Мавлоно ва афроди зоҳирбин

Адаб

Мавлоно ва афроди зоҳирбин

Дар замони худи Мавлоно, иддае зоҳирбин ба ӯ эрод гирифтанд, ки ин ҳарфҳое, ки ту мезанӣ, як мушт достону афсона аст, калимоти бисёр содае аст, ки ҳатто баччаҳо ҳам онҳоро ба роҳатӣ фаҳм мекунанд, мо ба дунболи калимоти нағзу тоза ва гуҳарбор ва бисёр ғанӣ ҳастем. Инҳо чӣ ҳастанд, ки ту мегӯӣ?!

Ҳол, ҷавоби Мавлоно ба ин гурӯҳ:

Пеш аз он, к-ин қисса то махлас расад,

Дуду ганде омад аз аҳли ҳасад.

Ман намеранҷам аз ин, лек ин лагад

Хотири содадилеро пай канад.

Хуш баён кард он Ҳакими Ғазнавӣ

Баҳри маҳҷубон мисоли маънавӣ.

Ки зи Қуръон гар набинад ғайри қол,

Ин аҷаб набвад зи асҳоби залол.

К-аз шуъои офтоби пур зи нур,

Ғайри гармӣ менаёбад чашми кӯр.

Харбате ногоҳ аз хархонае

Сар бурун овард чун таъъонае,

К-ин сухан паст аст, яъне Маснавӣ,

Қиссаи пайғамбар асту пайравӣ.

Нест зикри баҳсу асрори баланд,

Ки давонанд авлиё он сӯ саманд.

Аз мақомоти табаттул то фано,

Поя-поя то мулоқоти Худо.

Шарҳу ҳадди ҳар мақому манзиле,

Ки ба пар з-ӯ барпарад соҳибдиле.

Чун китобуллаҳ биёмад ҳам бар он,

Инчунин таъна заданд он кофирон.

Ки асотир асту афсонай нажанд,

Нест таъмиқеву таҳқиқе баланд.

Кӯдакони хурд фаҳмаш мекунанд,

Нест ҷуз амри писанду нописанд.

Зикри Юсуф, зикри зулфи пурхамаш,

Зикри Яъқубу Зулайхову ғамаш.

Зоҳир асту ҳар касе пай мебарад,

Ку баён, ки гум шавад дар вай хирад?

Гуфт: “Агар осон намояд ин ба ту,

Инчунин осон яке сура бигӯ.

Ҷиннитону инситону аҳли кор,

Гӯ, яке оят зи ин осон биёр”.

Қаламонлайн

Паёмҳо ва хабарҳову таҳлилҳои ҷадиди моро дар Телегром пайгирӣ кунед:

https://t.me/qalamonline_net

 

Tags:

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Саргузашти босмачиҳо
Чашми хирад

Матолиби пурбоздид