Манобеи амниятии урупоӣ: “Дар амалиёти Ҳизбуллоҳ, 22 низомии исроилӣ кушта ва 74 низомӣ захмӣ шуданд”

Манобеи амниятии урупоӣ: “Дар амалиёти Ҳизбуллоҳ, 22 низомии исроилӣ кушта ва 74 низомӣ захмӣ шуданд”

Ахбори байналмилал

Шабакаи хабарии Алмаёдин, ба нақл аз манобеи амниятии урупоӣ гузориш дод, ки дар амалиёти “Арбаин”-и Ҳизбуллоҳ алайҳи “Ягони амниятии 8200”-и Исроил, 22 низомии саҳюнист кушта шудаанд.

Ба гузориши Алмаёдин, манобеи амниятии урупоӣ фош карданд, ки ҳамлае, ки ҷунбиши Ҳизбуллоҳи Лубнон ба “Ягони амниятии 8200”-и артиши режими саҳюнистӣ дар пойгоҳи Галилот анҷом дод, бо муваффақияти бисёр боло сурат гирифтааст.

Ин манобеъ бо таъкид бар ин ки ҳамлаи мазкур ба кушта ва захмӣ шудани шумори зиёде аз исроилиҳо мунҷар шудааст, гуфтанд: “Дар пайи ин ҳамла, 22 нафар аз нерӯҳои ягони иттилоотии Исроил дар “Ягони амениятии 8200” кушта ва 74 нафар низ захмӣ шуданд.”

Ин дар ҳолест, ки расонаҳои режими саҳюнисти рӯзи панҷшанбе эълом карданд, ки фармондеҳи “Ягони амниятии 8200”-и артиши режими саҳюнистӣ имрӯз истеъфои худро эълом кардааст.

Пеш тар низ манобеъи мувассақе ба Алмаёдин гуфта буданд, ки Ҳизбуллоҳ дар амалиёти “Рӯзи арбаъин” муваффақ шуд, бо қатъият ба “Ягони амниятии 8200” бирасад ва онро ҳадаф қарор диҳад; амалиёте, ки дар посух ба терури фармондеҳи аршади муқовамат Фуод Шукр анҷом гирифт.”

Ин манобеъ бо ишора ба ин ки ҳаддиақал 6 паҳподи партобшуда тавассути муқовимати исломӣ дар Лубнон муваффақ ба нуфуз ба падофанди ҳавоии режими саҳюнистӣ шуданд, таъкид карданд: “Ба таври комил таъйид шудааст, ки 6 паҳпод бо диққати болое ба аҳдофи худ дар дохили пойгоҳи Галилот воқеъ дар умқи сарзаминҳои ишғолӣ дар наздики Телавив исобат кардаанд.

Илова бар ин, манобеъ ба Алмаёдин гуфтаанд, ки ишғолгарон пас аз амалиёт, як ҳалқаи амниятии шадид дар атрофи пойгоҳ ба умқи чандин километр эҷод кардаанд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, ин ҳалқаи амниятии шадид чанд соат ба тӯл анҷомидааст ба тавре, ки “кормандони низомӣ ва ғайринизомӣ ба таври яксон аз наздик шудан ё вуруд ба пойгоҳ манъ шуданд”.

Манобеъ ҳамчунин ба Алмаёдин таъкид карданд: “Амалиёти “Рӯзи арбаъин” бо вуҷуди сукути комил, амниятӣ, низомӣ ва расонаии Исроил, муваффақиятомез будааст ба гунае, ки ҷойи ҳеч тардиде барои Ҳизбуллоҳ боқӣ намонд.”

Ин дар ҳолест, ки Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, соатҳое пас аз иҷрои амалиёти “Рӯзи арбаъин” фош кард, ки ҳадафи аввал барои посух ба терур ва шаҳодати теъдоде аз ғайринизомиён дар ҷануби Бейрут, пойгоҳи Галилот вобаста ба “Ягони амниятии 8200”-и Исроил дар наздики Телавив буд. Ҳадафи дуввуми ин амалиёт, пойгоҳи падофанди ҳавоии “Айншемр” буд, ки дар 75 километрии Лубнон ва 40 километрии Телавив қарор дорад.

Сайидҳасан Насруллоҳ таъкид кард: “Теъдоди қобили таваҷҷӯҳе аз паҳподҳо ба ин 2 ҳадаф расиданд, дар ҳоле, ки ишғолгарон ин мавзӯъро махфӣ нигаҳ медоранд, аммо рӯзҳо ва шабҳо ҳастанд, ки ҳақиқати моҷароро ошкор мекунанд.”

Қаламонлайн

 

Tags: ,

Матоолиби пешниҳодӣ барои Шумо

 

Даҳ гуфтор – 11
Падидаи нодири нуҷумӣ, ки бори аввал Ибни Сино мушоҳида карда буд

Матолиби пурбоздид