанд. Барои мисол чанде қабл ин корро Эмомалӣ Раҳмон дар Остона кард”.

Раҳбари мухолифин гуфт тоҷикон дар таҷрибаи худ ба нокоромадӣ ва адами хоҳиши Русия дар иҷро кардани ӯҳдадориҳои ба дӯш гирифтааш мутмаин шудаанд. “Русия кафили Сулҳи байнитоҷикӣ буд, ки бо амри тақдир дар Маскав имзо шудааст. Аммо вақте диктатори тоҷик бо истифода аз вазъи байналмиллалӣ Созишномаро поймол кард, ҲНИТ- тарафи дигари сулҳро манъ намуд ва раҳбарони ҳизбро ба ҳабси абад маҳкум сохт, Русия коре анҷом надод.  Гузашта аз ин дар сентябри соли ҷорӣ Русия ҳизби моро ба рӯйхати созмонҳои террористӣ ворид намуд, ки ба ақли солим ва нақши қаблии он мухолиф аст”.

Кабирӣ ба ин назар аст, ки раҳбарияти Русия тасмими ниҳоии худро гирифтааст ва “мехоҳад Иттиҳоди Шӯравиро дубора бунёд ва ҷумҳуриҳои собиқро тобеъву дастгирии дастнишондаҳояш дар манотиқро бештар кунад ва хатарноктар аз ҳама дар минтақа ҳамаи нерӯву ҳаракатҳоеро, ки барои озодиву истиқлоли давлативу миллии мардуми худ талош мекунанд, нобуд созад”.

“Мо намояндагони халқҳои собиқ Шӯравӣ ҳам интихоби худро кардем: кӯмак кардан ба Укроин, кӯмак кардан ба Русия барои ба кишвари озоду бемократӣ табдил шудан ва кӯмак кардан ба мардумони худ барои мубориза барои истиқлол ва пирӯзӣ дар ин мубориза” — эълон кард раҳбари мухолифини тоҷик.

Ӯ таъкид кард “мо инҷоем, то дар оянда аз Русияи озод ҳеҷ таҳдиде ба кишвару мардумони ҳамсоя сурат нагирад. То Русия бо шантажу таҳдид кишварҳои минтақаро ба ҳамкорӣ бо худаш маҷбур насозад, балки худи мардумон бо хоҳиши зуд ба самташ бираванд. Мо инҷоем то бигӯем, ки мардумони  собиқ Иттиҳод Шӯравӣ низ ба зиндагии шоиста, истиқлол, рушд ва озодӣ ҳақ доранд! Барои озодии мову шумо!”

Гуфтанист соате пеш дар шаҳраки Яблоннаи канори Варшава нишасти мухолифини рус шурӯъ шуд. Мухолифини чанд кишвари собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дар он ба ҳайси меҳмон даъват шудаанд.

Паймони миллии Тоҷикистонро дар ин нишаст раиси он Муҳиддин Кабирӣ ва муовини ӯ Алим Шерзамонов намояндагӣ мекунанд.

Сомонаи фарҳангӣ-иҷтимоии Қаламонлайн

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Тоҷикистон; беш аз 2000 нафар шаҳрвандони кишвар ба ДОИШ пайвастаанд
Ҳикмати рӯз

Матолиби пурбоздид