Майдони ҷанг – таъйинкунандаи ниҳоист!
Ёддошти Сайид Алиакбар Бурҳонов
Ин ҷумларо шояд борҳо шунида бошед, чӣ дар маъракаҳои таърихӣ ва чӣ муосир ва ҳатто дар ҳамин ҷанги саҳюн бо Ғазза.
Мегӯянд майдон аст, ки таъйин мекунад сарнавишти ниҳоӣ чӣ хоҳад шуд! Агар танҳо ба бахше аз ҷанг нигоҳ кунем, шояд дар он бахш Ғаззаро шикастхӯрда бинему сархӯрда шавем ва дар бахши дигар шояд Ғаззаро пирӯз; аммо ин тамоми кор нест, сарнавиштро майдон бо тамоми ҷавониб ва дар тамоми замони ҷанг, таъйин хоҳад кард.
Ҳамчунин гуфта мешавад майдони ҷанг мардро аз номард таъйин мекунад ва даҳони муддаиёни пучро хоҳад баст!
Аммо ғайр аз инҳо, як чизи дигар ҳам дар майдон таъйин мешавад; он ҳам иттиҳоду ифтироқи ҳақиқист!
Агар чашмҳо ба майдон бошаду гӯшҳо ба садои майдон мутаҷҷеҳ гардад, садои иттиҳоди ҳақиқиро аз майдон хоҳем шунид, ҳамчунин садои ҷудоӣ аз нокасони берун аз майдонро низ ташхис хоҳем дод ва чеҳраи ҷудокунандаро низ хоҳем дид.
Масалан дар ҷанги феълӣ, ки дар як тараф гурӯҳи ҳалолзодагон ва дар тарафи муқобил лашкари ҳаромзодагон қарор доранд, бо таваҷҷӯҳ ба майдон мешавад дид, ки чӣ касе дар тарафи ҳалолзодагон аст ва бо Ғазза ҳампаймону муттаҳид аст, мисли Ҳизбуллоҳи Лубнон, Ансоруллоҳи Яман, Муқовимати Ироқ ва Ҷ.И.Эрон.
Ҳол то инҷо ҷамъе аз тафриқаафканон обро лойолуд карда моҳии худро мегирифтанд, масалан бо тафриқаи мазҳабӣ, ки гӯё Насруллоҳ душмани суннист ва Эрон ҳампаймони бо яҳуд!!!
Аммо дидем, ки дар миёнаи майдон хуни Насруллоҳи шиа бо хуни Ҳанийяи суннӣ бо ҳам даромехта шуд; хуни Фуод Шукру дигар фармондеҳони Ҳизбуллоҳи Лубнон, бо хуни фармондеҳони эронӣ чун Зоҳидию Нилфурӯшон бо хуни бузургони суннӣ чун Солеҳ Алъорурӣ ва дигар фармондеҳону размандагони Қассому Қудс даромехт.
Ин бор низ тафриқаафканон дубора саъй карданд, чеҳраи Сайидҳасан Насруллоҳро тахриб карда ӯро зидди суннӣ муаррифӣ кунанду, арзиши шаҳодати эшонро поин биёваранд ва боз идома дода ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроилро таҳқир карда онро бефоида хонанд!
Ҳоло садои расо ва ҷонбахши майдон, Абӯубайда ба сароҳат фарёд заду ба ҳама эълом кард, ки чӣ касоне ба дунболи иттиҳод будаанду чӣ касоне ба дунболи ифтироқу ҷудоӣ!
Эй мардуме, ки ҳилаҳои ин тафриқаафканонро мешунавед, хоҳиш мекунам майдонро нигоҳ кунед, зеро касе, ки дар майдон аст, метавонад ба дурустӣ роҳро нишон диҳад, на оне, ки дар беруни майдон, маоши худро аз ихтилоф ба даст меовараду ба дунболи ғуборолуд кардани саҳна аст!
Сӯҳбатҳои сухангӯи Алқассомро, ки аслитарин майдондори озодӣ дар Ғазза аст гӯш кунед! (Аз ҳамон домуллоҳо бихоҳед он сӯҳбатҳои Абӯубайдаро тарҷума кунанд).
Оё заррае тафовут байни Насруллоҳу Ҳанийя гузоштааст???
Оё ҳамлаи мушакии Эронро таҳқир кардааст???
Оё шиаёни муқовимати Ироқро душман хондааст???
На, ҳаргиз!
Балки Насруллоҳро фармондеҳи шаҳид хитоб мекунаду, ҳамлаи Эронро тағйирдиҳандаи муодилот ва бузургтарин ҳамла ба Исроил эълом карда, ки тарсро бар андоми саҳюн андохт ва тамоми ташаккурро аз муқовимати Яману Ироқ анҷом медиҳад!
Ин аст иттиҳоди ҳақиқӣ!
Ҳар ҳарфе, ки ғайр аз ин шунидед, хусусан аз забони чанд хатиби фейсбукӣ ҳам агар буд, бисанҷед, ки оё Абӯубайдаро таъйид мекунад? Агар зидди сӯҳбатҳои ӯ буд, пас ба дунболи нифоқу тафриқа аст!
Сайид Алиакбар Бурҳонов
Қаламонлайн